Шарҳи ВКД дар бораи 2 садамаи маргбори роҳи Хуҷанд-Ашт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 2 садамаи маргбори нақлётии 15 август, дар роҳи Хуҷанд-Аштро, ки боиси марги 4 нафар гардид, шарҳ додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, санаи 15 август, тахминан соати 16:30 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шатман”, таҳти идораи Абдуҳалим Муъминов, сокини 29-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Ашт-Хуҷанд, дар километри 48-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматов аз уҳдаи таъмини бехатарии ҳаракати роҳ набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай Портер” бархӯрдааст.
Манбаъ афзуд, дар натиҷа ронандаи “Хундай Портер” Зарифҷон Ибрагимови 37-сола ва мусофирони автомашина - Қумрӣ Ибрагимоваи 67-сола ва ноболиғ Ибрагимов Шодовар Зарифҷоновичи 13-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд: “Таҳқиқи ин ҳодиса давом дорад”.
Қаблан шоҳидони ҳол иттилоъ доданд, ки дар ин садама 3 узви як хонавода-модар, фарзанд ва набера, зодагони деҳаи Бободархони Ашт ба ҳалокат расиданд, ки аз Хуҷанд ба мағозаашон дар Ашт маҳсулот мебурдаанд.
Инчунин 15-уми август дар роҳи Ашт-Хуҷанд садамаи дигари маргбор ба қайд гирифта шудааст: “Ҳодиса тахминан соати 07:35-дақиқа рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, Сатторов Адҳам соли таваллудаш 1965, сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, корманди “Шабакаи барқ”-и ҳамин ноҳия, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Ашт-Хуҷанд дар километри 35-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳробод бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, таҳти идораи ронанда, Низомиддинов Ҳусниддин соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, хурдсол, Эшонова Роҳила соли таваллудаш 2017, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |