Бахшҳо

Қодирӣ: Бағдодӣ мурд, дигараш ҳам мемурад

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд мегӯяд, дар қиёс ба 2 соли пеш гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ коҳиш ёфтааст.

Ҷаноби Қодирӣ дар нишасти ахири хабариаш дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон”, ки “имрӯз гароиши ҷавонон ба равияҳои ифротӣ дар кадом сатҳ қарор дорад”, гуфт, ин раванд дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Ба таъкиди ӯ, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон мизони гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ рӯ ба коҳиш аст. Далели ин ба қавли раиси вилоят, ин аст ки “ба ҳамон марказаш кор карданд. Суханҳое, ки ба ҷавонон мегуфтанд, ин ҷо зиндагии тиллоӣ асту бо ҳамроҳии фарзанду завҷаат биё, ин хел гапҳо тамом шуда рафт. Ал-Бағдодӣ мурд, дигараш ҳам мемурад. Барои ҳамин, албатта ин таъсири мусбии худро барои кам кардани он расонида истодааст”.

Ба иддаои Абдураҳмон Қодирӣ, феълан дар вилояти Суғд анқариб гароиши ҷавонон ба ин равияҳо дида намешавад: “Ҳоло танҳо ҳолатҳоеро ошкор карда истодаем, ки солҳои пеш ҷавонон аз ҳудуди давлатҳои дигар ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шудаанд. Аз рӯйи маълумоти ба дастомада, ин ҷавононро боздошт намуда истодаем. Лекин шомилшавии нав мисли 2 соли қабл ҳоло нест. Ба фикрам дигар намешавад. Ман аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурсидам, ки ба таври мушаххас гуфта метавонед, ки чанд кас нобуд шуду чанд кас монд? Ҳоло мо маълумоти дақиқ надорем, чунки ба Сурияву Ироқ алоқа нест, кӣ мурду кӣ монд, мо намедонем? Барои ҳамин, маълумоти дақиқ нест. Онҳое, ки сарҳардро гузашта, омадаанд, бо онҳо суолу ҷавоб карда истодаем”.



Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд 17 январ аснои нишасти хабарии солонааш ба журналистон изҳор дошта буд, 322 сокини шимоли кишвар дар ҷангҳои Сурия қарор дорад. Ў гуфт, аз ин теъдод 39 нафар ҳамроҳи хонаводаашон рафтаанд. Миёни сокинони Суғд, ки дар Сурия ҳастанд, 42 ҷавон ва 28 духтар низ будаанд. Теъдоди ҳалокшудаҳо ба 51 нафар мерасад. Ба иттилои ҷаноби Қодирӣ, дар ҷангҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон 51 ва дар муҳорибаҳои Ҷумҳурии исломии Покистон 73 сокини Суғд иштирок доранд.

Аммо дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Суғд Афғонистони ҳамсояро яке аз хатарҳои бузургу ҷиддӣ тавсиф кард: “Ҳамаи шумо хондед, ин хатари калони ҷиддӣ ҳаст. Инро роҳбарияти ҷумҳурӣ, давлатҳои СПАД медонанд ва инро мо ба ҳар бобат пешгирӣ мекунем”.

Мӯҳр
Касе ки ақл дорад, заррае меҳр ба модар дорад, чунин аблаҳиро ба худаш ва зану фарзандаш раво намебинад. Чанд руз боз дар ютуб филмҳо дар бораи хакикати Доишро тамошо дорам. Дилам аз сиехпушии мардону занони ин гурухи ҷохил рости бехузур шуд. Дар як навор зани араб мегуядб ки ман шохид будамб ки зане бояд таваллуд мекард. То сахар касе ба додаш нарасид. Аз хунравии шадид мурд. Шавхараш вакте омадб хатто зиқ хам нашуд. Мусулмони куҷост?
Хама ифлосанду расво дузду горатгар, касофат...
Барои худ хулоса кардам, ки занону модарони докабасари мо хазорбор мусулмонтаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)