Модари Михаил мегӯяд, писараш дар пайи таъхиркории табибон даргузашт

Як сокини шаҳри Душанбе иддао дорад, бо далели таъхиркории табибон дар ҷарроҳии писараш, фарзандашро аз даст дод.
Тамара Кунтсевич мегӯяд, исараш – Михаили 22-соларо, ки аз дарди шикам шикоят карда, зиёд зардаҷӯш мешуд, нахуст ба беморхонаи “Истиқлол” ва баъдан ба Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ, маъруф ба “Скорый” бурд. “Дар беморхонаи “Истиқлол” гуфтанд, ки ӯ дарди куррӯда (аппендитсит) надорад. Баъди он ки ҳолаташ бадтар шуд, соати 12-и шаби 21 июн ӯро ба Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ бурдем. Аммо духтурон танҳо баъди 5 соат ӯро ҷарроҳӣ карданд”,- гуфт ӯ дар суҳбат ба “Озодагон”.
Хонум Кунтсевич афзуд, бо ин ҳол намедонад, ки писараш аз кадом беморӣ фавтидааст, зеро ба иддаои вай “духтурон ташхиси дақиқи бемории писарамро нагуфтанд. Барои ман маълум нест, ки чаро табибон бо вуҷуди он ки диданд, вазъи писарам бад аст, сари вақт ӯро ҷарроҳӣ накарданд. Ба ман гуфтанд, ки барои ҷарроҳӣ омодагӣ дидем. Илова бар ин аз ман дастхат гирифтанд, ки нисбати онҳо ягон шикоят надорам”.
Дар ҳамин ҳол, Қайюм Шариф, мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ имрӯз, 29 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, вақте Михаил Кунтсевичро ба беморхона оварданд, дар ҳолати шок қарор дошт ва ғадуди зери меъдааш аллакай пӯсида буд. Ҷаноби Шариф, ки мегӯяд бевосита худаш Михаилро ҳамон шаб ҷарроҳӣ кард, гуфт, дар асл беморро соати 1:30-и шаби 21 июн ба бемористон оварданд ва ҷарроҳӣ то соати 5-и субҳ довам кард: “Бемор дер ба мо муроҷиат кард ва ғадуди зери меъдааш пӯсида буд, ки 96 дарсади беморон дар ин ҳолат мефавтанд. Ман ҳамаи инро ба модараш гуфтам. Барои ҷарроҳӣ ҳатто як сомонӣ ҳам аз онҳо нагирифтаем”.
Ба гуфтаи ӯ, табибон тамоми талоши мумкинро барои наҷоти Михаил Кунтсевич кардаанд, вале пас аз се рӯз, бегоҳи 24 июн ӯ фавтид.
Тамара Кунтсевич, модари Михаил мегӯяд, писараш дар мактаби рақами 54-и пойтахт аз фанни ҷуғрофия дарс мегуфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |