Бахшҳо

“Пас аз сари Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода мо пири маънавӣ надорем...”

15-уми апрел аз зодрӯзи яке аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик, Садриддин Айнӣ бино ба асноди расмӣ 139 ва бино ба таъкиди худи устод дар “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам” 142 сол мегузарад. Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: ОЁ ИМРӮЗ БА ВУҶУДИ ШАХСИЯТЕ ЧУН УСТОД АЙНӢ ЗАРУРАТ ДОРЕМ?

Шарифмурод ИСРОФИЛНИЁ, директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, адабиётшинос
Беш аз ҳар замоне имрӯз ба шахсиятҳои миллатсозе чун устод Айнӣ ниёз дорем. Дониста бошем ва ба гӯши ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ расонем, ки мо барои ин Ватан, ин забон, ин фарҳанг назди руҳи пурфутуҳи устод Айнӣ вомдорем. Он бузургвор буд, ки ба гӯши роҳбарони тоҷики пантуркистшуда, чун Абдулло Раҳимбоеву Файзулло Хоҷаев, Фитрат ва ҳатто Мунзим талқин кард, ки тоҷик ҳастанду Мовароуннаҳру Хуросон ватани аҷдодони тоҷикон аст. Дар сад соли охир ҳеч як алломае монанди устод Айнӣ дар фарҳанги миллат ба майдон наомад. Тамоми дастовардҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангии мо дар даврони Шӯравӣ бо номи ин аллома пайванд дорад. Мактаби адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, луғатнигорӣ, таърихнигорӣ.. ҳама аз мактаби устод Айнӣ сарчашма мегирад. Айнӣ шиносномаи миллати точик аст ва ба ин нукта ҳеч шакке нест!

Рустам ВАҲҲОБ, сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ”, адабиётшинос
Ба вуҷуди устод Айнӣ ҳамеша ниёз дорем ва хоҳем дошт. Осори Айнӣ имрӯз ҳам ба суди миллати мо кор мекунад ва мутолиаву таъбиру тафсир ва истифодаи саҳеҳу олимона ва муносиби ҳоли ин осор ҳузури бобаракати устод Айниро дар ҷомиаи имрӯзи мо таъмин менамояд.

Қодири РУСТАМ, нависанда ва адабиётшинос
Бузургоне чун Айнӣ такрор намешаванд. Айнӣ барои он Айнӣ шуд, ки ба касе шабеҳ нест ва барои зуҳури нобиға ҳамеша ду омил бояд хузур дошта бошад: якеш омили инфиродӣ, яъне шахс худ хешро месозад, эҷод мекунад, ба дунё меоварад, дигар омили иҷтимоӣ, ки баста ба муҳит ва замон аст. Яъне, барои он ки нобиғае чун Айнӣ зуҳур ёбад, ин ду омилро надорам. Аммо ба маънии густардатар ва амиқтар, мо воқеан ба шахсе чун Айнӣ, ки пири миллат бошад, мардум сарфи назар аз ихтилофи назарҳояшон ва ҳама дигар ихтилофҳои минтакаӣ, синну солӣ ва ҷинсиашон ба ӯ эътимод дошта бошанд ва ин Мард барояшон эътибори маънавӣ дошта бошад, сахт ниёзманд ҳастем. Чунин пирони маънавӣ барои миллати мо пас аз сари Айнӣ Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода буданд... Ва пас аз сари инҳо мо чунин пири маънавӣ надорем ва ин амрро ман яке аз сабабҳои фоҷиае медонам, ки ба сари миллатамон омад...

Салим АЮБЗОД, адиб ва рӯзноманигор
Ҳатман ба як Айнии навине ниёзи шадид ҳаст, зеро миллат давраи хеле сахти эҳёро ба сар мебарад. Зимнан, афроде ҳам дорем, ки метавон онҳоро пайрав ва ҷойгузини Айнӣ шумурд. Вале фаромӯш накунем, Айниро на танҳо давраи душвори растохези миллӣ, балки саромадон ва ҳамсафарони муайяне Айнӣ карданд. Аз ҷумла раҳбари вақти кишвар Бобоҷон Ғафуров барои Айнӣ шароитеро фароҳам овард, ки бишкуфад. Онки рӯшанфикрон ҳатто солҳои зиёде баъд аз сари Ғафуров ба вазъи мамлакат ва қудрати сиёсӣ кам ё беш таъсире доштанд, хидмати шоистаи муаллифи зиндаёди “Тоҷикон” аст. Миллатро бе зиёиёни озодандеш, донишманд ва озодаву озодбаён, бе рушди илму фарҳангу адабу ҳунар сохтан номумкин аст. Чунин вазифаро маҳз Айнии нав, Турсунзодаи нав, Улуғзодаи нав ва афроде монанди онҳо иҷро карда метавонанд. Барои сар бардоштани чунин афрод фазои муносиб зарур аст. Шигифто, ки Айнӣ тавонист, дар буҳбуҳаи низоми саркӯбгаронаи шӯравӣ корҳои бузургеро анҷом диҳад, вале дар давраи истиқлолияти кишвар, ки бояд фазо ва пуштибониии ба маротиб беҳтаре барои чунин чеҳра вуҷуд дошта бошад, муҳайё нест.

Иршод СУЛАЙМОНӢ, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон”
Замоне устод Айнӣ дар мақолаи маъруфи худ “Сайфу қалам” навишта буд: “Дар олами маданият ду қувват аст, ки таъмини ҳуқуқи бани башар бе воситаи ин ду мумкин нест. Ин ду қувват сайф ва қалам аст. Дар як ҳайати иҷтимоӣ агар “сайф” (шамшер) ба манзалаи ҷисм бошад, “қалам” ба масобаи ҷон аст. Ҳамчунон бе ҷисму ҷон одамӣ дар хориҷ вуҷуд надорад, инчунин ҳайати иҷтимоия, ки бе сайфу қалам аст, дар олами маданият гуё вуҷуд надорад”.

Манзури устод Айнӣ аз “сайф” ва “қалам” қудрат ва дониш буд. Ду арзише, ки имрӯз мо ба он аз замони Айнӣ бештар ниёз дорем. Вале барои доштани ин ду мо ба шахсиятҳое чун Айнӣ ниёз дорем, ки битавонанд бо худафрӯзӣ ва азхудгузаштагӣ дониш ва қудрати моро таъмин кунанд. Имрӯз мо ба Айнӣ ва шахсиятҳое чун эшон ба масобаи сайфу қалам ниёз дорем. Айнӣ ба манзалаи дониш ва қудрат, ки бо таассуф миллати мо ин дуро кам дорад. Аз лиҳози надоштани дониш ва қудрат феълан, мо хеле ақиб уфтодаем ва шӯрбахтона муҳити мо ба гунае шакл гирифтааст, ки муҳити айнипарвар нест.
Айнӣ самбули шахсиятсозии худ ба худ аст. Ӯ бо вуҷуди ин ки як ятим буд, вале дар замони тангу тори манғитҳои Бухоро, дар замони ҷаҳолатҳои қудратхоҳии Инглису Русия бар сари Бухоро (ва Шарқ) худ ба худ дониш омӯхт, қудрат пайдо кард ва ба масобаи яке аз бузургтарин шахсиятҳои замони худ расид, ки мо имрӯз ифтихори доштани чунин як донишмандро мекунем. Айнӣ бо шахсиятсозии худ ба худ намоди талошу муборизае гашт, ки инсон метавонад бо роҳи омӯзиш ва дониш ба қуллаи ифтихор ва маниш бирасад. Шахсиятсозии худ ба худи Айнӣ танҳо ба худи ӯ фоида надошт, балки ин василаи шахсиятсозӣ ба нафъи миллӣ буд. Ҳоло тасаввури ин нукта бисёр душвор аст, ки агар мо дар девонагиҳои оғози асри гузашта Айниро намедоштем миллати мо дар муқобили болшавизму понтуркизми тоҷиккуш чӣ қадар қурбонӣ медошт ва чӣ қадар аз шаҳомату дороии миллиро мебохт. Айни шахсияти худро худ сохт ва чун муҳите мусоид шуд дониш ва қудрати ӯ ба нафъи миллат кор дод.

Миллати мо бидуни шахсиятҳои чун Айнӣ пешрафт намекунад. Агар ҳазорон вазиру мушовиру раису ректорро ҳам унвони академикӣ бидеҳем, миллати мо муқтадиру донишдор намешавад. Академик бояд дар батни ҷомеаи донишбунёд парварда шавад, на ин ки дар муҳитҳои сиёсӣ ва маҳаллӣ. Мо бе паймудани роҳи шахсиятҳое чун Айнӣ, бе эҳтиром қоил нашудан дар баробари дониш ва қудрати илм, бе даст накашидан аз парадигмаҳои сиёсии нокоро ва муҳиткуш наметавонем ба орзу ва ормонҳое, ки мепарварем бирасем. Ба гуфти аллома Айнӣ “агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба иборати кӯтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем, бояд ки фурсат нагузаронда, чанг ба домони сайфу қалам занем”.
Мӯҳр
кулоби
бе мух,обот устод Айни падари Точ,икистони имруза аст ва мо албаттаки,ба чунин як шахси (афсус) нотакрор эх,тиёч, дорем...

О чаро дуруг мегуеду чанг ба руи худу миллати бофарханги точик мепошед. Гузаштаро кадр ва имрузаро бояд ситоишу ташвик намуд. На ба онхое, ки худро "АКАДЕМИК" мешуморанду барои пешравии миллат коре ва асари арзишманде пешниход накардаанд. Ба чуз лаганбардорй.
Мисол аз он бузургони имруза. Муъмин Каноат дар вокеъ пири маъонии имрузи халку давлати точику точикон аст. Як СУРУШаш дунёро ба суруш овард. Суханхои фалсафию мондагораш имрузу оянда аз он лжиакадемикхои мо болост. Бокй казоват бар шумост.


Точик
Ба Ватандор. Мумин Каноат ба Айни баробар намешавад ва баробар кардан мумкин нест. Мисли М. Каноат имруз шоирону нависандагон кам нестанд аз у болотар хам хастанд.

Бгу Нагуевич
Дорем чаро надорем Бобои Файз.

Ханчар
Бародарон,

Бутсози чи лозим? Айни конкретно чи кор кардааст, гайр аз навиштани се-чор асари шаклан милливу мазмунан социалисти, ки онхоро ин рузхо касе намехонад? Мо дини Ислом дорем, хамин аст маънавиети мо.

Ба кулоби,

Падари Точикистони имруза Сталин аст, ки чумхурии Точикистонро барпо намуд.

бекичон
чаро Лохути дар ин катор нест

Кулоби
Ба фикрам аз бокимондаи авлоди чингизи хасти ва е дар бораи Устод Айни чизе намедони ва аз ислом гап назан ки алакай аз ахли ислом дур шуди .Айни шахсе ки точиконро бо далелу исбот аз туркхои чингизи чудо карда пояи Ин давлатро гузошт.Айни шахснест ки аз олами ислом бохабар буд.ва то хаде Пеши рохи куштори саросари хатмкардагони мадрасахои Бухорою Самарканду дигар шахрхоро гирифтанист ва Кариб буд курбонии Ин система гардад .Поятро хафт бор ба курпа Чен карда бад гап зан Рафик Ханчар то Боз ханчарат кунд нашавад .Ту кисти Устод Айни кист.як казоват кун

Иршод СУЛАЙМОНӢ, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон”
Замоне устод Айнӣ дар мақолаи маъруфи худ “Сайфу қалам” навишта буд: “Дар олами маданият ду қувват аст, ки таъмини ҳуқуқи бани башар бе воситаи ин ду мумкин нест. Ин ду қувват сайф ва қалам аст. Дар як ҳайати иҷтимоӣ агар “сайф” (шамшер) ба манзалаи ҷисм бошад, “қалам” ба масобаи ҷон аст. Ҳамчунон бе ҷисму ҷон одамӣ дар хориҷ вуҷуд надорад, инчунин ҳайати иҷтимоия, ки бе сайфу қалам аст, дар олами маданият гуё вуҷуд надорад”.

Манзури устод Айнӣ аз “сайф” ва “қалам” қудрат ва дониш буд. Ду арзише, ки имрӯз мо ба он аз замони Айнӣ бештар ниёз дорем. Вале барои доштани ин ду мо ба шахсиятҳое чун Айнӣ ниёз дорем, ки битавонанд бо худафрӯзӣ ва азхудгузаштагӣ дониш ва қудрати моро таъмин кунанд. Имрӯз мо ба Айнӣ ва шахсиятҳое чун эшон ба масобаи сайфу қалам ниёз дорем. Айнӣ ба манзалаи дониш ва қудрат, ки бо таассуф миллати мо ин дуро кам дорад. Аз лиҳози надоштани дониш ва қудрат феълан, мо хеле ақиб уфтодаем ва шӯрбахтона муҳити мо ба гунае шакл гирифтааст, ки муҳити айнипарвар нест.
Айнӣ самбули шахсиятсозии худ ба худ аст. Ӯ бо вуҷуди ин ки як ятим буд, вале дар замони тангу тори манғитҳои Бухоро, дар замони ҷаҳолатҳои қудратхоҳии Инглису Русия бар сари Бухоро (ва Шарқ) худ ба худ дониш омӯхт, қудрат пайдо кард ва ба масобаи яке аз бузургтарин шахсиятҳои замони худ расид, ки мо имрӯз ифтихори доштани чунин як донишмандро мекунем. Айнӣ бо шахсиятсозии худ ба худ намоди талошу муборизае гашт, ки инсон метавонад бо роҳи омӯзиш ва дониш ба қуллаи ифтихор ва маниш бирасад. Шахсиятсозии худ ба худи Айнӣ танҳо ба худи ӯ фоида надошт, балки ин василаи шахсиятсозӣ ба нафъи миллӣ буд. Ҳоло тасаввури ин нукта бисёр душвор аст, ки агар мо дар девонагиҳои оғози асри гузашта Айниро намедоштем миллати мо дар муқобили болшавизму понтуркизми тоҷиккуш чӣ қадар қурбонӣ медошт ва чӣ қадар аз шаҳомату дороии миллиро мебохт. Айни шахсияти худро худ сохт ва чун муҳите мусоид шуд дониш ва қудрати ӯ ба нафъи миллат кор дод.

