Бахшҳо
04 июн 2012 04:25Адабиёт

ЛУҒАТНОМАЕ, КИ ҒАЛАТНОМА ШУДА

Кошки чун ростӣ надонистаӣ, ғалате ҳам ба даст набудӣ туро.

(Посух ба ҳайати мураттибони "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ)

(Айнулқузот)

БА ҶОЙИ САРСУХАН

Чун посухи ҳайати мураттибони "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ"-ро хондам, шармам омад, арақ  кардам,  об шудам, рехтам. Зеро ҳанӯз хонда ба охир наоварда будам, ки пирмарде нуронӣ ва муаддаб аз як гӯшаи қалбам сар аз хоб бардошт ва муҳтарамона, вале бо исрор гуфт: дӯстам, туро, ки як рӯз ҳам дар аспирантура нахондаӣ, дар Академияи улум ба таҳқиқ машғул нестӣ, дар Донишгоҳ тадрис намекунӣ, чи ҳадду ҷуръат аст, ки ба cе нафар забоншиноси маъруфу машҳур, ки аз худи ВАК-и Русия дипломи номзадӣ ва доктории илм гирифтаанд, мабонии забоншиносиро мисли панҷ ангушташон омӯхтаанд, дар фарҳангнигорӣ қаламу ангушт фарсудаанд, эрод бигирӣ, эшонро интиқод бикунӣ, ёдашон бидиҳӣ, ки калимаҳоро чӣ тавр бихонанд ва  чӣ тавр бинависанд. Ҳамин ҳоло бираву тавба кун, маъзарат бихоҳ ва дигар ҳаргиз пой аз ҳадди худ берун магузор! Бар асари ин суханон ду қатра ашки шӯри надомату пушаймонӣ аз ду рухсорам ғелида (шояд "шорида" гӯем дуруст бошад, аз устодони забон бояд пурсид!), аз байни анбӯҳи риши расидаи сафедам гузашта, ба манаҳам расида, хушкиданд. Ба дил гуфтам, аз худи  ҳамин рӯз дер накарда, клавиатураи роёнаамро хурд хоҳам шикаст ва дигар аслан чизе наменависам! Охир, забоншиносу фарҳангшинос набошам, ки дар бораи забону луғат бинависам, адабиётшинос набошам, ки шеъру ҳикоя таҳлил кунам, муаррих набошам, ки аз Сомониёну Ғазнавиён қисса кунам! Пас чӣ кор бояд бикунам?!  Дигар барои оҳангариву дуредгариро ёд гирифтанам дер шуд, зӯру тавони хиштрезиву гилкорӣ надорам! Барои ману мисли ман мардум ҷуз "кафкӯбиҳои пурмавҷи бардавом" ва "зинда бод"-у "ҷовидон бод" фарёд кардан кори дигаре  намемонад ва аслан мо худ кори дигареро намешоем.  Вале ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифта будам, ки ҷавоне густоху якрав аз гӯшаи дигари қалбам қомат афрохт, чунон қомат афрохт, ки маҷбур шудам гардан хам карда бингарамаш, ки чӣ мехоҳад. Вай  нигаҳе кӯтоҳ ва норизо ба пирмард афканд ва баъд рӯй ба ман оварду бо исрору қотеъона гуфт: Ҳаргиз! Чаро бояд узр бихоҳӣ! Ҳатман ҷавоб навис, чунон навис, ки иқрор кунанд, ки  "зебандаи худат" аст. Аз он ки қоидаи ҷумлаи мураккаби пайрав ва ё сифати феълиро фаромӯш кардаӣ, шарм макун! Асадии Тӯсӣ ва Муҳаммадҳусайни Бурҳону Муҳаммад Ғиёсиддин аслан рисолаи номзад ва доктори улуми филологӣ дифоъ накарда буданд! Ба виҷдонам қасам, агар ҳамин ҳоло аз гӯрашон зинда шуда биёянду пурсам, ки "ҷумлаи мураккаби пайвасти пайвандакдор"-ро таъриф кунед, ё  ки ба зери "ҷумлаҳои содаи ҷумлаи муракабби пайваст" ду хат кашед, чашмашон ҳайрону забонашон лол мемонад. Аммо фарҳангҳое, ки онҳо тадвин кардаанд, то ҳол мавриди истифодаи мардум ҳастанд. Яъне забоншиносӣ дигар асту забондонӣ дигар!  Дар байни забоншиносонамон ҳам баъзе забондонон ҳастанд, албатта, аммо агар мисли муаллифони "Фарҳанги мукаммал…" бошанд, ҳатман мазраъаи забонро аз онон бояд дифоъ кард! Вагарна пас аз чанд сол мебинӣ, ки ин бӯстон ба шӯразамин мубаддал гаштааст. Ҳамин ҳоло ҳам пур аз алафи бегона аст, ки хишовааш фурсату меҳнати зиёд мехоҳад! Ту худат, ки талабагону донишҷӯёни инзамонаро медонӣ?! Акнун, тасаввур кун, ки яке аз ин талабаҳои хуни бинӣ дар иншояш "анбор"-ро "амбор", "гунҷоиш"-ро "ғунҷоиш", "рустанӣ"-ро "растанӣ", "аҷдод"-ро "аждод", "афту андом"-ро "афту ангор" нависаду муаллимаи сахтгир зери ин калимаҳо хати сурх кашида, баҳои 2 монад, баъд ин талабаи бадфеъл ҳамин китоби ғафси 830 сафҳаиро, ки Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир кардааст, бардошта бараду ин калимаҳоро як-як ба муаллимааш нишон диҳад ва муаллимаи аз донишҳои нави замонӣ бехабар бо талабааш баҳс  бикунад ва талаба чӣ гуфтанашро надониста, ба қаҳру ғазаб омада, ҳамин китобро ба сари муаллимаи бечора занад чӣ мешавад?! Тасаввур кардӣ?  Чаро ранги рӯят парид. Натарс. Натарс. Ҳеч кас ҷуръат намекунад ин китобро ба сари ту бизанад. Лекин барои он ки муаллимони  бечораро аз дасти талабагони бо донишҳои нави забонӣ мусаллаҳ наҷот бидиҳӣ, бояд ҷавоб бинависӣ ва хатоҳои дигари ин фарҳанги мукаммали пурнуқсонро нишон бидиҳӣ! Фаҳмидӣ?!
Мани бечора дар аъроф мондам. Ба пирмарди муаддаб нигаристам, чашм гурезонду рӯй тофт, ба ҷавони густох нигаристам, дидам, ки мушт гиреҳ карда ва аз чашмонаш оташ мепаранд. Фармудаи чанд соли қабли худро ба ёд овардам ва дидам, ки чӣ сон дурусту рост навишта будаам: "чунонки ҳазор бор дар тӯли  таърих дидем,  боз  мушти зӯр  пирӯз шуд". Ва нишастаму навиштам.

