Бахшҳо
15 дек 2011 09:01Гузориш

Ман зидди бунёди НБО-и Роғун нестам...

Вакили Парлумони Иттиҳоди Аврупо иттиллои Ӯзбакистонро бепоя хонд.

“Маълумоти паҳннамудаи ҷониби Ӯзбакистон, ки гӯё ман зидди сохтмони НОБ-и Роғун бошам, ҳақиқати воқеӣ надорад”. Дар ин бора  вакили Парлумони Аврупо Элизабет Йеггле зимни мулоқоташ бо сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев иброз дошт. Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз ВКХ иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур дурнамои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ афзуд, дипломати тоҷик таваҷҷўҳи мусоҳибро ба маълумоти паҳннамудаи агентии иттилоотии CA-NEWS (UZ), бо ишора бо агентии иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон, ки гӯё зимни вохўрӣ бо экологони Ӯзбакистон дар Брюссел 29 ноябри соли ҷорӣ ў мавқеи Ӯзбакистонро оид ба ғайрисалоҳ будани сохтмони НОБ-и Роғун дастгирӣ намуда аст, равона сохт.

Ҳамзамон, вакили Парлумони Аврупо Элизабет Йеггле ин маълумотро рад намуда, изҳор кард, ки маълумоти паҳннамудаи ҷониби Ӯзбакистон  оид ба мавқеи ў нисбати НОБ-и Роғун ҳақиқати воқеӣ надорад. Ӯ таъкид намуд, ки дар вохўрӣ бо экологони Ӯзбакистон даъват кардааст, ки бояд мунтазири хулосаи ташхиси НОБ-и Роғун аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ шавем.Элизабет Йеггле афзуд, ки ӯ ҳеч гоҳ зидди сохтмони НОБ-и Роғун баромад накардааст. Вакили Парлумони Аврупо илова кард, ки давоми соли равон Ӯзбакистон барои дуввумин маротиба мавқеи ўро оид ба масъалаи сохтмони НОБ-и Роғун таҳриф намудааст. Дар интиҳо, Элизабет Йеггле аз сафири Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки мавқеи расмии ў оид ба сохтмони НОБ-и Роғунро ба ҳукумати Тоҷикистон   тавассути ВАО ба сокинони кишвар ироа намоянд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)