Сафири Олмон дар Душанбе мақомашро тарк мекунад

Ҳолгер Грэн, сафири Олмон дар Тоҷикистон мақомашро тарк мекунад.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муҳлати рисолати дипломатии Грэн дар Душанбе анҷом ёфт ва ба ин муносибат 13-уми июн ӯро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои манбаъ зимни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандияшонро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ баён доштанд: “Сироҷиддин Аслов аз фаъолияти самараноки сафири Олмон дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ муваффақиятҳо орзу намуд”.
Ҳолгер Грэн дар маҳофили Тоҷикистон инчунин бо масъалагузориҳояш дар мавриди шеваҳои мубориза бо экстремизм маъруф аст. Ӯ қаблан бо ишора ба афзоиши ҳабси муттаҳамон дар ифротгароӣ дар Тоҷикистон суол кард, ки "магар ба ҷуз зиндонӣ кардани муттаҳамон дар ифротгароӣ роҳи дигар вуҷуд надорад?” Дар маҳфили дигаре Грэн аз таҷрибаи Олмон мисол овард, ки танҳо барои амалҳои террористӣ ва терроризм ҷазо татбиқ мешавад.
Дар аҳди Грэн чанд бор ҷавонони тоҷик дар назди сафорати Олмон дар Душанбе ҳамоиши эътирозӣ карда, Аврупоро аз ҳимоят аз террористон муттаҳам намуданд. Эътирозгарон даъво доштанд, ки Олмон афродеро, ки аз ҷониби Тоҷикистон ба иттиҳоми ифротгароӣ мавриди бозҷӯӣ қарор доранд, пуштибонӣ мекунад ва паноҳгоҳ медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |