Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Баъд аз Ҳалимов. Русия гуфт, фармондеҳи қазоқи ДИИШ дар Сурия кушта шуд » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 август 2019, 18:50

Баъд аз Ҳалимов. Русия гуфт, фармондеҳи қазоқи ДИИШ дар Сурия кушта шуд

3 октябр 2017, 16:23

Расонаҳо бо истинод ба Вазорати дифои Русия хабар доданд, ки тайи ду рӯзи ахир дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои ин кишвар дар Сурия 7 фармондеҳи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИИШ) кушта шудаанд, ки миёнашон як зодаи Қазоқистон низ ҳаст.

"7 фармондеҳи сатҳҳои гуногун, аз ҷумла як зодаи Қазоқистон бо номи Абуислом ал-Қазоқӣ, ки ҳамлаҳои ДИИШ-ро дар водии Фурот ҳамоҳанг мекард, кушта шуданд"- гуфтааст намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков.

Ба огаҳии вазорат, фармондеҳони эҳтимолии ДИИШ тайи ду рӯзи ахир дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои ҳавоии Русия дар соҳили шарқии Фурот ҷон бохтаанд.

"Бо зарбаҳои ҳавоӣ маркази ҷамъоварӣ ва омода кардани зархаридони хориҷии ДИИШ, аз ҷумла 40 ҷангҷӯ аз Қафқози Шимолӣ ва ҳамчунин гуруҳи фаврии снайперистони ДИИШ маҳв карда шуданд", - иқтибос овардаанд расонаҳои Русия аз суханони Конашенков.

Ин ҳам дар ҳоле ки аввалҳои моҳи сентябр Вазорати дифои Русия эълом кард, дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои Русия ба маҳалли террористон “вазири ҷанг”-и ДИИШ Гулмурод Ҳалимов кушта шуд. Ба иттилои манбаъ, дар баробари Ҳалимов, се қумондони саҳроии дигари таъсиргузори ДИИШ ва 40 ҷангии қатории ин созмони террористӣ низ маҳв шудаанд. Миёни қумондонҳои кушташуда аз “Абу Муҳаммад Аш-Шимолӣ”, ки масъули молия ва интиқоли ҷангиёни нав ба пойгоҳи тамринотии ДИИШ будааст, ном бурда мешавад. Вазорати дифои Русия гуфтааст, як қатор хадамоти вижаи Аврупо ӯро созмондиҳандаи амалҳои террористии Париж дар ноябри соли 2015 медонанд.

Русия дар ҳоле мегӯяд, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини "ОМОН"-и Тоҷикистонро маҳв кардааст, ки дар гузашта расонаҳои ғарбӣ борҳо аз кушта шудани ӯ хабар додаанд. Бори охир моҳи апрели соли равон маҷаллаи “Таймс” аз марги Ҳалимовдар шаҳри Мосули Ироқ хабар дода буд. Ин расона бо такя ба манобеаш дар мақомоти низомии Ироқ навишт, ки "вазири ҷанг"-и созмони террористии “ДИИШ” Гулмурод Ҳалимов дар пайи зарбаи ҳавоӣ дар қисмати ғарбии Мосул кушта шуд.

Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 дар як навори видеоӣ эълон кард, ба ДИИШ пайвастааст. Он замон ӯ раҳбарии “ОМОН”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

30 августи соли 2016 Курт Райс, муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳои назди дафтари амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА дар як суҳбати телефонӣ бо хабарнигорон гуфт, Амрико барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши Гулмурод ҳалимов 3 миллион доллар ҷоиза медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, Ҳалимов дар ИМА дар чанд давраҳои омӯзишии мубориза бо терроризм омӯзиш дида, як ҷанговари бисёр ҳирфаӣ мебошад ва аз шеваҳои муборизаи Амрико бо гуруҳҳои террористӣ огоҳ аст. Масъули Департаменти давлатии ИМА огоҳии Ҳалимовро аз шеваҳои мубориза алайҳи терроризм хатарнок хонда, илова намуд, “ин метавонад ба нафъи мо набошад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!