ПОСУХИ ПОСУХ

Вақте ки тақриз ба китоби пурнуқсони "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ"-ро ба чоп месупурдам, медонистам, ки мураттибонаш ҳатман ҷавоб хоҳанд навишт, зеро аз собиқаи баҳсашон бо мунтақидони фарҳанги қаблиашон медонистам, ки танқидро мардона намепазиранд, балки бо суханони фиребанда (барои хонанда!), ду пой ба як мӯза халонда, аз ғалатҳояшон ҳимоят мекунанд, хатоҳояшонро савоб ҷилва медиҳанд ва рақибонашонро ба "нодонӣ" ва "ғараз доштан" мутаҳҳам мекунанд.
Ва инак, чунонки интизор мерафт, ҷавобашон чоп шуд (Озодагон, № 19, 16 майи соли 2012) ва низ мебинем, ки ҳам банда, ҳам муаллифони тақризҳо ба китоби "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" ва ҳам ҳафтаномаи "Озодагон"-ро ба ғараз доштан ба худ мутаҳҳам кардаанд! Як рӯзи дароз фикр кардам, ки  чаро ҳамагон ба эшон ғараз доштаанд, вале ҳеч нафаҳмидам! Аммо, эшонро бо гумонҳои хушашон  ба худашон  бигзорему бигзарем, ки фикру андеша ба кунҳи ин маънӣ намерасад!
Аз қабл медонистам, ки узрашон бадтар аз гуноҳ хоҳад буд. Вале ҳеч интизор надоштам, ки аз номи ман дурӯғ мебофанд, сухани худро ба ман мебанданд ва баъд боз худ ба ин бофтаҳои дурӯғини хеш посух мегӯянд. Чанд намуна меоварам. Навиштаанд: "Ё вожаи айғир, ки мазмуни шоҳидро аз Байҳақӣ тафаккур карда натавонистед: Айғир (аслаш айғар аст)  аспи нари зотӣ, нар, гушн. (Луғатнома, 1385, с.286) Гумон кардед, ки кӯҳон танҳо ба шутур  мансуб аст. Деҳхудо мегӯяд: кӯҳон баромадагӣ ва баландии пушт ва шонаи гов, зини асп аст. Дар мисоли Байҳақӣ зини асп аст, на кӯҳони шутур!"

Вале ман моддаи "айғир"-ро аз фарҳанги эшон айнан иқтибос карда будам, ки ин аст: "Айғир аспи нари зотӣ, муқ. байтал". Ва шоҳид: "Ва сарзинати ин айғири зебо як ҷуфт кӯҳон буд, ки чун ду гунбади зебо худнамоӣ мекард". Ва дар идома навишта будам: "Таваҷҷуҳ! Оё касе ҳаст, ки аспе кӯҳондорро дида бошад? Оё аслан аспи кӯҳондор вуҷуд дорад! Пас сухан дар ҷумлаи боло аз шутур аст ва агар сухан аз шутур аст, шарҳи калима нодуруст аст ва шарҳи дуруст ҳамон аст, ки дар Фарҳанги Муъин омада, яъне ба маънои умуман нар ва гушн".
Яъне, дар "Фарҳанги мукаммал…" 1) "айғир"-ро танҳо ба маънои аспи зотӣ овардаанд, шарҳашон комил ва дақиқ нест ва он чи ки аз "Луғатнома"-и Деҳхудо дар посухашон иқтибос кардаанд, дар фарҳангашон вуҷуд надорад; 2) шоҳиде, ки овардаанд ба таври возеҳ ишора ба  шутур мекунад, на асп; 3) ваҷҳи ишораашон ба ҷумлаи Байҳақӣ чист, мафҳум нест, зеро маъхази шоҳиде, ки овардаанд, "Садои Шарқ" аст, исми муаллифи ҷумларо наовардаанд ва ин ҷумла аз ҳеч яке аз Байҳақиҳо наметавонад бошад, зеро аз сабкаш пайдост, ки ҳосили қалами нависанда ва ё тарҷумони имрӯзист; 4) дар ҷавоби худ "Луғатнома"-ро нодуруст иқтибос карда ва ба "асп"-и он аз худ "нари зотӣ"-ро  афзудаанд.    
Навиштаанд: "Дар вожаи айлоқ лоф мезанед, ки онро ба маънои пойтахти давлати уйғурҳо дар ягон маъхаз пайдо накардед. Дурӯғ мегӯед! Бубинед, "Бурҳони қотеъ" ва "Нозимулатиббо" чӣ мегӯянд: "Айлоқ номи шаҳри пойтахти Хито ва Уйғур аст".
Вале ман навишта будам: "Маънои дувуми "Айлоқ"-ро пойтахти давлати уйғурҳо донистаанд. Вале нагуфтаанд, ин пойтахт дар куҷо ва дар чӣ замоне будааст. Ва албатта, ҷавобе ҳам надоранд, чун пойтахте ва шаҳре ба ин ном аслан вуҷуд надошт".

Чунонки, мебинед, дар навиштаи ман лофе нест! Ман ба эшон суол додам ва ҷавоби онро нагирифтам. Ва  ҳанӯз ҳам  исрор дорам, ки шаҳре ва пойтахте  ба номи Айлоқ вуҷуд надошт ва надорад. Дар осори ҷуғрофидонони қадими мусалмон (Мақдисӣ, Ибни Хурдодбеҳ, муаллифи "Ҳудудулолам", Гардезӣ, Ҳамдуллоҳи Муставфӣ ва дигарон), ки баъзе кӯчактарин шаҳр ва рустоҳои ноҳияҳои туркнишинро низ баршумурдаанд, ин номро дучор намеоем. Дар фарҳангҳои пеш аз "Бурҳони қотеъ" низ шаҳре ба ин ном наомадааст. Бо машварати эшон ман ба "Бурҳони қотеъ" нигаристам ва дидам, ки ин исмро дар ду ҷой оварда. Аввал: "Айлоқ - бар вазни қаймоқ. Номи шаҳрест аз Хато ва Қалмоқ". Дигар: "Наҳри Айлоқ - ба касри "ро"-и қарашат ва фатҳи ҳамза, рӯдхонаест дар Айлоқ, ки дорулмулки   Хато ва  Уйғур" аст. Чунонки мебинем, ин тафсир худ боиси тааммул аст. Дар мавриди аввал Қалмоқ аст ва дар мавриди дигар Уйғур. Ва  "қалмоқ", ки исмаш дар "Ҷомеъуттаворих"-и Рашиддадини Фазлуллоҳ дар феҳристи  ақвоми муғул ва турк дида намешавад, ҳамон "қалмиқ" аст, ки дар қарнҳои 15-16 ба саҳнаи таърих ворид шудааст.  Чизи дигаре, ки қобили таваҷҷуҳи донишмандон бояд бошад, ин аст, ки луғавиҳои бузург Алиакбари Деҳхудо ва Муҳаммади Муъин (ки "Бурҳони қотеъ"-ро бо шарҳу тафсири густурдаи илмӣ чоп кардааст) дар "Луғатнома" ва "Фарҳанги форсӣ", агарчи навиштаи "Бурҳони қотеъ" ва фарҳангҳои дигари пас аз онро  иқтибос кардаанд, ин номро ба гунаи "Илоқ" сабт кардаанд, ки мутобиқ бо талаффузи муосири эрониён аст. Ба гумони ғолиб, ин исм дар асл ҳамон "Элоқ"-и таърихист, яъне ноҳияе дар замони Сомониён ва Қарахониён, воқеъ дар васати Шош, Фарғона, Уструшуна ва Туркистон (ниг. Донишномаи Сомониён. Хуҷанд, Ҷилди дувум,  2009, с. 497-498) Ва чун муаллифи "Бурҳони қотеъ" ин исмро дар маъхазҳои қадим дида ва минтақаи ҷуғрофиёӣ ва мушаххасоти онро намедонистааст, аз худ ба он шарҳе додааст, ки баъдан ба фарҳангҳои дигар мунтақил шудааст. Ва дар байти Манучеҳрӣ

Ва гар хонро ба Туркистон
фиристад муҳри ганҷурӣ,
Пиёда аз Балосоғун давон ояд
ба айлоқаш


ки гуфтем, "айлоқ" ба маънои "чарогоҳи тобистонӣ" аст, тавонад буд, ки "Элоқ" низ буда бошад, чи дар он замон Элоқ чун тамоми Мовароуннаҳр таҳти тасарруфи хонони Туркистон (Қарахониён) буд. Ва дар ин байт "Айлоқ" ба ҳеч ваҷҳ наметавонад ба маънои  пойтахти давлати уйғурҳо бошад, чи пойтахти давлати Қарахониён, ки бисёр муҳаққиқон қавмияти онҳоро уйғур донистаанд, шаҳри Балосоғун буд, ки дар маҳдудаи Қирғизистони кунунӣ воқеъ шуда буд ва исмаш низ дар ин байт омадааст.  
Ҳайати мураттибон навиштаанд: "Дар шарҳи ибораи ақли аввал, ки дар ду  ҷойи китоб муфассал баён шудааст, эродаке доред. Афсӯс, ки ин бор ҳам ғалат кардед. Нигаред ба "Ғиёсуллуғот" ё "Луғатнома" ба вожаи ақл ва ба суолатон ҷавоб мегиред".

Вале агар ман "ғалат"  кардам, эшон чаро "афсӯс" мехӯранд?! Баръакс бояд хурсанд бошанд, ки аз ҳазору як ғалати дар китобашон пайдокардаи ман, яке  дурусту саҳеҳ будааст! Аммо, ба инон афсӯс бояд хӯрд, ки ҳатто вақте ҳам ки ғалаташонро нишон медиҳанд, онро намебинанд, на танҳо худ калимаҳоро нодуруст шарҳу тафсир медиҳанд, балки навиштаи дигаронро низ нодуруст рӯйнавис мекунанд. Ҳоло маҷбурам шарҳашонро ба ибораи "ақли аввал" аз "Фарҳанги мукаммал…." бори дигар иқтибос кунам: "ақли аввал киноя аз фариштаи аввал, ки аз нӯҳ фариштаи дигар пайдо шуда" (саҳ. 86). Акнун ин донишмандони  "аз мабонии илми забоншиносӣ" (таркиби "илми забоншиносӣ" худ ғалат аст!) бохабар ва   фарҳангшиносу фарҳангнигор, ба ман  ва хонандагони дигар шарҳ бидиҳанд, ки чӣ тавр а) яке аз нӯҳ нафар тавлид мешавад; 2) агар ҳастии ин яке аз баракати дигарон аст, чи тавр ин як метавонад "аввал" бошад? Ман боз гӯш ба машварати эшон  додам ва "Ғиёсуллуғот"-ро боз кардам ва дидам, ки дар шарҳи он эроде нест ва инҳоянд,  ки бо ҳазфи "ӯ" пеш аз "нӯҳ" шарҳи равшани ин фарҳанги муътабарро ба ҷумлаи бемантиқ табдил додаанд. Чунонки, дар ҷойи дигар низ  зайли "афрешим" ҷумлаеро аз "Бурҳони қотеъ" нақл кардаанд ва муртакиби чаҳор хато шудаанд: "Гӯянд миқроз карда ва сӯхта он (афрешим)-ро дар мусаҷҷин хӯрдан танро фарбеҳ созад". Асли ҷумла ин аст: "Гӯянд, миқрозкарда ва сӯхтаи онро дар маъоҷин хӯрдан танро фарбеҳ созад" ("Бурҳони қотеъ, ҷилди 1, чопи Душанбе, 1993, саҳ. 104, чопи Теҳрон, 1361, с. 148) Акнун бояд аз ин "фарҳангшиносон" пурсид, ки "мусаҷҷин" чӣ маъно дорад?   Ва маслиҳаташонро ба худашон бозпас мегардонам, ки сахт ниёз ба он доранд: "аз фарҳангҳо истифода бурданро биёмӯзед. Биёмӯзед, то биёмӯзонед".  Ва агар минбаъд низ фарҳанг тадвин мекунед, ин маъниро низ барои худ ёддошт кунед ва фаромӯш насозед, ки "дар ду ҷойи китоб муфассал баён шудани" як ибора ва ё таркиб ҳам на ҳусн, балки қубҳ, на савоб, балки хатост! Ҳатто тасаввураш даҳшат меоварад, ки ибораҳои мурдан авлост, мурдан авлотар, акаю хоҳар, амири буздил, ақвоми араб, ба  ақиб нигоҳ кардан, асо гирифтан, асо гум кардан… ва ғайра ва ҳоказо монанди инҳоро бо як бор "шарҳ додан" иктифо намекунед ва боз дубораву cебора сабту тафсир хоҳед кард! Ростӣ нафаҳмидам, ки фарҳанги тафсирӣ таҳия мекунед, ё мағозаи ҳазору як майда чуйда ифтитоҳ кардан мехоҳед?! Ва низ ин иддиъоятон, ки "ақли аввал"-ро муфассал шарҳ додаед, дуруст нест. Чунончи,  хонандаи фарҳанги шумо намефаҳмад, ки назарҳои мухталиф дар мавриди "ақли аввал" ба кадом гурӯҳу фирқа тааллуқ дорад. Дар ин боб тафовути назари ҳакимон (файласуфон), мутакаллимон, аҳли ирфон аз ҳамдигар чист? Чун "ақли аввал" танҳо як ибора нест, балки истилоҳест, ки шарҳаш дар миёни гурӯҳҳои мухталиф гунагун аст. Ин камбуду  нуқсон на фақат ба "ақли аввал", балки ба бештари истилоҳоти  фалсафӣ, мазҳабӣ ва ирфонии мундариҷ дар фарҳанг ворид мебошад.    

Ман бобе аз тақризамро "Тутро бед набояд фаҳмид" унвон гузошта будам ва акнун мебинам, ки муаллифон воқеан намехоҳанд, тутро тут ва бедро бед бифаҳманд. Ин ҷониб навишта будам : "Дар шарҳи … "аззаваҷал(л)"  овардаанд, ки "аслаш азза ва ҷалла"…. Суол ин аст, ки модом ки асли ҷумла "азза ва ҷалла аст", чаро гунаи ғайриаслро тарҷеҳ додаанд ва аслро наовардаанд?!" Муаллифон ҷавоб додаанд: "… тақозо доред, ки ибораи арабии "аззаваҷал(л) бояд ба шакли дуруст (азза ва ҷалла) навишта шавад. Оё огоҳ нестед, ки ибораҳои иқтибосии арабӣ ба забони мо аксаран зери як мафҳум ворид шудаанд ва онҳоро яклухт қабул кардаем. Монанди алайҳиссалом, маликушшуаро, китобушшифо ва ғайра. Вожаи "аззаваҷал(л)" низ тавассути задаи мантиқӣ зери як маъно қарор гирифтааст: (Худои) боиззату ҷалол".  

Ба ин ҷумла, аз назари забон ва забоншиносӣ метавон эродҳои зиёд гирифт, вале чун намехоҳам аз баҳс дур шавем, мустақиман ба асли мавзуъ мепардозам. Мақсади ман аз асли ҷумла на ҷудо ва ё якҷо навиштани он, балки гунаҳои бахши дувуми он, яъне "ҷал(л)" ва "ҷалла" буд. Гузашта,  аз ин ман "азза ва ҷалла"-ро ба гунае, ки шумо навиштед,  иқтибос кардам, яъне шумо, ки ҷудо навиштаед, ман ҳам ба риояи амонат, ба ҳамон сурат овардам. Вале шумо, ки ба ман имло меомӯзед, чаро худ ин таркибро ҷудо навиштед? На танҳо зайли ин модда, балки дар чанд шоҳид барои вожаҳои дигар низ. Аз ҷумла:  "Тинати абдолон ва сиддиқон ва авлиёи худои азза ва ҷалла" (с. 94).  "Нофеътарин ақл он бувад, ки туро шиносо гардонад, то неъмати Худои азза ва ҷалла бар худ бишиносӣ" (саҳ. 258). "Пас аз чиҳил сол, ки Одам он ҷо афканда буд, Худои азза ва ҷалла ҷонро  бифиристод, то ба тани одамӣ андар шуд" (саҳ. 442). Ин ки "Худо"-ро гоҳе бо ҳарфи хурд ва гоҳе бо ҳарфи калон навиштаед, низ яке аз садҳо далели "имлодониатон" аст, албатта!  Ҳамчунонки дар мисрае аз байти Ҳофиз "Кайвон"-ро ба ҳарфи калон ва дар мисраи дигар ба ҳарфи хурд навиштаед (саҳ. 778) ва низ садҳо мисоли ба ду сурат навиштани калимаҳоро дар саросари фарҳангатон мебинем.  

Азбаски пас аз тааммули тӯлонӣ ҳам ҳеч нафаҳмидам, чаро барои исботи "либоси фохира" будани "хирқаи аброр" бояд "ба зиндагиномаи паёмбарон (алайҳимуссалом), саҳобагон, … Имоми Аъзам ё Шамси Табрезӣ руҷуъ" кунам, беҳтар донистам дар ин маврид cукут варзам. Вале ҳанӯз ба ҳамон назарам, ки "хирқаи аброр" наметавонад "либоси фохира" бошад!  Ва имом Шофиъиву Муҳаммад Ҷалолиддини Балхиро, ки сахт дӯсташ медорам, шафеъ биёваред ҳам,  аз фикрам намегардам!

Ва ин ки Уторид дар "Луғатнома" ба гунаи Аторид низ сабт шуда бошад, дурӯғи дигар аст.  Шумо, ки зимни шарҳи моддаи Аторуд ҳадди ақалл аз асли Уторид будани ин исмро зикр накардаед, чаро якбора мисли тарошаи аз бом уфтода "ахтари  Ҷавзо"-ро  ситораи Уторид шарҳ додед? Ё ин Уторид дигар асту он Аторуд дигар?!  
Ман муаллифони фарҳангро барои он ки шаклҳои ғалати вожаҳои афв, иёл, иёлат, Уторидро ба тақлид  аз забони авом ба унвони моддаҳои ҷудогона сабт карда ва худ бо ибтикори хеш вожаҳои "унноб" ва "ибдоъ"-ро ба шакли ғалати "анноб" ва "абдоъ" навишта ва барои ҳар кадом шоҳидҳое овардаанд, интиқод карда будам.
Эшон бо шеваи хоси худ, гуфтаҳои маро нодида гирифта ва ё таҳриф карда, ба ман "посух" гуфтаанд. Навишта будам, ки "устод Айнӣ (ки барои "аёлманд" ва "аёлманд будан" аз ӯ мисол овардаанд) дар мадраса арабӣ омӯхта буд ва ба алифбои арабӣ менавишт ва гунаи дурусти калимаро, албатта, медонист"! Онон, ин ҷумларо нодида гирифта ва ё маънояшро нафаҳмида, навиштаанд: "Устод Айнӣ  гунаи аёл, аёлманд, аёлатро дар асарҳояш зиёд истифода кардааст. (Ниг. Ёддоштҳо, қ.3-4, Душанбе, 1955) Аҷиб аст, ки Қодири Рустам "хатои" А.Мирзоевро чун маҳсули даврони шӯравӣ дидаасту аз шарҳи "хатои" Айнӣ иҷтиноб варзидааст"

