Тибқи амри президент барои ҳар як барандаи медали тилло 300 ҳазор, медали нуқра 250 ҳазор ва биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар карда мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президент, ин нишонаи возеҳи дастгирии бевоситаи райисҷумҳур аз варзишгарони ояндадори тоҷик ба хотири рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонону наврасон аст.
Маврид ба ёдоварист, тадбири навбатии президенти ҶТ барои рушди варзиш дар Тоҷикистон равона гардидааст. «Умед аст, ки минбаъд варзишгарони тоҷик натиҷаҳои аз гузаштаю имрӯза ҳам бештар, аз ҷумла дар бозиҳои 30 – юми олимпии (Лондон - 2012) нишон дода, парчамбардорони Тоҷикистони азиз дар мусобиқаҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ мегарданд»,- афзуд манбаъ.
Мӯҳр
« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |