Бахшҳо

Оё ҷадидон пантуркист буданд?

Нӯъмонҷон Ғаффоров, доктори илмҳои таърих

Ҷараёни сиёсиву фарҳангии пантуркия ҳамчун идомаи мафкураи пешинаи миллатчигии туркизм дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ба вуҷуд омад, ки хоҳони ваҳдати фарҳангӣ, забонӣ ва сиёсии тамоми туркзабонҳои олам, ба вежа Туркия, нимҷазираи Балкан, қисмати мусалмоннишини империяи Россия, Кафкоз, Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва Туркистони Шарқӣ буд. Ҷавҳари ин таълимоти миллатчигии доираҳои иртиҷоии туркро дифои миллатҳо ва халқҳои кӯчак аз фишори миллатҳои бузург ва муттаҳид гаштани онҳо таҳти байроқи Туркия дар як империяи бузург ташкил медод.

Бунёдгузор ва назариётчиёни пантуркизм Зиё Гёкалп (1876-1924), Исмоилбек Гаспринский (1851-1914), Юсуф Акчурин (1876-1935) ва дигарон буданд, ки тамоми фаъолияти хешро ба хотири татбиқи ғояҳои ин ҷунбиши миллигарои турк ба харҷ додаанд. Ба андешаи З. Гёкалп як қисми миллатҳо (юнониён, форсҳо ва мисриҳо ё худ арабҳо) аллакай хароб шудаанд, қисми дигар (халқҳои Аврупо) ба интиҳо мерасанд ва сеюмин (худи туркҳо), ки ояндаи дурахшон доранд, инкишоф меёбанд. Ғояи И. Гаспринский роҷеъ ба иттиҳоди маънавии халқҳои туркзабони империяи Россия таҳти шиори «Ваҳдат дар забон, андеша ва амал» асоси туркизми фарҳангӣ-маорифпарвариро ташкил дод. Ю. Акчурин ғояи «ягонагии миллӣ ва давлатӣ»-и халқҳои туркзабони Россияро дар зери ҳимояи Туркияи усмонӣ иброз дошт, ки аслу моҳияти туркизми сиёсӣ маҳсуб меёфт.

Ақидаи пантуркизм махсусан байни миллатчиёни тотори Қрим ва Поволже ҳамовозии зиёд пайдо карда, тавассути онҳо дар Осиёи Миёна паҳн карда мешуд. Таърихнигори тоҷик Намоз Ҳотамов таъкид месозад, ки «ҳаракати ҷадидия ва туркпарастӣ ҳеҷ гоҳ ҳаракати ягона набуд ва на ҳамаи ҷадидон дар тамоми давраи фаъолияташон туркпараст буданд. Махсусан дар давраи аввали фаъолияти ҷадидони Бухоро таъсири равияи туркпарастӣ хеле кам буд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҷадидони Бухоро аввалин мактаби усули нав ва аввалин рӯзномаро ба забони форсӣ-тоҷикӣ ташкил намуданд. Вале пӯшида нест, ки нуфузи туркпарастӣ дар фаъолияти онҳо сол ба сол афзуда, ҷадидони Осиёи Миёна дар симои давлати Туркия намунаи беҳтарини давлати тараққикардаи исломиро дида, нисбат ба он таваҷҷӯҳи зиёде пайдо карда буданд. Гурӯҳе аз рӯшанфикрони тоҷик, ки шомили ҳаракати ҷадидя буданд, низ ба ақидаи туркпарастӣ заҳролуд шуда, аз ин пас худро турк шумурда, нисбат ба миллату забони худ хиёнат кардаанд» (Ҳотамов Н. Назаре ба ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёна // Рӯдакӣ.- 2007.- № 16.- С. 16).

Н. Ҳотамов дар бораи зиёд гардидани нуфузи равияи туркпарастӣ дар байни ҷадидон андеша ронда, қайд менамояд, ки «дар шароити Осиёи Миёна туркпарастон мавҷудияти на танҳо тоҷиконро, балки ӯзбекон, туркманҳо, қазоқҳо,қирғизҳо ва дигар халқҳои туркзабонро низ тамоман ба эътибор намегирифтанд». Бинобар ин, оиди «муайян намудани туркпарастии ҷадидони Осиёи Миёна ҳушёрии ҷиддӣ лозим аст» (Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик (Аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924).- Душанбе, 2007.- С. 125).

«Мафкураи пантуркизм, – барҳақ навиштааст академик Раҳим Масов, – дар сарнавишти халқи тоҷик нақши хеле манфӣ бозида, бисёр саҳифаҳои фоҷиабори таърихи навини вай бо пайдоиш ва дар амал татбиқ шудани он дар Осиёи Миёна дар чоряки якуми асри ХХ вобастаанд» (Масов Р. Таджики: история национальной трагедии.- Душанбе: Ирфон, 2008.- С. 416). Вале бо фикри ин муаррихи шинохтаи тоҷик, ки «аксарияти ҷадидони осиёимиёнагӣ ҷонибдори пантуркизм буданд ва онҳо ҷиҳати паҳн намудани ин ҷараён дар тамоми минтақа мусоидат намуданд» наметавон розӣ шуд. Олими файласуф Очил Зоҳидов низ бар он андеша аст, ки «асоси мафкураи ҷадидонро назарияи этнографҳои рус ташкил медод ва бештари онҳо пантуркист буданд» (Зоҳидов О.Ҳ. Таърихи сиёсии тоҷикон: таҳлили назарияҳо.- Хуҷанд: Андеша, 2016.- С. 156).

Ин ҷо бояд як нуктаро хотирнишон сохт, ки солҳои 1909-1914 чанде аз ҷавонони рӯшанфикри бухороӣ дар Туркия таҳсил намуда, зери таъсири ҷавонтуркон ва барномаҳои маърифатии онҳо туркгаро шуданд ва баъди бозгашт ба ватан ақидаи пантуркистиро дар марказҳои тамаддуни тоҷикон – Бухоро, Самарқанд ва ғайра паҳн менамуданд.

Оё ҷадидон пантуркист буданд?Тавре ки дар боло қайд намудем, ҷадидон дар симои давлати Туркия намунаи ибратбахши кишвари тараққикардаи исломиро медиданд. Пиндори ботили пантуркистон – «тоҷикони Бухоро дар асл турканду зери таъсири адабиёту фарҳанги Эрон забону миллати худро гум кардаанд, бояд инҳоро боз турк кунем ва як миллати бузурги турку як давлати муаззами туркро барпо созем» воқеан ба баъзе ҷадидон, масалан Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдуррауфи Фитрат, Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, Файзулло Хоҷаев, Абдулқодир Муҳиддинов ва дигарон таъсири амиқи худро расонд. Чунончи, А. Муҳиддинов дар мақолаи хеш «Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё ӯзбек?», ки соли 1928 дар маҷаллаҳои «Раҳбари дониш» ва «За партию» ба табъ расид, дар бобати ба мафкураи пантуркия гаравиданаш иқрор шуда, навишта буд: «Мо, ҷадидони Бухоро, ки давраи тарбия ва инкишофи фикрии ибтидоии худро дар доираи инкишофи фикри панисломизм ва пантуркизм дар Осиёи Миёна гирифтем, дер замоне дар таҳти таъсири куллии мафкураи пантуркизм ва панисломизм будем… Дар таҳти таъсири ин мафкура ва барои ба вуҷуд овардани ин мақсадҳо мо душмани забони тоҷик будем, хизматгор ва тарафдори иттиҳоди турк ва забони туркӣ будем» (Муҳиддинов А. Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё ӯзбек? // Раҳбари дониш.- 1928.- № 8-9 (11-12).- С. 17).

Муҳаммадҷони Шакурӣ қайд мекунад, ки Абдуқодир Муҳиддинов бо таблиғу ташвиқи устод Айнӣ чашмро аз ғубори пантуркистӣ тоза карда, боз ба хидмати миллат даромад (Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист.- Душанбе, 2006.- С. 240).

Яке аз сабабҳои рӯ овардани бархе ҷадидон ба пантуркизм он буд, ки фаъолияти иҷтимоии онҳо якбора ранги сиёсӣ гирифт ва минбаъд дар таблиғоти равшангарии онҳо фикри зӯроварии туркона, ки бар зидди миллатҳои ғайри турк равона гардидааст, бартарӣ ёфт.

Абдуррауфи Фитрат ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Воъизияи шаҳри Стамбули Туркия дар солҳои 1910-1914 аъзои фаъоли созмони толибилмони Бухорою Туркистони Русия бо номи «Ҷамъияти нашри маориф ва ёрмандии Тӯрон» буд, ки шояд мафкураи пантуркистӣ ба ӯ таъсир карда бошад. Лекин дар осори давраи аввали эҷодиёти Фитрат, ҳатто дар ҳамон китобҳое, ки ӯ дар Туркия навишта, ба чоп расонд, аломатҳои гароиши муаллиф ба туркпарастӣ дида намешаванд. Фитрат ва пайравонаш дар он давра ба Туркия на ҳамчун мабдаъи туркигароӣ, балки ҳамчун ба қавитарину пешрафтатарин давлатҳои исломӣ менигаристанд.

Фитрат тақрибан аз солҳои 1916-1917 то охири солҳои 20-уми қарни гузашта бар хилофи манфиатҳои тоҷикон кору амал намуд. Акнун идеали таърихии Фитрат бо номи Чингиз ва Темури хунхор робита пайдо кард. Дар он вақте, ки ҷадиди исломгаро буд, манфиатҳои ҳама миллатҳои исломӣ, азҷумла мардуми тоҷику ӯзбекро ҳимоя мекард. Вале вақте, ки ба туркпарастию туркгароӣ оғоз кард, моҳиятан халқҳои туркро ба дигар халқҳо, пеш аз ҳама ба тоҷикону эронитаборон зид гузошт. Махсусан дар мансабҳои баланди ҳизбию давлатии Ҷумҳурии халқии шӯравии Бухоро тӯли солҳои 1920-1924 бар зидди тоҷикон кору пайкор намуда, дар зӯран ӯзбеконидани тоҷикон саҳм гирифт. Бо фармони Фитрат ҳар касеро, ки дар идораи ӯ ба забони тоҷикӣ ҳарф мезад, панҷ сӯм ҷарима мекарданд. Фаъолияти ӯ дар созмони фарҳангии «Чиғатой гурунгӣ» дар солҳои 1918-1925 низ ба муқобили тоҷикон равона шуда буд.

Фаъолияти собиқ ҷадидон Абдуррауфи Фитрат ва Файзулло Хоҷаев дар солҳои нахустини шӯравӣ ва ҳангоми марзбандии миллию ҳудудӣ, ки мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданду ба қавле «соҳиби хар дар думи хар ҷой надошт», хиёнат ва гуноҳи азим ба миллати хеш буд. Вақте ки ин ду нафар ба пантуркизму панӯзбекизм гаравиданд, дар ҳақиқат аз маорифпарварию ҷадидия дур шуданд. Ин хиёнати миллӣ гуфтан мумкин аст, ки хиёнат ба ормонҳои олии маорифпарварию ҷадидия буд.

Ба андешаи мо, албатта пантуркия ба ҷадидия таъсир дошт, аммо на ба он дараҷае, ки дар замони шӯравӣ ақидаи «ҷадидон ҳама пантуркист буданд» фикри ғолиб буд. Пантуркизми ҷадидҳо асосан баъди инқилоби соли 1917, вақте ки ҳаракати ҷадидия аз саҳнаи таърих зудуда шуд, баъди пайванди собиқ ҷадидҳо бо болшевикон дар шакли амалҳои мушаххас ва эҳтимол дар фарҳангзудоӣ ва тақсимкуниҳои миллии солҳои 20-уми қарни ХХ дар Осиёи Миёна зуҳур кардааст, вагарна, дар гузашта, масалан, дар осори хаттии онҳо чунин аломатҳо ба таври ошкор ба мушоҳида нарасидаанд ва дар адабиёти ҷадидаи тоҷик пантуркия нақши калидӣ надошт.
Мӯҳр
Саршор
Холо хаминаш аник аст, ки мо-точикон бе филмхои гиряовари Туркия зиста наметавонем. Ёд оред, бечораи С.Айниро чанд дарра пантуркистон задаанд. Агар С. Айни намебуд, кай мо аз нав точик мешудем?

1
Доктори илми таърих мисли хонандаи босаводи синфи 9-и мактаби миёна навиштааст, боз Озодагон онро нашр кардааст!

чадид
Ачаб хуб мешуд, ки дар бораи пантуркистони имруза макола менавиштед.

ООО
ОЁ БА ЛИТСЕЙХОИ СОБИК ТУРКИ МЕТАВОНЕМ ДАВОМДИХАНДАИ ПАНТУРКИЗМИ АСРИ 20 ГУЕМ??????

Ин докотори илм саводи кофи надоштааст. ПАНТУРКИЯ яъне чи аст? Аслан дар забони точики калимаи ПАНТУРКИЯ хаст? Доктори илм хатто наметавонад фикрашро дуруст баён кунад. Ин чумларо бинед!:
"Ба андешаи мо, албатта пантуркия ба ҷадидия таъсир дошт, аммо на ба он дараҷае, ки дар замони шӯравӣ ақидаи "ҷадидон ҳама пантуркист буданд" фикри ғолиб буд." Аз ин чумла чи фахмидед? Ман худам муаллим хастам ва медонам, ки баъзе аз талабахои синфи 9 хазор бор хубтар аз ин доктор менависанд. Аввал олимон навиштанро ёд гиранд ва баъд андешаашонро гуянд. Илм хайф шуд...

А. Мухиддинов хеч гох пантуркист набуд ва зери таъсири пантуркистон хам набуд. Вай ба чараёни чадидизм майл дошт. Пантуркизм ва чадидизм айни як чиз нестанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)