Бахшҳо

Ҷоизаи ҷаҳонии “Помир энержӣ” барои додани нерӯ ба 255 ҳазор сокини куҳистон

Ширкати “Помир энержӣ”, барои таъмини 220,000 сокини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва беш аз 35,000 истиқоматкунандаи вилояти Бадахшони Афғонистон бо нерӯи барқ дар соли 2017 соҳиби ҷоизаи бонуфузи “Ашден” гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бунёди рушди Оқохон, “Ашден” ҷоизаи эътирофгардидаи ҷаҳонӣ дар бахши энергияи устувор буда, ғолибон соҳиби 20 000 фунт стерлинг ва бастаи инфиродии дастгирии соҳибкорӣ барои рушди фаъолияти худ мегарданд. Дар назар аст, ки ҷоизаи “Ашден” ба “Помир энержӣ” 15 июни соли 2017 дар Ҷамъияти шоҳии ҷуғрофӣ дар Лондон супорида шавад.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ин пирӯзиро шодбош гуфта, изҳор доштааст, ки ҳамкории ҳукумат бо Бунёди Оқохон ва дигар шарикон, барои рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ дар Тоҷикистон таҳкими равобит бо Афғонистони ҳамсоя имкон дод.

Далер Ҷумъаев, директори кулли “Помир Энержӣ”, изҳор доштааст, ки ин мукофот шаҳодати самарабахшии ҳамкории байни давлату бахши хусусӣ ва қобилияти шарикони рушд дар таъмини энергияи устувор дар Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа аст.

Дар мавриди дастовардҳои “Помир Энержӣ” оварда шудааст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта қисми зиёди инфрасохтори энергетикӣ вайрон шуд ва понздаҳ сол қабл танҳо 13%-и хоҷагиҳо дар вилоят ба қувваи барқи маҳдуд дастрасӣ доштанд.

Барои ҳалли ин мушкилоти таъминот бо барқ дар соли 2002 Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Шабакаҳои рушди Оғохон дар асоси Шартномаи консессионӣ барои то соли 2027 таъмин намудани ВМКБ бо қувваи барқи боъэтимод дар давоми тамоми сол, аз ҷумла дар зимистон, нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон – Ширкати “Помир Энерҷӣ”-ро таъсис дод.

Аз соли 2002 то кунун нахустин таҷрибаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ - “Помир Энерҷӣ” 11 адад нерӯгоҳҳои барқи обии хурдро барқарор ва беш аз 4,300 км хатҳои интиқоли барқ ва инчунин воситаҳои тақсимотиро азнавсозӣ намуд. Дар соли 2008 Ширкат тавассути дарёи Панҷ барои ҷамоатҳо дар шимоли Афғонистон – барои баъзеашон аввалин маротиба дар таърихашон - содироти қувваи барқро оғоз намуд. Кумаки Ҳукумати Швейсария тавассути Котиботи давлатӣ оид ба иқтисодёт (SECO) дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Тоҷикистон ба туфайли механизмҳои инноватсионӣ ва технологияи мусоид барои таъмини нерӯи барқи дастрас барои оилаҳои камбизоат дар ВМКБ дар марҳилаҳои ҳассостарини лоиҳа аҳамияти ҳаётан муҳим дошт.

Тибқи иттилои “Помир энержӣ” ба ҳолати имрӯза 96%-и аҳолӣ дар ВМКБ, тақрибан 211, 200 нафар аз қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувор ва дастрас таъмин ҳастанд: “Хароҷоти миёнаи хонаводаҳо дар як моҳ барои истифодаи энергия тақрибан аз 98 доллари ИМА то 7 долари ИМА кам шудааст”.

Доварони “Ашден” таҷрибаи “Помир Энерҷӣ”-ро барои таъминоти тамоми аҳолии минтақаҳои дурдаст бо қувваи барқ ибратбахш хонда, афзудааст, ки ин лоиҳаро метавон дар дигар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷаҳон истифода бурд: “Маҳз дар асоси ҳалли талаботи мардум ба қувваи барқ ва тақсимоти самараноки он Ширкат беҳдошти сифати зиндагии сокинони маҳаллиро ба роҳ мемонад”.
Мӯҳр
Хами Далер Чумаев маошааш ба фикрум аз бучаи ВМКБ бисертар хаст, леки кораш у кадар нагз нест масалан дар Шахри Хоруг хастанд одамхо тамоман пули баркро намесупоранд коркунони Помир энержи, раис худшон медонанд киян инхоо леки пули ин одамора ай кишлокхо мегиранд натиед мега света мебурем Мухтаррам раис натарсед ду тарафа кор накнед хамара бо як чашм дидан даркор! Аз Пешво ибрат гиред.

Ин чи гуна мукофот будааст? мардум аз дасти нарххои Памиренерчи хонахароб гаштааст. Бахусус дар зимистони кахратуни Помир нархи як мохи свет ба 800- 900 сомони мерасад. Зимистон ба Хоруг ба аедати хешам рафтамЮ дар махаллаи автостанция, бечорахо хамаги як хонаро гарму свет мегиронанд, чунки аз ухдаи додани пули свет намебароянд. Мардуми Помир ба Президенти давлат хам дар ин масала мурочиат кард, вале холо бенатича. Аз ин мукофот айрон мундам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)