Бахшҳо

Вазир: Зӯри буҷа барои кӯмак ба бонкдорҳои бекормонда намерасад

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон теъдоди кормандонеро, ки дар пайи буҳрон аз ҷои кор ихтисор шудаанд, ҳудуди 8 ҳазор нафар гуфт.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, махсусан соли гузашта ихтисори кормандони бонкҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ зиёд буд: “Имсол камтар шудааст”.

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон давлат уҳдадор аст, дар моҳҳои аввал ба кормандони ихтисоршуда аз ҷои кор кӯмакпулӣ ироа кунад. Аммо Тағойзода мегӯяд, кормандони ихтисоршудаи бонку ташкилотҳои хориҷӣ маоши баланд мегирифтанд ва зӯри буҷа барои пардохти кӯмакпулӣ ба онҳо намерасад: “Шикоятҳо дар ин маврид зиёданд”.

Бобохон Баротзода, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ шарҳ дод, ки кӯмакпулӣ бояд давоми се моҳ ба шаҳрвандоне дода шавад, ки аз ҷои кор ихтисор шудаанд: “Моҳи аввал 50 фоизи маош, моҳи дуюм 40 дарсад ва моҳи сеюм 30 дарсади маош пардохта мешавад. Дар ин муддат мо ба шаҳрвандони бекормонда, ду ҷои корро пешниҳод мекунем, вақте ӯ рад мекунад, аз рӯйхати кӯмакгирандаҳо лағв мешавад”.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, довталабони гирифтани мақоми бекорӣ зиёданд, аммо буҷет имконият намедиҳад, ки ҳамаро ба қайд гирему кӯмакпулӣ диҳем: “Ин барномаи сирф иҷтимоӣ аст ва бештар ба ҷавононе, ки аз хидмати ҳарбӣ ҷавоб дода шудаанд, озодшудаҳо аз маҳбас бартарӣ дода мешавад”.

Тибқи иттилои Вазорат то ҳол 5047 нафар аз кӯмакпулӣ барои бекорӣ бархӯрдор шудаанд ва ният доранд, ки теъдоди кӯмакгирандаҳоро дар соли равон ба 6257 нафар расонанд.
Мӯҳр
Тоҷик
Барои чи намерасад вақте ки онҳо маоши бисёр мегирифтанд пас ба фонди ҳифзи иҷтимли 25% ва 1% маблағҳои зиёд мерафт бояд аз ҳамон ҳисоб пардохт кунанд. қонун ҳам дар такя ба ҳамин маблағҳо таҳия шуда буд.

Тамошобини цирк
Яьне Шумо мухтарам вазир гуфтани хастед, ки чумхури дар чараени ДЕФОЛТ карор дорад? Ин хел ки бощад, тамоман шароит безеб ку. Озодагон ташаккур

Шумо дар кадом асос ба тамоми чумхури эълон мекунед, ки афзалиятро ба "чавонони аз хидмати харби чавоб шуда ... ва озодшудахо аз махбас" медихед? Ана акнун моддаи 35 Конститутсияро мехонем: "ХАР КАС .....БА ХИМОИЯИ ИЧТИМОИ ХАНГОМИ БЕКОРИ ХУКУК ДОРАД". Ин меъёр барои ки амал мекунад? Аввалан барои шумо хамчун намояндахои хокимияти ичроия, ки дар таъимини он вазифадор хастед. Проблемаи бучет хам камбудии кори Хукумат аст. Пас, мардум чи гунох дорад? Хубтараш дар очизии худ икрор шавед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)