Бахшҳо
03 авг 2012 08:44Сӯҳбати рӯз

Ҳаёт Неъмат: Маддоҳӣ мунофиқӣ аст

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ шоир ва яке аз донишмандони тоҷик рӯзи 31-уми июл 69 сола шуд. Ин марди хирад аз зумраи он нафаронест, ки дар баробари муваффақтарин муҳосиботчӣ буданаш, ҳаёти худро дар ташаккули забони тоҷикӣ бахшидааст. Зодгоҳи Ҳаёт Неъмат деҳаи Қаволаи Самарқанд аст, вале наздик ба шаш моҳи охир ба дунболи корҳои эҷодияш дар Душанбе истиқомат дорад.  Хабарнигори Озодагон аз ин фурсати муносиб истифода бурда тасмим гирифт, мусоҳибае бо Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ анҷом диҳад:

-Шумо, ки чанд вақт боз дар Душанбе хастед боре мушоҳида кардед, ки  миёни мардум асолати забони тоҷикӣ  то куҷо нигоҳ дошта шудааст ва ин меъёр дар  Самарқанд чи гуна аст?

-Хушбахтона Самарқанд асолати қадимаи худашро дар хусуси риояи забон то ҳозир нигоҳ доштааст. Бо вуҷуди ин қадар таъзиқоти замони Шуравӣ ва замони истиқлолият, бо вуҷуди бастани ин қадар мактабҳои тоҷикӣ. Вале дар Душанбе ин ҳолат баръкс аст. Яъне дар пойтахте, ки шиорҳо навишта шудааст, ки "Шаҳрванди пойтахт будан ифтихор аст", забони тоҷикӣ асолати худро гум кардааст. Забони зиндаи гуфтугӯ дида намешавад. Ҳатто вақте вазоратҳо меравед дар он ҷойҳо забонашон хароб аст, ба телевизионҳо назар афканем чунин норасоӣ дида мешавад. Сабаб дар он аст, ки мардуми аз деҳот ба шаҳр омада худашро ба шаҳр мутобиқ карда натавонистааст. Имрӯз мардум аз кадом деҳоту навоҳие, ки омадааст, лаҳчаи худро истифода мебаранд.  Ман як таклифи сахт дорам, ки дар Душанбе барои ҳалли ин мушкилот курсҳои  бесаводӣ ташкил гардад. Дар ҳар як идора чунин курсҳои ташаккули забон ташкил кунанд.

-Устод то ҷое, ки медонам ихтисоси аввали Шумо ҳисобчӣ аст, вале чи боис шуд, ки ба таҳқиқи илми забоншиносӣ пайвастед?

-  Соли 1961 вақте пули Шӯрвӣ нав шуд, арзишаш паст фаромад, бобоям ба ҳамаи наберагонаш гилем ҳадя карду ба ман як китобе бо хати ниёгон бо номи "Луғат ул ғиёс" тақдим намуд.  Гуфтам: бобоҷон, ба ҳамаи наберагонатон гилем ҳадя кардед, ман рӯи замин хоб равам?  Он кас гуфтанд, ки "мулло Ҳаёт, ба шумо ҳамин китоб даркор. Барои такмили забонатон ин китоб лозим мешавад.  Дар ҳаётам ҳамин сабаб шуд, ки аз сини 18 солагӣ бевосита ба луғатхонӣ машғул шудам. Баъдан азбаски модарам муаллима ва духтари қозӣ буданд, ман дар ҳамин гуна муҳити забони зиндаи гуфтугӯӣ тарбият ёфтам. Забономӯзии ман аз ҳамин модарам низ оғоз. Агар девони Ҳофиз, Камол, Ҳилолӣ,  Сайидо ва  Бедил агар гум мешуд, бобоям метавонистанд  ҳаминро барқарор кунанд, ҳамин қадар хотираи қавӣ доштанд.

-Шумо ишора намудед, ки мактабҳои тоҷикиро дар Самарқанд бастанд метавонед гӯед, ки сабаб дар чи буд?

- Дар ин масъала ӯзбакистон гуё, ки пайравӣ бо дигар давлатҳо мекунад. Масалан дар Амрико бисёр миллатҳо зиндагӣ мекунанд, вале ҳама  забони англисиро ҳамчун забони модарӣ қабул кардаанду бо ин забон гап мезананд ё дар Фаронса низ ҳамчунин аст. Инҳо низ ҳамин хел  карданд, ки ин дар асл як шовинистист. Аз баски дар ҳарду ин кишвари ҳамсоя намояндаҳои ҳарду миллат бениҳоят зиёд аст, аз ҳамин сабаб дар ҳарду ин давлат ду забон тоҷикӣ ва ӯзбакӣ ҳамчун забони муоширату забони давлатӣ қабул гардад. Гузашта аз ин воқеаҳои соли ҷанги шаҳрвандӣ низ сабаб шуд, ки мактабҳои тоҷикиро бастанду ин қадар сари моро хам карданд, ҳатто худи мардуми тоҷик аз тоҷик рӯ гардонид. Он тоҷиконе, ки байни ҳамдигар ҷанг карданд аз онҳо дигар тоҷикон рӯ гардониданд. Ҳоло се мактаби тоҷикӣ  ҳаст ва умедворам вақте мешаваду дубора он мактабҳои тоҷикӣ  барқарор мешаванд.

