Дар ин бора вакили Парлумони Аврупо Элизабет Йеггле зимни мулоқоташ бо сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев иброз дошт. Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз қароргоҳи сафорати ҶТ дар ИА иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур дурнамои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Манбаъ афзуд, дипломати тоҷик таваҷҷўҳи мусоҳибро ба маълумоти паҳннамудаи агентии иттилоотии CA-NEWS (UZ), бо ишора бо агентии иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон, ки гӯё зимни вохўрӣ бо экологони Ӯзбакистон дар Брюссел 29 ноябри соли ҷорӣ ў мавқеи Ӯзбакистонро оид ба ғайрисалоҳ будани сохтмони НОБ-и Роғун дастгирӣ намуда аст, равона сохт.
Ҳамзамон, вакили Парлумони Аврупо Элизабет Йеггле ин маълумотро рад намуда, изҳор кард, ки маълумоти паҳннамудаи ҷониби Ӯзбакистон оид ба мавқеи ў нисбати НОБ-и Роғун ҳақиқати воқеӣ надорад. Ӯ таъкид намуд, ки дар вохўрӣ бо экологони Ӯзбакистон даъват кардааст, ки бояд мунтазири хулосаи ташхиси НОБ-и Роғун аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ шавем.Элизабет Йеггле афзуд, ки ӯ ҳеч гоҳ зидди сохтмони НОБ-и Роғун баромад накардааст. Вакили Парлумони Аврупо илова кард, ки давоми соли равон Ӯзбакистон барои дуввумин маротиба мавқеи ўро оид ба масъалаи сохтмони НОБ-и Роғун таҳриф намудааст. Дар интиҳо, Элизабет Йеггле аз сафири Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки мавқеи расмии ў оид ба сохтмони НОБ-и Роғунро ба ҳукумати Тоҷикистон тавассути ВАО ба сокинони кишвар ироа намоянд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |