Ҷопон ба вилоёти Тоҷикистон техникаи барфтозакунӣ медиҳад (АКС)
Ҳукумати Ҷопон дар пайи барфрезии шадиди зимистони гузашта тасмим гирифтааст, ки ба ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоятҳо ва навоҳии тобеи маркази Тоҷикистон техникаи барфтозакунӣ ҳадя кунад.
Тибқи иттилои сафорати Ҷопон 4 созишномаи грантӣ имрӯз, 28-уми август дар Душанбе дар ҳузури генерал Рустам Назарзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба имзо расиданд: “4 созишномаи грантӣ, ки ҳар кадомашон 100 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доранд, аз сӯи Томохиро Накагаки, муовини роҳбари ҳайати Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва роҳбарони ситодҳои ҳолатҳои фавқулоддаи навоҳии тобеи марказ, ВМКБ, вилоёти Суғду Хатлон имзо шуданд”.
Манбаъ маблағи умумии 4 созишномаи грантиро 401 ҳазору 820 доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки сафорат бо ин маблағ ба манотиқи Тоҷикистон техникаи барфтозакунӣ пешиҳод мекунад.
Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон аз соли 1996 то имрӯз 380 лоиҳаи кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башариро амалӣ кардааст, ки арзиши умумии онҳо 30,7 миллион долларро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |