Номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Сооронбой Жээнбеков
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Сооронбой Жээнбековро барои пирӯзӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон табрик кардааст.
Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон, ки сайти расмии Президент нашр кард, омадааст, “дар робита ба интихоб гардидаданатон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо изҳори хушнудӣ ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам. Мардуми Қирғизистон бо ибрози иродаи худ эътимоди баландашро ба фаъолияти давлатии Шумо ироа намуд”.
Дар идомаи номаи табрикӣ гуфта мешавад, Тоҷикистон ва Қирғизистонро риштаҳои дӯстӣ ва робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, ки таърихи чандинасра доранд, ба ҳам мепайвандад: “Мо Шуморо ба ҳайси ҷонибдори собитқадами таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мешиносем. Бо ибрози манфиатдории худ ба тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи ҳамдастии Тоҷикистону Қирғизистон, изҳори итминон менамоям, ки мо метавонем бо саъйю талошҳои муштарак ҳамкориҳои кишварҳоямонро ба хотири ривоқу равнақи мардумонамон ба сатҳи сифатан нав барорем”.
Бар пояи маълумоти муқаддамотӣ Сооронбой Жээнбеков беш аз 54 дар сади раъйи мардумро дар интихоботи рӯзи 15 октябр ба даст овардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |