Тағйироти кадрӣ: Таъини сафирони нав дар Австрия, Қатар ва Озарбоҷон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон бархе сафиронро аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо афроди дигарро таъйин кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон Насрединов Исматулло Ҳикматуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Австрия, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия), сафири Тоҷикистон дар Италия, Словакия, ва Маҷористон озод шудааст. Бо фармони дигар Президент Идибек Қаландарро сафири Тоҷикистон дар Австрия таъин кардааст.
Соҳибзода Хисрав Соҳиб ба ҷойи Ардашер Қодирӣ сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъйин шудааст. Сабаби аз вазифа озод шудани Қодирӣ “ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст.
Саидов Зоҳир Озодович ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон озод шудааст. Бо як фармони Президент, Рустам Солӣ сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |