Бахшҳо
28 июн 2017 16:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ширкати Tcell аз ифтитоҳи лагери рақамии Digital Camp дар Хуҷанд, Кӯлоб ва Душанбе хабар дод

Ҳафтаи гузашта ширкати Tcell ба қабули дархостҳо барои ширкат дар нахустин лагери ҷавонони навовар –DigitalCampTcell оғоз кард.

Баъди роҳандозии Digital Camp, намояндагони ширкат Форумҳои боз оид ба эълони лоиҳаҳои нахустинро дар Хуҷанд ва Кӯлоб гузарониданд. Дар ҳар Форум наздики 30 шунаванда-тоҷирон, соҳибкорони хурду миёна, донишҷӯён ва манфиатдорони лоиҳаҳо барои дарёфти маълумоти ҷадид ҷамъ омаданд.

Намояндагони ширкат муфассал дар бораи лоиҳаҳо маълумот дода, инчунин шартҳои иштирокро фаҳмониданд. Мисли ҳарвақта иштирок дар Форум барои хоҳишмандон озод ва ройгон буд.
Дар Душанбе эълони лоиҳаи Digital Camp дар ҳамкорӣ бо дигар ҳамоиш Tcell– PechaKucha муаррифӣ шуд. Лоиҳа дар ин ҷо бо сифати баланд, кӯтоҳ ва дақиқи “20х20”рӯнамоӣ шуд.

Дар ин формат муаррифиҳо аз 20 слайд иборат буда, ҳар кадоме давоми 20 сония иваз мешаванд, ки иҷоза медиҳад, то рунамоӣ кӯтоҳ ва динамикӣ сурат бигирад. Ширкаткунандаҳои Digital Camp Tcell-ро зарур аст дар ҳамин формат лоиҳаҳои ниҳоии худро рӯнамоӣ созанд.

DigitalCamp – як платформа барои соҳибкорони ҷавон аст, ки мехоҳанд бо эҷоди муносибати эҷодкорона ва амали сохтани идеяҳои хеш бо усули нав, маҳсулот ва хизматрасониҳо барои сохтани тиҷорати устувор машғул шаванд.

Digital Camp имкон медиҳад, иштирокчиён стратегияҳои digital-иро фикр ва коркад намоянд. Он ҳамчунин барои роҳандозии сомонаи фаъол дар даври ниҳоӣ барои тиҷорат имкон фароҳам меоварад.

Стратегияи digital барои муайян кардани имконоти нави рақамӣ, ба ташкилоти шумо афзалияти рақобатпазир ба монанди пешбурди соҳибкорӣ дар бозори байналмилалӣ, аз нигоҳи ҷуғрофӣ номаҳдудро пешниҳод мекунад.

Лоиҳаи DigitalCampTcell қисме аз масъулияти тиҷорӣ ва иҷтимоии ширкат буда, ба мақсадҳои рушди нерӯи инноватсионӣ ва ҳавасмандии ҷавонон барои эҷоди технологияиҳои соҳибкории муосир равона карда шудааст.

Дархост барои иштирок то 1-уми июли соли ҷорӣ қабул карда мешавад. Гуруҳҳое, ки дар марҳилаи аввал интихоб гаштанд, ба семинар ва тренингҳо даъват карда мешаванд. Замони баргузории тренингҳо, гуруҳ дар бисёр семинарҳои омӯзишӣ ширкат мекунад, ки 15 коршиноси маҳаллӣ ва хориҷӣ аз ҳар соҳа барои сохтани идеяҳои тиҷорӣ ва сохтани сайтҳои корӣ дарс мегузаранд.

Маълумоти бештар дар бораи озмун ва барои иштирок дар онро метавонед тариқи линки зер бигиред https://digitalcamp.tcell.tj/

Tcell- бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.

AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ширкати Tcell аз ифтитоҳи лагери рақамии Digital Camp дар Хуҷанд, Кӯлоб ва Душанбе хабар дод

Ширкати Tcell аз ифтитоҳи лагери рақамии Digital Camp дар Хуҷанд, Кӯлоб ва Душанбе хабар дод
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)