Элизабет Миллард Тоҷикистонро тарк мекунад

Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Душанбе фардо, 31 август Тоҷикистонро тарк мекунад.
Тавре аз ин сафорат ба “Озодагон” гуфтанд, хонум Миллард раҳбари Бюро оид ба масоили Аврупо ва АвруОсиёи Департаменти давлатии ИМА таъин шудааст. “Ба чунин вазифаи баланд таъин гардидан шарафи калон аст, аммо барои сафир Миллард аз Тоҷикистон рафтан, ниҳоят мушкил аст. Дар муддати якуним сол ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, фарҳангу забони ғании он, ба хусус, меҳмоннавози халқи он ҳаловат мебурд”,-афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло сафири нави ИМА дар Тоҷикистон таъин нашуда, аз ин рӯ Кевин Коверт, муовини роҳбари намояндагии дипломатӣ ҳамчун кордори сафорат фаъолият хоҳад кард.
“Давоми фаъолияти кории Элизабет Миллард, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ҳамкориро дар доираи платформаи С5+1 пурзур намуданд, ки он ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида имконият дод, то ҳамкориро дар ҷодаи манофеи муштарак амалӣ созанд. Ду кишвар 25 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро қайд намуданд, ки ин шарикӣ ба пешрафти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, инчунин ҳамкориҳои низомӣ мусоидат менамояд”,-таъкид намуданд дар Сафорати ИМА дар Душанбе.
Хонум Миллард баъд аз адои савганд, ки маросими он 14 декабри соли 2015 дар Вашингтон (округи Колумбия) баргузор гардид, ба ҳайси сафир ба Душанбе омад. Ӯ дорои рутбаи баланди Мушовир-фиристода буда, дар Ҳиндустон ва дар Қазоқистон кор кардааст.
Элизабет Миллард фаъолияти дипломатии хешро аз соли 1992 шурӯъ намуда, дар Касабланка, Копенгаген, Катманду, Прага фаъолият кардааст ва якчанд вазифаи дохили давлатиро низ бар дӯш доштааст.
Соли 1978 соҳиби дараҷаи бакалаври илмҳои иқтисод аз Мактаби иқтисоди Лондон гаштааст, соли 1981 дараҷаи магистраро аз Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинс соҳиб гаштааст. Барои фаъолитяи кориаш чанд маротиба соҳиби мукофотҳои Департаменти давлатии ИМА гардидааст. Ӯ ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, даниягӣ ва каме бо забони рӯсӣ ҳарф мезанад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |