Бахшҳо
12 сен 2017 15:52Ҳуқуқи инсон

Писарони Шербеков пеш аз пайвастан ба ДИИШ падарро номусалмон гуфтаанд

Шариф Шербеков марди узбектабор, сокини 61-солаи деҳаи Қизилнишони ҷамоати деҳоти “20 солагии Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиён дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки дар фикри тақдири фарзандону набераҳояш мебошад, ки ба нақли мақомот дар Сурия қарор доранд.

Ин мард мегӯяд, ғами писаронаш фаромуш нашуда буд, ки баъди пайвастани 7 узви хонаводааш ба “Давлати исломӣ” ҳамсар ва ду келинаш мехостаанд, Сурия раванд, вале боздошт шуда, ҳоло дар зиндон қарор доранд. Шербеков тайи чанд соли охир дар хонаводаи танҳо бидуни ҳамсар ва келину набера зиндагӣ мекард, баъди ҳабс шудани ҳамсараш бо зани дигар аз нав издивоҷ карда, дар хонаи ӯ зиндагӣ мекунад.

Шариф Шербеков мегӯяд, фарзандонаш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо мардуми Ӯзбекистону Доғистон кор мекарданд, ки баъди бозгашт ба хона нишонаҳои ифротгароӣ дар онҳо дида мешуд ва ин ҳатто ба занони хонавода низ таъсир расонд. Муносибати фарзандонаш бо ӯ тағир ёфта мегуфтаанд, ки падаррашон бояд риш монаду намоз хонад: “Ҳамеша ба ман мегуфтанд, ки ту бояд намоз хонӣ, шахси бенамоз биҳишт намеравад. Аз қасобхонае, ки қасобонаш намоз намехонанд гушт харидорӣ накун, ки гушти онҳо ҳаром аст".

Ба гуфтаи ин мард фарзандонаш бо мардуми бегона, ки берун аз кишвар кор мекарданд онҳоро мағзшӯӣ кардаанд, ки соли 2014 аз Русия ба Сурия рафтаанд.

Шербеков мегӯяд, писари калонаш Исмати 35-сола соли 2010 ба Федератсияи Русия рафт, бародаронаш Асадуллои 30-сола ва Раҳматуллои 27-соларо даъват кард. Баъдан Оиша, ҳамсари Исмат бо чаҳор кӯдакаш низ ба назди шавҳараш ба шаҳри Маскав рафтааст. Ӯ меафзояд, баъди чанд моҳе Исмат бо зану кӯдаконаш ба Сурия рафта, баъдан бародаронашро ба онҷо даъват кардааст.

Ин марди ғамдида, ки якбора се писар ва келину чаҳор набераашро чор сол аст надидааст ва бовар ҳам надорад, ки писаронаш зинда ҳастанд ё мурда, вале дар орзӯи он аст, ки чаҳор набераи ноболиғашро дубора зинда бубинад. “Мумкин фарзандонам мурда бошанд, ин хел фарзанд ба ман даркор нест. Дар ин деҳа моро шарманда карданд. Агар набераҳоям сиҳату саломат баргарданд, нағз мешавад”,-гуфт Шербеков.

Мусоҳиби мо нақл кард, ки намедонист узви хонавода ҳамагӣ ифротӣ ҳастанд, вале муносибати аъзои хонавода бо ӯ таъғир ёфта буд. Ба ӯ мегуфтаанд, барои он ки намоз намехонад, бояд аз хона равад.

Шариф Шербеков нақл мекунад, ки тобистони соли 2015 ҳамсараш Адолат, ки 60 сол умр дорад бо ду келинаш қасди рафтан ба Сурияро карда, дар марзи Қирғизистон қабл аз сафар боздошт шудаанд. Щоло ба муҳлати 5 то 6 сол равонаи зиндон шудаанд. Вай мегӯяд саломатии ҳамсараш Адолат чандон хуб нест ва зуд фишораш баланд мешавад: “Ҳамсарам мегӯяд, ки аз кори кардагиаш пушаймон аст, хабаргириаш меравам. Саломатиаш хуб нест, фишораш пасту баланд мешавад. Дирӯз ба 700 сомонӣ дору харида бурдам. Дигар чора надорад, подоши кори кардаашро аз давлат гирифта истодааст”.



Фарзанди калонии Шариф Шербков қабл аз сафари дубора ба Русия дар деҳа мардумро ба роҳи Ислом даъват мекардааст. Аз онҳо даъват ба амал меовардаст, ки бояд риш монад ва намоз хонанд. Падараш борҳо ба ӯ таъкид кардааст, ки бо ин амал ояндаи худро норушан месозӣ.

Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон мегӯяд, садҳо хонавода мисли Шариф Шербеков солҳо аз фарзандонашон хабар надоранд ва мунтазири он ҳастанд, ки аз онҳо хабаре шунаванд. Тақдири онҳо низ маълум нест, ки дар чӣ шароите ба сар мебаранд.

Тибқи иттилои бахши кор бо дин ва танзими расму оинҳои ҳукумати ноҳияи Қубодиён аз соли 2014 то шаш моҳи соли 2017 беш аз 60 сокини ноҳияи Қубодиён ба ДИИШ пайвастаанд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд ва тақдири онҳо норушан аст.

Амонҷон Муҳиддинов

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)