Бобоҷонов дар суд: Марҳум миллат ва модарамро таҳқир кард

Додоҳи ноҳияи марказии Челябинск 6-уми июн баррасии парвандаи муҳоҷири тоҷик, Ширинбек Бобоҷоновро оғоз кардааст.
Тибқи иттилоияи мақомоти Челябинск, Бобоҷонов дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба Олег Коновалов айбдор мешавад, ки бо марги ҷабрдида анҷомидаст.
Дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ ҳамсари Олег Коновалов аз даъвояш гузашта, изҳор доштааст, ки нисбати айбдоршаванда ҷазои вазнин таъин нашавад: “Чун наздикони Бобоҷонов тамоми хароҷоти табобат ва баъдан масрафоти дафну ёдбудро пардохт намудаанд”.
Бар асоси изҳороти айбдоркунанда 31-уми декабри соли 2016 дар кӯчаи Пётр Сумини Челябинск, миёни Бобоҷонов ва Коновалов барои таваққуфгоҳи нақлиёт муноқиша рух додааст. Дар пайи ин муноқиша Бобоҷонов аз пайи Коновалов рафта, дар даромадгоҳи хона бо “отвертка” як зарба ба сараш задааст. Табибон ҳудуди як моҳ барои ҳаёти Коновалов мубориза бурдаанд, аммо натавонистаанд, ӯро наҷот диҳанд.
Сергей Данилченко, вакили дифои Бобоҷонов изҳор доштааст, ки зерҳимояаш пушаймон шудааст ва шоҳидӣ додааст, ки ин фоҷеа дар пайи таҳқири миллату модараш аз сӯи марҳум, рух дод.
Мурофиаи навбатии додгоҳӣ 29-уми июни соли равон таъин шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |