Бахшҳо

Танзи сиёсӣ: Тахтабанд дар моварои ду арсаи бениҳоят

Фикр мекунед, чӣ умумияте метавонад мо тоҷиконро бо парайа ном қабилаи сокини ҷангалистони Амазони Амрикои Ҷанубӣ пайванд бидиҳад? Оре, ҳама инсон ҳастем, дар як сайёра зиндагӣ мекунем, аз як ҳаво нафас мекашем ва бисёре аз умумиятҳои дигар. Вале агар пурсида шавад, чӣ ҳаст, ки моро дар ду қутби муқобил қарор медиҳад, посухи Шумо чӣ хоҳад буд?


Медонам, медонам, мегӯед ин чи ҳамоқату чи беинсофист, ки моро, миллатеро бо чунон таъриху фарҳанги куҳану пурғановат бо чунин қабилаи нимаурёну нимаваҳшӣ дар як радиф мегузорӣ, қиёс мекунӣ? На, на, комилан роҳат бошед, азизон, биеӯд, аз рӯи одат зуд ба “умқ" ба “гузаштаи дури пурифтихорамон” фуру наравем. Мо фақат мехоҳем лаҳзае дар истгоҳи “Имрӯз”-амон таваққуф намоему роҷеъ ба як падидаи наве, ки дар забони ширину пурғановату малакутиамон ба зуҳур омада, суҳбат кунем.

Парайа, шояд дар дунё ягона қавмест, ки забонаш замони гузашта надорад. Ҳарчи соҳибони ин забон мегӯянду меандешанд, ҳамин ҳолост, ба гузаштаашон коре надоранд, рафта рафт, гузашта гузашт... Гӯӣ, ҳамон фармудаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро, бидуни ин ки ӯро бишносанд, дастури зиндагии хеш қарор додаанд:
З-омада шодмона бояд буд,
В-аз гузашта накард бояд ёд.


Вале мое, ки худро “ворисони арзанда”-и ин бузургвор медонем, чӣ сабки зиндагиро пеш гирифтаем? Ҳар ҷо ки навиштаесту маҳфилесту суҳбатест, ё лофу газофи гузаштаҳои дури бениҳоят аст ё афсонаи парвоз дар фазои орзуҳои ҳавоии ояндаи бениҳоят. Имрӯзамон тахтабанд аст дар миёнаи ин ду арсаи бениҳоят. Гӯӣ, забони мо замони ҳозира надорад. На, албатта, дорад, вале ба иллати он ки мадиде истифода накардем, мунфаъилу беруҳу корношоям шуда ё ба таъбири забоншиносон, ба “архаизм” табдил ёфтааст. Шумо, барои мисол, дар ҷамъе суоли одиеро матраҳ кунед. Баъд бинед, чи моҷарое бармехезад. Ҳар кудоме аз мусоҳибон, нахуст чун ғаввосе ба “ъумқи таърихи пурғановати миллат” фуру мераваду аз онҷо “Гавҳархои ноб” берун меораду ба дасти шумо мерезад ва баъд шоҳине мешаваду ба авҷи осмони мусаффои ояндаи ин миллати куҳанбунёд бол мекушояд. Аз сиёсатмадораш, аз муллояш, аз зиёияш, аз подабонаш, аз деҳқонаш суол кунед, тақрибан ҳамин манзараро шоҳид хоҳед шуд: аз имрӯзашон суроғ кунед, шуморо ба сайре мебаранд -- аз қаъри гили сиёҳ, то авҷи Зуҳал... Масире, ки истгоҳи “ИМРӮЗ” надорад.

Агар ба мавзӯъ аз дидгоҳи синфият нигарем, манзара боз ҳам рӯшантар ба назар мерасад. Табақаи зиёиён -- аҳли илм, адаб, ҳунар, маърифат, зимни тадқиқоту ҷӯстуҷӯю ковишҳояшон, умдатан, хеле амиқ фуру мераванд - аз худи пайдоиши Ҳазрати Одам сар карда то пайдоиши қавме ба номи таҷию тазику тозию...ва ғайра, баъд Куруши Кабиру... шаҳрҳои “шукуфону ободон”-и (шаҳрҳои имрӯзаамон дар чӣ ҳол, намебинанд, муҳим нестанд) ҳазору ан сол пеш аз милод (дар пасманзар баҳсҳои доғе роҷеъ ба шаҳри ки қадимитар ва ғ.); баҳсҳои перомуни шеъру адаби асрҳои мози, чеҳрашиносӣ, либосшиносии гузаштагон (дар пасманзар -- қавораи ки тоҷиконатар, либоси ки тоҷиконатар) ва дигар “бозёфт”-ҳои шигарфе аз гузаштаи пурифтихорамон. Ҳамин чанд рӯзи охир баҳси ҷӯшоне миёни як рӯшанфикри матраҳ ва чанд муллои “мудерн”-амон шабакаҳои иҷтимоиро тафсонида буд: дар бораи таърихи Бурхи валию “кунда”-и (ба таъбири як мулло) уву номи фарзанди Одам Шиш буд ё Шус буду... ва анвоъе аз ҷилваҳои доноию фазлфурӯшӣ. Баъд, чӣ гуна фикр накунӣ, ки “аҷаб одамҳоем мо! Бархе аз ҳоли падарамон бехабарем, қабри як пуште аз гузаштагонамонро намедонем дар куҷосту дар чи ҳол аст, вале омодаем дар сари устухонҳои пӯсидаи ҳазоруансолаи кадом раҳгузаре саҷда кунему ашк бирезему гиребон дарем...”

Ин тобистон, вақте дар Ватан будам, мағозаҳои китобфурӯшии Душанбешаҳрро, ба таъбири устод Муъмин Қаноат, "...Зи сар ба бар қадам задам", хостам рисолае дар бораи имрӯзи кишварамон, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии он пайдо кунам. Вале ҳайҳот! Тақрибан, ҳама таълифот, хоҳем бо як ҷумла ифода кунем ё аз гузаштаи пурифтихор ё ояндаи дури пурсаъодат ҳикоят мекарданд: мо, ки соҳиби гузаштаи пурғановат ҳастем, рӯзе ҳатман, ба ояндаи дурахшон хоҳем расид! Магар дирӯзи шумо имрӯз надорад, ҳой мардум! Магар фардои шумо аз имрӯз ибтидо намегирад? Чаро ИМРӮЗро фаромӯш кардаед?!

Хуб, баргардем ба масири аслиамон -- масири оворагию парешонии миллате дар моварои ду арсаи бениҳоят. Қишри дигари дар ин бодия саргардон, чуноне ишора кардем, руҳониён, муллоҳо, аҳли дину тақвоянд. Инҳо, дар қиёс бо зиёиёнамон, дӯст надоранд, зиёд ба ъумқ, ғуттавар шаванд -- факат 1400 сол, бо аз ин пешаш душмании шадид доранд, аввалу охири дунёшон дар ҳамин истгоҳ дар сари алифе “гир” афтодааст. Вале орзӯҳошон осмонҳоро дарменавардад -- то ба он сӯи пардаи асрор, он бари пули сирот, то ба боғҳои минуӣ, сояи Тубою қасри ҳур... (Албатта, зираконе аз ин миён биҳишти нақдашонро дар ҳамин дунё ҳам ҳосил кардаанд, ки коре надорем, ҳалолашон бод!). Даъвоҳою ҳадафҳошон ҳам, мисли орзуҳошон, фарогиру пурвусъат. Хаёлашон, ба фармудаи Хоҷа Ҳофиз, ...ҳавсалаи баҳр мепазад, ҳайхот, Чиҳост дар сари ин қатраи мухоландеш?!

Роҷеъ ба қишри дигари ҷомеъа -- сиёсатмадорон, намояндагони мардум, кормандони баландпояи мақомоти давлатӣ зиёд ҳарф намезанем. Инҳо дар истгоҳи “Имрӯз” дар интизори расидани аробаи шалақу фарсуда аз дуриҳои пурифтихор ба хоби амиқ фурӯ рафтаанд. Метавонед набзашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, васоити ахбор ва ғайра бисанҷед. Ором, хеле ором, хеле-хеле ором метапад, мисли набзи мавҷуди рафта дар хоби амиқ. Оҳистакак нуқта гузорем, бедор нашаванд мабодо... Фақат, як ташреҳи кутоҳакак: дар ин рӯзҳои мубораки таҷлил аз забони модариамон метавонем худро бо тавлиди замони наве дар забонамон табрик гӯем-- замони ҳозираи ноҳозир муборакамон бод!

Азиз САНГИН
Мӯҳр
Устод Азиз Сангин,
Сараввал саломи боэхтирому самимии худро расонида , сониян гуфтаниам, ки дарёфт кардани иттилоти тахлили дар бораи вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии имрӯзи кишварамонхаргиз набояд мушкилиеро эчод кунад ва ба фикри банда бехтар мебуд, агар дусти нихоят гироми, чихати дарёфти чунин мавод ба сурогаи аслии онхо мурочиат менамудед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)