Миллати мо бидуни шахсиятҳои чун Айнӣ пешрафт намекунад. Агар ҳазорон вазиру мушовиру раису ректорро ҳам унвони академикӣ бидеҳем, миллати мо муқтадиру донишдор намешавад. Академик бояд дар батни ҷомеаи донишбунёд парварда шавад, на ин ки дар муҳитҳои сиёсӣ ва маҳаллӣ. Мо бе паймудани роҳи шахсиятҳое чун Айнӣ, бе эҳтиром қоил нашудан дар баробари дониш ва қудрати илм, бе даст накашидан аз парадигмаҳои сиёсии нокоро ва муҳиткуш наметавонем ба орзу ва ормонҳое, ки мепарварем бирасем. Ба гуфти аллома Айнӣ “агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба иборати кӯтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем, бояд ки фурсат нагузаронда, чанг ба домони сайфу қалам занем”.

Ришод
Ман як суол дорам аз он ҳама нафароне,ки дар қолаби бузургнамоии хоси "бузургон"- у "авлиё" - и бутпарасти мо, дар қаламрави ифроту тафрит замингир шудаанд. Оё агар АЙНӢ ХОРИҶ АЗ батни низоми шӯравӣ кору зиндагӣ мекард, Шумо ҳозир будед Ӯро бемислу монанд шуморед???. Барои мисол, Баҳор шоъири воқеан камназиру бузург дар Эрон буд, медонед, ки Содиқи Ҳидоят як нависандаи абъоди ҷахонӣ буд ва имрӯз ҳам дар аксои олам ҳар куҷо форсизабоне ҳаст, " Буфи кур" - уро мехонад. Вале чиро бардарони эронӣ чун мо тоҷикон побанди ифроту тафрит аз ин ду шахси бузургу маъруф бут наметарошанд ва намегӯянд Баҳор беназир аст, Содиқ Ҳидоят бемисл аст?
ин миллат аст

Dorem
Chashmroo kushoied ba isu usu nigoh kuned puray!!!!!!!!!

беном
Ба устод Айни касе баробар шуда наметавонад ва то ҳол таваллуд нашудааст

Оиди манзалат ва макоми Устод Айни донишманде хеле оли фармудааст:

УМРИ АЙНИ АЗ БАРОИ ХАЛК САРФИ ХОМА ШУД,
ХАЛКИ МОРО ДАФТАРИ АЙНИ ШАХОДАТНОМА ШУД!!!

Аз Душанбе
Ба Ришод агар хамон Бахору Хидоят хам мебуданд бояд хеле солхо аз тачрибаи Айни ибрат мегирифтанд хар як эронии ватандуст онхоро бузург ва сатхи чахони медонад агар назди камтар гулувгу ва муболигачухояш биншини мисли Хидоят нест мегуяд ту ай кадом тахи санг гелиди ки бо харф мезани дар он шароите ки Айни зиндаги мекард ( албатта ранчхои Бахор ва Хидоят хам бешумор будааст) хар инсон наметавонист корхои бузурги уро ки ба чашми мисли ту мисли хор менамояд намедонам чаро ки онро бояд бо як равоншиноси хуб нишаста машварат куни. бо як калима метавон гуфт ки шумохо махалгароён ки хамаи бору буди таърихатон аз Самарканду Бухоро хасту буд ба хотири Бухорои буданаш оби дарёи устод Айниро бо дахони касифатон мехохед олоед ки ин нашуданист агар Айни аз кишлоки худат мебуд ин харфро намезади

Кулоби
Бародар Ришод Фаромуш накун ки Ирон имруз Хато Аз Фирдавсию бузург даст кашидаанд истодааст .Ва Ин сиесати имрузи Ин кишвар аст вале набояд мо чунин рафтори кунем .Оне ки Барои Ин миллат Сина сипар кардааст ситоишаш кунему арч гузорем вагарна мо онда ба манкурт табдил мегардем .Дар бузургии Ин миллат чизе намонд хамон Айни хаст ки мо бо ифтихор моли асли худ медонем .Хар гуна сани хавододаат Ин ба сари Ин миллат аст .Хеч гох бузургонро паст назан ва дигар Ирон хеч гох сунихоро ки бузургии дунеи фоси хастанд хуш надорад .Инаст чавоб ба саводи Ту.

кулоби
ташаккур ба Бародароне ,ки хотири устоди азиз Айниро пос медоранд. мо метавонем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)