-Устод фазои эҷодии Самарқанд барои Шумо то куҷо мусоид аст?

- Фазои эҷодии Самарқанд нисбати Душанбе хеле хуб аст. Дар ин ҷо бештар мадҳия менависанд. Хушбахтона мо аз ин чиз хеле дур астем. Дар Самарқанд он чи ки менависанд табиӣ менависанд. Онҳое, ки мадҳ менависанд онҳо шоир нестанд. Сабаби мадҳия гуфтан ин ҳама дар Душанбе нафс аст, яъне мансаб гирифтан нафс аст, медалу ифтихорнома гирифтан ҳам нафс аст. Ба ҷои лоф задан мо бояд ҳамаро бо чашми ҳақиқат нигоҳ кунем. Мутаассифона имрӯз мо ба гуфти Саъдӣ бо устухон мефахрем, бо устухони пӯсида мефахрем. Мо имрӯз камтар аз гузаштагонамон болиданамон даркор. Мо имрӯз бояд ба ҳоли худамон нигоҳ кунем. Аз гузаштагонамон фақат лоф мезанем, аммо аз ҳоли имрӯзаи худамон фақат чашм мепӯшем… Гузашта аз ин мунофиқиро бо замона ҳамқадам будан маънидод мекунанд ва шиорашон "замона бо ту насозад, ту бо замона соз" аст.

-Чи гуна мешавад гуфт, инсоне, ки бо замона ҳамқадам аст,  мунофиқ аст?

- Чунки он нафар дар замони Шӯравӣ бо Шуравӣ ҳамқадам буд ва акнун истиқлолият шуд ҷомаашонро, пӯстинашона чаппа карда бо замони истиқлолият ҳамқадам шуданд. Агар  фардо дигар замона ояд боз бо он замона ҳамқадам мешавад, ки ин мунофиқ аст. Одам бояд худаш бошад.

-Аввалин шеъри Шумо  кадом аст ва шеърнависиро аз кай шурӯъ намудед?

- Ман худам намедонам аз кай ба шеърнависӣ оғоз намудаам  ва аввалин шеърам кадом аст. Чунки ман дар даруни шеър калон шудаам, мо бо шеър бозӣ мекардем, модарам моро бо шеър бедор мекарданд, ки на дар ҳама хонадон ин чиз буд. Маҷмӯаи шеърҳои ман бо номи "Шир…!шеър…! шер" буда,  бештари мисраҳои он ба мавзӯҳои фалсавӣ бахшида шудааст.  Аксарияташ аз мушоҳидаҳоям аст. Ман ҳайрон мешавам ба баъзе шоирон, ки чи хел дар як сол 50-100 шеър менависанд. Як рӯз шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистонро  дидам як шоир дар бораи Ватан 12 шеър гуфт, ки ман ҳайрон шудам. Имрӯз дар шеърҳояшон мадҳи Ватану модар менависанду ба худ савол намедиҳанд, ки ин фаҳми модар-Ватан ин қадар сода будааст, ки як шоир 10-12 шеър менавиштааст? Як бор мушоҳида кунед дар он шеърҳо ҷои калимаҳо иваз шудаасту бас. Намешавад, ки аз 10 шеър як шеъри хуб нависанд. Яъне 10 шеърро ҷамъ кунанду якто шеър нависанд.

-Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Шумо дар куҷо будед?

-Солҳои чанги шаҳрвандӣ дар Самарқанд будам, вале ҳар лаҳза ба Душанбе меомадам. Масалан 11 феврали соли 1990 вақте хунрезиҳои бинои назди "Сека" сар шуд, ман 14 феврал омада аз телевизион баромад карда бисёр гапҳои сахт зада  гуфтам ки, "ой мардум Шумо ин ҷо ин қадар хунрезӣ мекунеду фикр намекунед, ки Шумо ин ҷо 4-5 миллион тоҷикед, мо он ҷо  12 миллион тоҷикем. Шумо забони моро кутоҳу сари моро хам мекунед. Вақте, ки ин ҳодисаи Хоруғро рӯзҳои наздик шунидам ғамгин шудам. Бубинед вақте ки тоҷик хуни тоҷикро мерезад магар вай тоҷик аст?  

-Бо кадом шоирони муосири тоҷик бештар робитаву муносибати наздик доштеду доред?

- Хушбахтона ман аз шоирони муосири тоҷик бо се шоир- Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ  ҳамчун додар, ҳамчун ҷигари зоида будаму ҳастам. Лоиқ  модари маро бибиҷон мегуфт.  Ҳатто 25 рӯз пеш  аз маргаш бо духтари калонии ман, ки Шоҳида ном дорад,  "Шоҳидҷон ҳаёти маро эҳтиёт кун" гуфта таъкид кард.  Бозорро вақте ки Амрико рафтам хонааш рафта хабар гирифтам. Бо Муъмин Қаноат ҳамеша шӯхӣ мекардем, ки ҳардуи мо акову додар ҳастем. Хуллас бо ин cе нафар хеле робита хуб доштем. 
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)