Бахшҳо
08 июн 2017 11:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздиди иштирокчиёни Press-СlubTojikiston аз нуқтаҳои такягоҳии Tcell дар Шахринаву Шоҳамбарӣ

Ширкати Tcell барои иштирокчиёни Press-СlubTojikiston, ки аъзояш аз котибони матбуотӣ, муттахассисони умури PR, ташкилотҳои байналмилалии сабтшуда дар Тоҷикистон иборат аст, пресс-тур доир кард.

Барои мутахассисон соҳаи алоқа, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва бозор воситаи муҳим дар кори ҳаррӯза – ин алоқаи боэътимоди санҷидашуда ва Интернет аст. Барои ҳамин Tcell аъзои клубро ба сайёҳат ба базаҳои такягоҳӣ бурд, то бо чашмони худ бубинанд ва ба алоқаи боэътимоди мобилӣ баҳои худро бидиҳанд.

Аъзои клуб қоидаҳои асосии алоқаи мобилиро дар мисоли ду нуқтаи такягоҳии Tcell - “Шаҳринав” ва “Шоҳамбарӣ” фаҳмиданд. Намояндагони шуъбаи техникии ширкат дар бораи алоқаи мобилии ширкат ба таври комил маълумот доданд. Нуқтаҳои такягоҳӣ дар як гӯшаи зебоманзар, миёни боғоти гелосу олу ҷойгир буд, иштирокчиён ба сифати алоқаи ширкат баҳо дода, бо хушнудӣ аз табиат баҳравар гаштанд.

Нуқтаҳои такягоҳии “Шаҳринав” ва “Шоҳамбарӣ” пурра худидоравӣ буда, метавонанд муддати тулонӣ ҳангоми набуди барқ кор кунанд. Нуктаи такягоҳии “ Шоҳамбарӣ”, ки дар атрофи истироҳатгоҳ аст, бо батареяҳои офтобӣ кор мекунад. Энергияи офтобӣ имкон медиҳад, ки сокинони ноҳия бо алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин бошанд.

Масъулияти иҷтимоии Tcell баҳри ҳифзи муҳити солим барои наслҳои оянда нигаронида шудааст. Аз ҳамин хотир бисёре аз нуқтаҳои такягоҳии ширкат тавассути батареяи офтобӣ кор мекунанд. Иштирокчиёни клуб бисёр суолҳо атрофи роҳандозии фаъолияти таҷҳизот бо энергияи офтобиро пурсон шуданд.

Баъдан дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” намояндагони шӯъбаи B2B охирин хизматрасонӣ ва имконоти Tcell барои мизоҷони корпоративии ширкатро муаррифӣ карданд. Шом иштирокчиён фурсат доштанд, дар муҳити ғайрирасмӣ бо ҳам суҳбат намоянд

Жола Давлатмандова, иштирокчии клуб гуфт: “Ҳама инсонҳо, таҷҳизот ва кор ки ки мо ҳангоми сафар дидем, хело таъсирбахш буд, зеро он мисли як организм сохта шудааст ва дар он ҳама вазифаи худашро медонад ва онро хуб иҷро мекунад. Мо сифат ва боэътимодии алоқаи Tcell-ро дидем ва бисёр маълумоти муфид гирифтем”.

Tcell- бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.

AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Боздиди иштирокчиёни Press-СlubTojikiston аз нуқтаҳои такягоҳии Tcell дар Шахринаву Шоҳамбарӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)