Баъди 10 сол: Гумонбарони қатли духтари 14-сола боздошт шуданд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъди 10 соли қатли духтари 14-сола дар Конибодом аз боздошти муттаҳамон дар ин ҷиноят хабар дод.
Тибқи иттилои ВКД маъмурини милиса ду сокини 31-солаи Истаравшанро боздошт намудаанд, ки 10 соли қабл қасди дуздияшон бо қатли толибаи синфи 8 анҷомидааст: “Муттаҳамон 21-уми декабри соли 2007, тахминан соати 12:00-дақиқа бо мақсади дуздӣ вориди манзили истиқоматии марди 56-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Конибодом шудаанд. Дар ин ҳангом духтари ноболиғи соҳибхона, соли таваллудаш 1993 аз қасди дуздии онҳо огоҳ мешавад. Муттаҳамон духтарро бо чӯбдаст латукӯб намуда, сипас, бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидаанд ва ҷасадашро дар хонаи истиқоматияш бо истифодаи сӯзишворӣ оташ задаанд”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки феълан алайҳи боздоштшудагон бо иттиҳоми куштор, қасдан нобуд кардани молу мулк ва дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |