Бахшҳо

Сулаймонзода сохтакорӣ будани ташхиси “Био Папа”-ро рад кард

Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био-Папа"-и шаҳри Маскав дар парвандаи Зайд Саидовро беасос хондааст.

Султонзода дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ баён доштааст, ки гурӯҳи махсуси тафтишотӣ парвандаи кормандони боздоштшудаи ин ниҳодро таҳқиқ дорад. Раиси Оҷонсӣ инчунин афзудааст, ки пайдо кардани 35 миллион доллар аз хонаи модари Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раҳбари ин ниҳод, 1,3 миллион доллар ва 6 кило тилло аз манзили истиқоматии сардори пешини Раёсати тафтишот Фирӯз Холмуродзода, халтаҳои пури пулу тилло ва сангҳои қиматбаҳо аз бункери муфаттиши калон Фирдавс Ниёзбадалов ва сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био-Папа"-и шаҳри Маскав дар парвандаи Зайд Саидовро асоси воқеӣ надоранд.

Сулаймонзода сохтакорӣ будани ташхиси “Био Папа”-ро рад кард


Раддияи Султонзода дар мавриди сохтакорӣ будани ташхиси озмоишгоҳи “Био Папа”-и Маскав дар ҳолест, ки қаблан сомонаи “Ахбор” аз қавли манобеяш навишт, ба зидди Фирӯз Холмуродзода, сардори собиқи раёсати тафтишоти Агентии мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо парвандаи нав кушодаанд. Ба навиштаи “Ахбор” Холмуродзода ба сохтани ҳуҷҷатҳо бардурӯғ дар парвандаи соҳибкори маъруф Зайд Саидов айбдор мешавад: Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, рӯзи 19 майи соли 2013, дар дохили ҳавопаймои "Сомон Эйр”, ки аз Франкфурти Олмон меомад, дастгир шуд. Дар моҳи декабри ҳамон сол Додгоҳи олии Тоҷикистон дар як мурофиаи пушти дарҳои баста Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум карда, дар тобистони соли 2015 бо баргузории боз як мурофиаи дигари пушти дарҳои баста ҳукми ӯро ба 29 сол расонд.

22 сол аз ин 29 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов бо ҷурми таҷовуз ба номус буд. Моҳира Бобораҷабова, ки ҷабрдида муаррифӣ мешуд, ҳамчунин даъво карда буд, ки аз Зайд Саидов писар таваллуд кардааст.

Гурӯҳи тафтишотӣ, ки ба он Фирӯз Холмуродзода раҳбарӣ мекард, ба додгоҳ ҳамчун санади расмӣ натиҷаҳои ташхиси ДНК-и Зайд Саидов ва ин кӯдакро, ки дар ташхисгоҳи "Био Папа”-и шаҳри Маскав анҷом шудааст, ироа кард. Бар асоси ин ҳуҷҷат, Зайд Саидов падари ин кӯдак хонда мешуд.

Аммо вакили мудофеи Зайд Саидов – Исҳоқ Табаров – ба Маскав, ба ин ташхисгоҳи "Био Папа” рафта, аз онҳо санади расмӣ овард, ки комилан мухолифи санади супурда тафтишот буд. Дар санади асли "Био Папа” эҳтимоли падари хунии кӯдаки Моҳира Бобораҷабова будани Зайд Саидов баробари сифр дониста шудааст.

“Ахбор” навиштааст, бо вуҷуди ошкор шудани ин мавриди сохтакории ҳуҷҷатҳо дар соли 2013, то кунун касе барои он ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.
Мӯҳр
Номдор
Акаи Сулаймон ягон фишор додан боз интараф гап мезани хакикат рузе меброяд барои хамин ба шубха дода нашуда хакикатро гуфтан лозим

Дигар ба хеч чизу хеч кас бовар намондааст.

1
Хеле содаед, Холмуродзода дар казияи Зайд хеч кореро аз пеши худ накардааст, бахусус сохтакори дар "Био-папа"-ро.
Наход Шумо ба хамин бовар бошед, ки "Ахбор" дуруст мегуяд? Шумо бо ин кадар хабарнигор ва дигар расонахо бо чандин корманд наметавонанд, хабаре аз ин казияхои дорумагир ба даст оред, "Ахбор" бо як нафар манбаъ меёбад? Содаед да

пул буд,пул нест..???эҳҳҳ тоҷикистон тоҷикистон пагоҳ агар боздоштшудаҳо ба вазифаашон баргарданд ,ҳайрон нахоҳем шуд..

рости ман ами бозихои шумо рузноманигорода хайронам! яктат ихели менависа каси дигарат дигар хел! ак то имруз шумо 100% бовари доштен навистен, ки халта халта пул ёфтан аз хонаи Ниёзбадалов хамсояхо дидан, 3 сурат партофтен да сайттон ки аз хонаи Хайрзода маблагхои ошкоргардида маълумотномаи Био папа-ра партофтен ки 0% нишон додаги буд падарии Зайда. Бо ак и мактуба партофтен бовар кнен дига рахгум задем кира бовар кнем. Ага шумо факт надоштен чи даркор ика гапора чоп карден да сайттон. ба и коротон боварии мардума нисбат ба сиёсат давлат коста мекнен бовар кнен.

07
Озодагон,Озоди бехтараш корро бас кунед. Як хабари дуруст наменависед.е фишоратон медиханду сиехро сафед Гуфта гаштед

Ба кавли яхудиёни бухори: При чём тут денги, но пулба мурам пул. Ин аст ахволи Точикистони азиз, ки ба ин руз расидааст. "Хеч кас будагон хар кас шуданд"

Muhojir
Fikr namekunam,ki Zajd Saidro bo hosti Holmurodzodaho hukm karda boshand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Октябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)