Ҳизби ҳоким: Устопириён узви фаъоли мост

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон эълон кард, ки Комроншоҳи Устопириён, қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо узви фаъоли ин ҳизб мебошад.
Тибқи иттилоияи ҲХДТ барои қадрдонӣ аз дастовардҳои Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг, рӯзи 9-уми июн Сарфароз Фаттоҳзода, раиси ҲХДТ дар Суғд паҳлавони тоҷикро ба ҳузур пазируфт.
ҲХДТ аз қавли Усто Устопириён, падар ва устоди Комроншоҳ изҳор доштааст, ки дар рушду пешрафти Комроншоҳ ҲХДТ низ нақши муҳим дорад, зеро Комроншоҳ узви фаъоли ҲХДТ маҳсуб шуда, бо комёбиҳои худ шарафу нуфузи ҳизби мазкурро боло мебардорад.
Тибқи иттилоияи ҳизби ҳоким Комроншоҳи Устопириён барои таваҷҷуҳ ба Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ карда, афзудааст: «Муҳим таваҷҷуҳ аст, ки он варзишгарро рӯҳбаланд мегардонад. Ман минбаъд низ дар мусобиқаҳои байналхалқӣ бо неруи тоза иштирок карда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон, ҳамчунин ҲХДТ-ро баланд мебардорам».
Дар охири мулоқот Сарфароз Фаттоҳзода қаҳрамони мусобиқаи Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириёнро бо медали ҷашнии ҲХДТ ва устоди варзиш Усто Устопириёнро бо Ифтихорномаи КИ ҲХДТ сарфароз гардондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |