Бахшҳо

Адвокати рус: Талош мекунам, омилони латту кӯби муҳоҷирони тоҷик муҷозот шаванд

Як вакили дифоъ дар Русия ҳимояи ду шаҳрванди Тоҷикистонро бар зима гирифтааст, ки гуфта мешавад аз сӯи кормандони пулис мавриди латту кӯби бераҳмона қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи адвокат Дагир Хасавов, муҳоҷирони тоҷик Абдусамад Маҳмадалиев ва Муҳаммадшариф Давлатзода моҳи феврали соли равон дар ҳолати вазнин ба беморхона оварда шуданд. Ба гуфтаи ӯ, кормандони пулиси Шӯъбаи корҳои дохилии “Сокольники”-и шаҳри Маскав ин ду муҳоҷирро мавриди шиканҷа қарор додаанд, то дуздиеро ба гардан бигиранд, ки анҷом надодаанд.

“18 феврал давоми ду рӯз ин ду тоҷикро пулиси рус ба барқ монда, бо ҳаргуна асбобҳо шиканҷа кардаанд. Вақти латту кӯб дастони онҳо баста будааст. Муҳоҷирон, ки ҷинояти дӯздиро накарда буданд, гуноҳро ба гардан намегиранд. Баъди беҳуш шудани тоҷикон пулиси рус аз тарс мошини Ёрии таъҷилиро даъват карда, онҳо ба беморхона интиқол медиҳанд”,-гуфт Хасавов дар суҳбат бо “Озодагон”.

Вай афзуд, баъди ба ҳуш омадан ин муҳоҷирон ба Шӯъбаи пулис, додситонӣ ва чанд мақомоти дахлдор муроҷиат кардаанд, вале касе шикояти онҳоро баррасӣ накардааст: “Вақте онҳо барои гузоштани намоз ба масҷид мераванд, он ҷо бо яке аз адвокатҳо вохӯрда, ҳодисаро нақл мекунанд. Бори дигар муҳоҷирон ҳамроҳ бо ин вакили дифоъ ба Кумитаи тафтишотӣ ва Додгоҳи Русия аризаи шикоятӣ менависанд, вале ин бор ҳам додашонро касе намешунавад. Баъди ин онҳо барои кумаки ҳуқуқӣ ба ман муроҷиат карданд”.

Дагир Хасавов мегӯяд, ӯ нисбати тоҷикон эҳтироми зиёд қоил аст, аз ин хотир розӣ шуд, ки муҳоҷирони ҷабрдидаро ҳимоят кунад: “Мо ҳатман ин қазияро пайгирӣ карда, дар расонаҳои федералӣ низ матлабҳо нашр хоҳем кард. Худо хоҳад, шахсан худам ин муҳоҷиронро ҳимоя карда, талош менамоям, онҳоеро, ки дар шиканҷа даст доранд, аз мақомашон барканор шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.

Акс аз саҳифаи фейсбуки Дагир Хасавов
Мӯҳр
Лату кӯбу шиканҷа усули дерина ва санҷидашудаи милисаҳо аст, ку? Ҳоло ҳам он милисаҳо скори ҷеғ зада, хеле одамгарӣ кадаанд. Ҳамин ҳолатро дар ТҶ тасаввур кунед... Бовар доред, ки милисаҳои мо скори ҷеғ мезананд? Тайи ин солҳо чанд бор дастгиршудагон дар милисахонаҳои ТҶ ҷони худро аз даст додаанд?

Дониёр
Сад чахон ташаккур ба чаноби Дагирхон. Ба пеш Шумо иншоллох муваффак мешавед то ин точикони азяткашидаро химоя кунед ва гунахкоронро ба чавобгари кашед!!!!

Дониёр,
Барои тоҷикони азияткашидаро ҳимоя кардан, бояд ҳамаи онҳоро аз Русия баргардонда, дар Ватан бо кор ва маоши муносиб таъмин кард. То даме тоҷикон дар Русия ҳастанд, ҳаёти онҳо ҳар лаҳза зери хатар хоҳад буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)