Бахшҳо

Наҷоти Зиёраддин: Хоҳараш гурдаашро медиҳад, аммо ними пули ҷарроҳӣ намерасад

Момагул Мирзоева, модари Зиёраддини 34-сола мегӯяд, барои наҷоти ягона писари хонавода, духтараш ҳозир шудаст, гурдаашро ба бародар диҳад, аммо барои анҷоми ҷарроҳӣ 20 ҳазор сомонии дигар намерасад. Мирзоева мегӯяд дар баробари харҷи табобат хонавода тавонист, 20 ҳазор сомонӣ ҷамъ кунад, аммо барои анҷоми ҷарроҳӣ табибон 40 ҳазор сомонӣ талаб доранд. Ӯ афзуд, дар бонкҳо ба ӯ қарз надоданд ва акнун барои пайдо намудани 20 ҳазор сомонии боқимонда, танҳо умедаш ба ҳамватанони саховатманд мебошад.

Зиёраддин Шукуров, сокини 34-солаи ноҳияи Ёвон, мебошад, ки бар асоси ташхиси табибон гурдаҳояш аз кор монда истодаанд ва бояд фавран иваз карда шаванд.

Модари Зиёраддин мегӯяд, писараш се моҳ боз ба ин дард гирифтор шуд: “Ҳолаташ якбора вазнин шуд. Ба беморхона бурдем, табибон дар пайи ташхис гуфтанд, ки гурдаҳояш корношоям шуда истодаанд. То ҳол дар клиникаи Мансуров дар бистари беморист. Табибон мегӯянд ҳарчи зудтар ҷарроҳӣ бояд кард, нархи ҷарроҳиро 40 ҳазор сомонӣ гуфтанд. Аммо ман то имрӯз ҳар чи доштам сарфи табобаташ кардам ва ҳамагӣ 20 ҳазор сомонӣ ҷамъ намудам, ки намерасад”.

Мирзоева илова намуд, ки писараш оиладор ва соҳиби як фарзанд буда, қаблан дар ноҳия дар мағозае ба ҳайси ёрдамчӣ кор мекард: “Хоҳараш омодааст барои бародараш гурдаашро диҳад, аммо маблағи ҷарроҳӣ омода нест. Дар бонкҳо гуфтанд, қарзро танҳо барои соҳибкорӣ медиҳанд барои табобат қарз намедиҳанд”.

Момагул Мирзоева аз ҳамаи афроди саховатманди кишвар даъват кард, то ба ҳадди имкон барои муолиҷаи писараш дасти ёрӣ дароз кунанд: “Афроде, ки мехоҳанд хайр кунанд тариқи ин рақамҳо - 93 602 30 30 аз банкоматҳои Эсхата ба “Киви кошелёк” пул гузаронанд ва ё бо рақамҳои 93 602 30 30 бо писарамаки бемор дар тамос шаванд”.


Наҷоти Зиёраддин: Хоҳараш гурдаашро медиҳад, аммо ними пули ҷарроҳӣ намерасад

Наҷоти Зиёраддин: Хоҳараш гурдаашро медиҳад, аммо ними пули ҷарроҳӣ намерасад
Мӯҳр
Ассалому алейкум! Аввало дар ин мохи Мубораки Рамазон Худованд ба ин бародарамон шифо ато фармояд, мушкилии ин хонаводаро осон гардонда ,гаму андухро аз ин хонадон дур намояд.Корбари озодагон лутфан барои буродарони берун аз кишвар мегуфтед,ки чи тавр ба суратхисоби ин бародарамон маблаг гузаронанд. Яъне хаст ягон суратхисоби сбербанк ё яго банки хоричи. Зеро фикр мекунам ки дар ин мохи Муборак да ин дахаи ИТҚУН МИНАННИРОН бародарон кумаки худро дарег намедоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)