Боздошти маҳбуси собиқ, ки дар зиндон бо шаҳрванди Афғонистон “забон як кардааст”

Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти як маҳбуси собиқ хабар дода, гуфтааст, “замони адои ҷазо дар муассисаи ислоҳӣ, барои харидории маводи мухаддир робита пайдо намудааст”.
Сомонаи расмии агентӣ мегӯяд, дастгиршуда сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин буда, қаблан ду маротиба – барои дуздӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор маҳкум шудааст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи агентӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, боздошти гумонбаршуда 17 август дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Турконии ноҳияи Мӯъминобод сурат гирифт: “Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи сабукрави “Мерседес”-и мутаалиқ ба ӯ ду борхалтаи полиэтиленӣ бо маводи алафи хушккардашудаи бӯи махсус дошта дарёфт ва мусодира гардид”.
Ба иттилои Раҳматуллоев, мутахассисони Шӯъбаи экспертизаи судии агентӣ муайян намудаанд, ки маводи мусодирашуда бангдона буда, вазни умумии он 24 кг 550 гр мебошад.
Ӯ афзуд, гумонбаршуда ҳангоми иҷрои ҷазо дар муассисаи ислоҳии Тоҷикистон бо як шаҳрванди Афғонистон робитаи ҷиноӣ пайдо намуда, минбаъд маводи нашъаоварро аз ӯ харидорӣ намудааст: “Дастгиршуда вақти дар маҳбас будан бо шаҳрванди Афғонистон забон як карда, нақшаи харидуфурӯши маводи мухаддиро мекашанд. Шаҳрванди Афғонистон низ ба иттиҳоми қочоқи маводи махаддир маҳкум гардида буд ва бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромадааст”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст, аммо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян ва дастгир намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |