Бахшҳо

Паёми Президент: Аз подоши садақа то баракати сариштакорӣ ва ҳифз аз бегонапарастӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр шодбош гуфта, ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ бахту саодат, сулҳу оромӣ ва хайру баракат орзу намудаст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш изҳор доштааст, ки “аз баракати истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварамон дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо аз озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ низ пурра баҳравар мебошанд”.

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки мусулмонони кишвари мо пайравони ақидаву эътиқоди динии муътадил буда, ислом барои онҳо нишонаи имондорӣ, воситаи ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ, тарбияи ахлоқи ҳамида ва қонеъ гардонидани ниёзҳои рӯҳонӣ мебошад: “Хотирнишон месозам, ки яке аз амалҳои неке, ки барои истиқболи шоистаи иди саиди Фитр дар миёни мардуми мо ҳукми анъана пайдо кардааст, хайру садақа кардан ба эҳтиёҷмандон мебошад. Дар Қуръони карим инфоқ, яъне хайру садақа кардан дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро ва ҳини тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ дар садақа кардан кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд ба кор мебарад, садақаи фитр медиҳад, хайрот мекунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва некӯкорӣ мекӯшад”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар китоби илоҳӣ инсони садақадиҳанда ба донае монанд карда шудааст, ки аз он ҳафт хӯша мебарояд ва ҳар хӯшаи он сад дона дорад: “Маълум мешавад, ки Худованд барои ҳар садақа ҳафтсад баробар подош медиҳад. Ҳикмати садақа додан дар он аст, ки Офаридгор мо инсонҳоро таълим медиҳад: танҳо пайи нафси хеш набуда, дар фикри якдигар бошем, зеро инсоният танҳо дар ҳамбастагиву дастгирии ҳамдигар саодатманд хоҳад шуд”.

Раисиҷумҳур дар идома аз шахсони саховатманду ҳимматбаланд даъват намудаст, ки дар ин рӯзи саид ва дар рӯзҳои дигар низ дасти ҳиммати худро ба ятимону маъюбон, бепарасторону эҳтиёҷмандон ва оилаҳои камбизоат дароз карда, бо чунин иқдоми ҷавонмардона сазовори аҷру подоши бештар гарданд ва ба таҳкими боз ҳам бештари дӯстиву бародарӣ дар миёни ҷомеа ва суботу оромӣ дар кишвари азизамон мусоидат намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз қонуни танзим ва сариштакорӣ зикр намудааст, ки ба гуфтаи ӯ баракати зиндагиро афзун мегардонад: “Дар робита ба ин, ба кулли ҳамватанони азиз, пеш аз ҳама, модарону хоҳарони муҳтарам такроран таъкид менамоям, ки дар рӯзи ид ҳангоми оростани дастурхони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд ва фаромӯш накунанд, ки хоксориву сариштакорӣ яке аз хислатҳои беҳтарини мардуми мо буда, ба зиёд шудани хайру баракат дар ҳар хонадон мусоидат мекунад. Маблағҳои аз маъракаву чорабиниҳои серхароҷоту нодаркор сарфашударо, пеш аз ҳама, барои бартараф кардани камбудиҳои рӯзгор, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи мо мебошанд, сарф кардан ё дасти дармондаву муҳтоҷеро гирифтан айни савоб аст”.

Раисиҷумҳур аз қавли волидон илова намудааст, ки беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзанд тарбияти хубу писандида аст ва агар шахсе фарзандашро хуб адаб омӯзад, беҳтар аз он аст, ки миқдори моле садақа диҳад: “Хусусан, дар шароити дунёи ноорому пурҳаводиси имрӯза ба таълиму тарбияи фарзандон, илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кардани онҳо, инчунин, аз таъсири манфии фарҳанги бегона ва ҳар гуна ҳаракату нерӯҳои ифротиву тундгаро эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон, аҳли маориф, шахсони калонсолу обрӯманд, зиёиёну фаъолон ва умуман, ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад”.
Мӯҳр
чӣ суханҳое хубе гуфтед !

Сарфакори хислати хар як шахс бояд бошад,аммо нафарони худнишондехро бояд чазои маъмури ва чинои диханд,бо ин аломаташон чомеаро захролуд карда истодаанд!

Точик
Мардум гами якдигарро хуреду дарди сари хукумат нашавед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)