Бахшҳо

Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ таъсис мешавад

Субҳи имрӯз, 17-уми май ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар қасри Таврическийии Санкт-Петербург дар ҷаласаи пленарии 37-уми Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ширкат намуд.

Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, дар кори Ассамблея ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Украина, инчунин Маҷлиси парлумонии Иттиҳоди Белорусия ва Русия,  Суди иқтисодии ИДМ ва дигар созмонҳои байнипарламентию Конфедератсияи сартосарии Иттифоқҳои касаба иштирок намуданд.

Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар ҷаласаи худ тибқи салоҳият ва рӯзномаи масъалаҳои баррасишаванда як идда қонунҳои моделӣ ва санадҳоеро, ки дорои характери тавсиявӣ дар таҳияи қонунҳои миллии кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз мебошад, ҷонибдорӣ ва кабул намуданд. «Дар Ассамблея барои дастгирии ҷавонон ва тарбияи сиёсатмадорони ояндаи кишварҳои аъзо иқдом гардид, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ таъсис дода шавад»,-афзуд манбаъ.

Дар фарҷоми Ассамблея Маҳмадсаид Убайдуллоев дар қароргоҳи Маҷлиси Олии Тоҷикистон, воқеъ дар қасри Таврический бо намояндагони парлумони ҷавонони Тоҷикистон вохӯрӣ намуда, ҷиҳати фаъолияти ҷамъиятии минбаъдаи онҳо барои идомаву ташаккули анъанаҳои неки рушди демократии ҷомеа ва интститути парламентаризм барои наслҳои оянда ҳидояту маслиҳатҳо дод.

 


 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)