Бахшҳо

Қатлу таҳқиру “кидат”: Қиссаи Парвиз ва бародараш Ҷовид

“URA.RU” бо нашри саргузашти Парвиз, муҳоҷири тоҷик ва бародари калонияш Ҷовид, ки гӯиё худкушӣ кардааст, ҳаёти сангини муҳоҷиронро дар Русия тасвир карда, афзудааст, ки қатлу таҳқиру "кидат" муҳоҷиронро зидди ҷомеаи Русия қарор медиҳанд.

Расона аз қавли Парвиз навиштааст, ки пулкоркунӣ дар Русия мушкил шуда, бештар вақт муҳоҷирон “кидат” ҳам мешаванд. Парвиз гуруҳи хурди сохтмончиёнро дар Екатеринбург роҳбарӣ мекунад ва макони зисташон низ ҷойи кор мебошад: “Қаблан вақте пул буд, иҷора мегирифтем, аммо имрӯз ин имконнопазир аст”.

Аз маоши паст, то мушкили ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳқир

Парвиз мегӯяд, моҳона бо ҳамроҳонаш 25-30 ҳазор рублӣ даромад доранд ва зимистон бо сабаби коҳиши кор даромадашон низ то 20 ҳазор мерасад: “Қаблан ба хона маблағ мефиристодам, аммо ҳоло наметавонам чун кам аст. Дар он ҷо ду кӯдар ва падару модари нафақахур дорам”.

Дар мавриди ҳуҷҷатҳо Парвиз изҳор доштааст, ки бештари маблағаш барои дарёфти патент сарф мешавад: “Бо патент мешавад дар Русия истод, агар набошад ту аллакай ғайриқонунӣ мешавӣ. Арзиши патент 4 ҳазор рубл аст, аммо дарёфти он бо ин маблағ ғайриимкон мебошад. Ҳуҷҷатҳоро ҳафтаҳо моҳҳо омода мекунӣ ва агар тариқи миёнаравҳо хоҳӣ зудтар анҷом диҳӣ, арзиши омодасозии санадҳо ду баробар гарон мешавад. Тасаввур кунед, ман 20 ҳазор рубл кор мекунам, 12 ҳазорашро барои патент медиҳам, боқимонда 8 ҳазори дигар мемонад, ки барои рӯзгузаронӣ мерасад. Барои фиристодан ба хона намерасад”.

Сохтмончии тоҷик илова намудааст, ки муносибати русҳо ба муҳоҷирон солҳост тағйир наёфтааст, баъзе ин қишрро инсонҳои гуруҳи дуввум мешуморанд ва бисёр вақт ба таҳқиру пастзанӣ роҳ медиҳанд: “Маро “чурка” ҳам гуфтанд ва борҳо таъкид кардаанд, ки ҷойи ту Тоҷикистон аст”.

“Кидат”-и корфармоён

Парвиз мегӯяд бо ҳамроҳонаш зиёд мавриди фиреби корфармоён қарор гирифтааст: “Дар як ҷой аз ман 69 000 рубл қарздоранд, корфармои дигар 49 ҳазор қарздор аст, телефонашро намебардоранд, сеюми 17 ҳазор рубл қарздор аст”. Ӯ аз ҷандин ҳолати фиреби корфармоёни рус мисол оварда мегӯяд, соли 2015 тавассути як шиносаш барои таъмири дохили корхонаи “АкваПродукт” даъват шуд ва се нафар давоми 20 рӯз дар анбори хунук кор кардаанд, аммо маблағи ваъдагиро нагирифтанд: “Андрей Валентинович, раҳбари корхона барои се нафар, ки 20 рӯз кор кардем ба ҷойи 89 ҳазор, 20 ҳазор рубл доду моро ронд. Чанд бор занг задам, аммо набардошт. Вақте духтарам бемор шуд боз барои маблағ занг задам, аммо ин бор гуфт, ки “ба ҳар куҷое хоҳӣ муроҷиат кун пул намедиҳам”.

Ин муҳоҷири тоҷик гуфтааст, барои баргардондани пулҳояшон ба пулис ва сафоратхонаи Тоҷикистон борҳо навиштаанд, аммо ягон беҳбудие нашудааст.

Марги бародар ва бехабарии волидон

Қатлу таҳқиру “кидат”: Қиссаи Парвиз ва бародараш Ҷовид“URA.RU” менависад се сол қабл дар ҳаёти Парвиз фоҷиае рух дод, бародараш Ҷовид гум шуд. Ҷовид бародари калонии Парвиз ронандагӣ мекардааст. Дар Санкт-Петербург кораш пеш нарафт, дар Маскав низ ҳолат беҳ нашуд. Бо даъвати ҳамсинфаш барои ронандагӣ ба Челябинск рафт. Парвиз мегӯяд, бародараш ронандаи мусофирбар шуд, аммо дар нахустин рӯзи ронандагӣ ба садама дучор шуд: “Семён, масъули хатсайри 19 дар рӯзи нахуст ба бародарам гуфтааст, ки ба кор барояду ӯ машғули таҳияи ҳуҷҷатҳояш мешавад. Бародарам ба хатсайр баромад ва дар аввалин рӯзи корӣ садама кард. Ҷовид ба Семён занг мезанад, ки чӣ кор кунад. Семён гуфтааст, ки ҷойи ҳодисаро тарк кунад вагарна ӯро дошта ҳабс мекунанд. Бародарам аз ҷойи ҳодиса фирор кард, аммо баъдан дошта ӯро ҷарима карданд”.

Парвиз афзудааст, ки баъди ин моҷароҳо худаш ба Тоҷикистон омад ва то моҳи майи 2014 бо Ҷовид дар тамос буд: “Аз телефон шунидам, ки Семён аз Ҷовид барои автомобилаш 1 миллион рубл талаб дорад. Таҳдид ҳам кардааст, ки мекушад, баъди ин тамос бо Ҷовид қатъ гашт ва ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд”.

Ӯ мегӯяд бародарашро тариқи пулис ва ҳатто барномаи телевизионии “Жди меня” кофтанд. Пас аз кофтукобҳои зиёд мактуб омадааст, ки Ҷовид худкушӣ кардааст, аммо Парвиз ба худкушии бародараш бовар надорад: “Ба ман гуфтанд, ки ӯ худро парондааст, аммо ӯ аз куҷо силоҳ ёфт?”

Ҷасади Ҷовидро дар яке аз қабристонҳои Челябинск ба хок супоридаанд, аммо волидон аз марги фарзанди калонияшон ҳанӯз хабар надоранд: “Ман ба онҳо хабар надодам. Бо телефон наметавонам дар ин бора гӯям. Вақте хона меравам, намедонам”-мегӯяд Парвиз.

Муаллифи матлаб таъкид намудааст, ки сарфи назар аз мушкилот Парвиз меҳнатдӯст аст ва ба оянда умеди нек дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)