Вайҳак! "Суханшинос наӣ, ҷони ман, хато ин ҷост"! Ба гунаи дигар такрор мекунам: Айнӣ Садриддини Саидмуродзода ба ҳарфи кириллӣ наменавишт! Устод ҳамаи асарҳояшро ба алифбои форсии арабиасос менавишт!!  Дигарон навиштаи ӯро ба хатти кириллӣ бармегардонданд!!! Ва чунонки шумо "иёл"-ро "аёл", "Уторид"-ро "Аторуд" ва ….  хондаву  навиштаед, он дигарон низ ба роҳи хато рафтаанд! Айнӣ  ҳеч гоҳ "аёл" нанавиштааст!!! Навиштаи маро дар хусуси ҷумлаи шоҳид аз А.Мирзоев низ таҳриф кардаед!  
Ман ҳам медонам, ки гунаҳои таҳрифу тасҳишудаи бештари калимоти боло ғалати машҳуранд. Вале дар фарҳангҳои муътабар  бо таъкид бар ин ки ин шакл хоси  муҳовираи омиёна аст, ё тасҳиф шуда ва ё ғалат аст, иктифо мекунанд, мисли шумо ба тақвияти он ғалат шоҳид намеоваранд ва барсарӣ навиштаҳои дурусти классиконро ба пайравӣ аз забони гуфтугӯии муосир ба шакли ғалат наменависанд. Ва ё назди шумо обовардаву кӯзашикаста баробаранд? Шумо дар ин амр он қадар бепарвоӣ ва фориғболӣ зоҳир кардаед, ки гоҳе шарҳу шоҳидҳоятон сурати музҳик ба худ гирифтааст. Чунончи шарҳи моддаи арғанунро ба арғунун ирҷоъ додаед, вале   зайли "арғанун" ҳам панҷ шоҳид овардаед, ки дар дутояш калима ба гунаи "арғунун" омадааст. Дар моддаи арғувонарғавон низ ҳамин вазъро мебинем. Суол ин аст, ки иллати ин тамйиз чист? Ба чӣ далел вожаро дар байти Ҳоҷӣ Ҳусайн "арғанун" хондед ва дар байти Низомӣ "арғунун"?!

Муаллифони фарҳанг агар дар навишти ғалатҳои  "авф", "аёл", "аёлат" ба забони муҳовираи мардум ва адабиёти замони шӯравӣ истинод кардаанд,  пас дар навишти "анноб" ва "Аторуд" ба "Фарҳанги бузурги Сухан" ("Сухан"-ро, ки исми  муассисаи интишоротӣ аст, бо ҳарфи хурд овардаанд, ки низ хатост)  ишора кардаанд. Бале, мураттибони "Фарҳанги мукаммал…" аз байни фарҳангҳои тафсирии донишмандони эронӣ бештар аз ҳама аз "Фарҳанги бузурги Сухан" истифода кардаанд ва чун гоҳе ин истифода бидуни тааммул ва андеша ва айнан сурат гирифтааст, боиси суол шудааст. Фарҳанги Сухан (чи бузург ва чи фишурда) бар хилофи "Луғатнома", фарҳангҳои Муъин ва Амид, ки дар навишти калимаҳо асосан иттико ба талаффузи  онҳо дар имтидоди замон доранд, дар аксар маврид  талаффузи имрӯзии вожаҳо дар Эронро сабт кардааст. Чунончи, "унноб" бад-он сабаб дар ин фарҳанг "анноб" сабт шуда, ки  имрӯз дар Эрон ба ҳамин тавр талаффуз мешудааст, вале ин вожа, ки дар муҳовараи мардуми тоҷик аслан роиҷ нест, дар адабиёти мактуби тоҷикӣ ҳама ҷо ба шакли асли "унноб" омадаст. Бо ин ҳол, муаллифони мо мисли марде, ки чун аз телевизион  шунидааст, дар Маскав борон меборад, дар Душанбе бо чатр ба кӯча баромадааст, беҳтар донистаанд аз Ҳасани Анварӣ пайравӣ кунанд, то аз воқеияти ватани худ ва форсии тоҷикии роиҷ дар Мовароуннаҳр, аз ҷумла Тоҷикистон. Музҳиктар аз "анноб" ҳам таркиби "асри ҳаҷар" аст, ки муаллифони мо ба тақлид аз Фарҳанги Сухан онро забт кардаанд ва ҳеч ба ёдашон нарасидааст, ки дар Тоҷикистон, чи дар китобҳои дарсӣ ва чи дар адабиёти илмӣ касе  "асри ҳаҷар" истеъмол намекунад, ҳамагон  ба ҷойи ин таркиб "асри санг" истифода мебаранд.  

Аҷиб, ки дар мавориде, ки лозим нест аз ин китоб тақлид кардаанд, вале ҷойе, ки зарур буд, як назар ба ин фарҳанг афкананд,  онро фурӯгузор кардаанд. Масалан, вожаи нодирулистеъмоли "асотиза"-ро овардаанд ва "асотид"-и серистеъмолро фаромӯш кардаанд ва барсарӣ "асотиза"-ро на бо "зол", балки ба шакли ғалат бо "зе" овардаанд. Як назар ба ин луғат ва ё ба ҳар луғати форсии дигар мекарданд, медиданд, ки "пал(л)аи нардбон ё зина" (с. 562) дуруст нест, шакли дурусти вожа  "пил(л)а" аст. Агар қабл аз шуруъ ба кори тадвини фарҳанг "аз фарҳангҳо истифода бурданро меомӯхтанд" ва саросемакор намебуданд, дармеёфтанд, ки "абри озорӣ" наметавонад "абри тирамоҳӣ" шарҳ бишавад (с. 63), чи "озор" моҳи севуми шамсии арабӣ аст, пеш аз найсон меояд ва баробар бо моҳи март аст ва он моҳ, ки дар тирамоҳ меояд, моҳи "озар" аст, ки моҳи нуҳуми тақвими  шамсии эронист.
Чунин саросемакорӣ ва мағрур будан ба дониши худ боис шуда, ки "Фарҳанги мукаммал…" аз ҳар назар номукаммал аз чоп берун омадааст. Ман дар тақризи худ ба унвони мушт намунаи хирвор мисолҳоеро аз моддаҳои нодурусти луғавӣ, шарҳҳои пурғалат, адами мутобиқати шоҳид бо моддаҳои луғат, шоҳидҳое, ки нодуруст хонда шудаанд, имлои ғалату нодуруст оварда будам. Ҳоло боз чун фурсат даст дод ва мавридаш аст, ба чанд намунаи дигар аз ҳар боб мепардозем.   

МОДДАҲОИ ХАТОИ ЛУҒАВӢ:

Ахторро ба cе маъно  овардаанд: 1. Хатарҳо 2. Танбеҳ; огаҳӣ 3. Корҳои бузург, ки ба хатар мувоҷеҳ аст.
Аммо "ахтор" ба маънои дуввум хатост ва ифодакунандаи ин маънӣ вожаи дигар аст, ки "ихтор" навишта мешавад. Ва ин вожаҳоро фарҳангҳои Сухан ва "Фарҳанги забони тоҷикӣ"  ҷудогона ва  ба ду гунаи мухталиф овардаанд.
"Аввало" ғалати машҳур аст, ки аз забони мардум вориди адабиёт шуда ва истеъмолаш ба ин гуна аслан ҷоиз нест ва далолат бар камсаводӣ мекунад. Ин ғалат аз нодуруст хондани нишонаи таквин (аввалан) пайдо шуда. Алифи тазйин ва ё таъкиди форсӣ ба нудрат бо калимаҳои арабӣ низ меоянд, вале дар ин маврид нолозим ва ғайримантиқӣ аст. Чунонки вожаҳои "сониё" ва "солисо" ва "робиъо" надорем, чунки ғалати маҳз ҳастанд, бояд аз истифодаи "аввало"-и бемаънӣ низ иҷтиноб кунем.    
Моддаи луғавиеро ба гунаи "Аспил" овардаанд, ки шакли ғалатхондаи "аспял" (яъне, аспдузд)  аз байти Рӯдакист аст ва вожа, албатта,  дар байти шоҳид ҳам ғалат омадааст.
"Инаб"-ро ки арабии ангур аст ба гунаи дасотирии "анаб" оварда ва таъкид кардаанд, ки "шакли дигари инаб" аст ва баъдан аз ин вожаи ғалат таркиби ғалат сохта шарҳ додаанд: "оби анаб шираи ангур". Ва ба шоҳид байти Хусрави Деҳлавиро сабт кардаанд:

Оби анаб ҳаст ҳалолат ба ком,
Феъли ту кардаш ба такаллуф ҳаром.


Чанд суол матраҳ аст: аз куҷо донистанд, ки "инаб" гунаи "анаб" ҳам дорад? Магар тағйири шакли асли вожа дар ин байт ба тақозои маъно ва ё вазн аст? Агар не, пас далели ин тасҳиф дар чист? Ва низ оби инаб (анаб) на шарбати ангур, балки май аст, вагарна шоир аз ҳалолию ҳаромӣ сухан намегуфт.        
Аҳамият ба ҳамин шакл (бо як "м") омада, ки хатост, зеро ду "м" дорад ва мураттибон худ  аҳам(м)-ро  бо ду  "м" овардаанд.

ШАРҲИ ҒАЛАТ ВА БЕМАЪНӢ:

Шарҳи "аҷуза"-ро ба "аҷуз" ирҷоъ додаанд ва маънои "аҷуз"-ро 1. Пири фартут. 2. Пирзан, кампир овардаанд. Ва пасон зайли "аҷуза" шоҳиде аз Низомии Арӯзӣ овардаанд, ки ҳеч мутобиқате бо ин ду  маъно  надорад:
"Ин бандаро аҷузае буд…. чун синни ӯ ба понздаҳ кашид, ӯро илми нуҷум биомӯхтам". (с. 804)
Оё духтари 15-соларо метавон пири фартут ва пирзану кампир гуфт? Агар ба ҳамон фарҳангҳои Сухан менигаристанд, ва ё нигоҳе ба "Чаҳор мақола" (чопи Душанбе, "Ирфон",  1986, с. 91) мекарданд, медиданд, ки  "аҷуза" маънои  "духтар"-ро ҳам доштааст.

Шарҳи мураттибон гоҳе он қадар зидду  нақиз аст, ки хонандаи бечора бо сар ба гиребони тафаккур фурӯ бурдан низ чизе наметавонад фаҳм бикунад. Чунончи: Дар саҳифаи 402 мехонем: "АНГАБОР (муарраби анҷибар). Аммо дар саҳифаи 492 акси инро пешниҳод мекунанд: "АНҶИБАР (муарраби ангибор). Ба ҷуз ин зидду нақиз боз мебинем, ки асли форсии  вожаро боре ба шакле ва бори дигар ба шакли дигар навиштаанд ва шакли арабии вожаро, ки "анҷабор" аст, дар ҳар ду маврид ғалат овардаанд. Навишти ғалат ва шарҳи зидду нақизи ин моддаи луғавӣ бо иқтибосҳои фавқ ба итмом намерасад. Таваҷҷуҳ фармоед: "Ангабор…  гиёҳи алафии чандсолаи сурхранг бо гулҳои калон, ки решааш дар дорусозӣ истифода мешавад" (саҳ. 402). "Анҷибар… растании буттагии гармихоҳ, ки аз баргу пояи сабзи он равғани эфир мегиранд, геран" (саҳ. 492). Ё шояд мутобиқи забони меъёри муаллифони мо "гиёҳи алафӣ" ва "растании буттагӣ" як мафҳумро ифода мекунанд. Шояд инҳо забони тоҷикиро рушду такомул дода ба ситеғ расонидаанду мо ҳанӯз  дар доманаи кӯҳ бехабар мондаем?! Вожаи "рустанӣ"-ро низ ҳам дар ин шоҳид ва ҳам дар мавридҳои дигар ба гунаи хатои "растанӣ" сабт кардаанд.   

Амалдор ва амалдорӣ  танҳо ба маънои имрӯзии ин калимаҳо, яъне "мансабдор, маъмури давлат, соҳибмансаб", ва "амал ва шуғли мансабдор; соҳибмансабӣ ва соҳибмансабӣ" шарҳ шудааст, дар сурате ки ин вожаҳо дар қадим маънои мушаххаси "омили хироҷ, ҷамъоварандаи хироҷ"-ро доштанд.
Дар шарҳи "ато борон будан" овардаанд:  киноя аз ба андаки дунё қаноат кардан

Гарчи Баштарро ато борон бувад,
Мар туро зарру гуҳар бошад ато

ки ҳеч рабте бо ин  таркиби сохта надорад. Бояд донист, ки Баштар (аслаш Таштар) эзади муваккили борон дар асотири эрониёни бостон аст ва ин амр боис шуда, ки шоирони қадими мо (Рӯдакӣ, Дақиқӣ ва дигарон) бахшандагӣ ва саховати мамдӯҳонашонро бо он ташбеҳ кардаанд.  Яъне, дар байти боло шоир мегӯяд, агар Баштар борон ато мекунад, саховату атои ту болотар аз он аст, чароки зарру  гавҳар ҳадя мекунӣ.
Маънои дуввуми "ашрафӣ"-ро "пули тилло, ки дар асрҳои XVII-XIX дар аморати Бухоро роиҷ буд" овардаанд ва маълум нест, ин иттилоъро аз куҷо касб кардаанд, зеро дар ҳама луғатҳои дигар (Фарҳангҳои форсии Амид ва Муъин, Фарҳанги Сухан) ки ин вожаро овардаанд, шарҳ комилан дигар аст: ашрафӣ пулест, ки дар замони Қоҷориён ва Паҳлавиён дар Эрон дар гардиш будааст. "Фарҳанги забони тоҷикӣ" низ дар шарҳи ин вожа бо "пули тилло" иктифо кардааст, вале муаллифони "Фарҳанги мукаммал…" онро "такмил" кардаанд.
"Гӯё" ва "мафҳум"-ро мо шахсони дур аз забоншиносӣ сифати нотиқу суханвар ва нутқу сухан медонистем ва ҳоло муаллифони фарҳанг онҳоро сифати парчаму байрақ низ қарор додаанд, ки дар баробари ин фасоҳату балоғат забони мо лол аст:
Аъломи фасеҳ парчамҳо, дирафшҳои гӯё, мафҳум.

Намунаи кашфиёти дигарашон шарҳи "меҳроби абрӯ" аст, ки онро "киноя аз хонаи чашм" донистаанд, вале, албатта,  сахт лағзидаанд, чи "меҳроби абрӯ" киноя аз абрӯст, ки ба далели хамидагӣ ба меҳроб ташбеҳ шуда ва байти Лоиқ низ ин маъниро таъкид мекунад.
Ба ақидаи мураттибон "Аҳурамаздо(ро) дар дини зардуштӣ, ҳамчун худои қувваҳои некӣ ва рӯшноӣ парастиш мекарданд".
Эрод ин аст, ки Аҳурамаздо исми Худо дар дини зардуштӣ аст ва зардуштиён ҳанӯз ҳастанд ва имрӯз низ Аҳурамаздоро парастиш мекунанд.
"Пироҳани абрешимин куртаи бирешими шоҳӣ".
Дар забони форсии тоҷикӣ "шоҳӣ" маънои "абрешим"-ро дорад ва аз ин рӯ "бирешими шоҳӣ" сухани жожу ҳарза аст.  
"Авлоду амҷод ниёгону бузургворон".
Авлод ҷамъи "валад" аст, яъне фарзандон ва таркиби болоро "фарзандон ва ниёгони бузург" ё "ахлофу аслоф" шарҳ бояд дод.
"Ақоними салос яке аз аслҳои сегонаи дини масеҳӣ: падар, писар ва рӯҳи муқаддас" (с. 268) шарҳ шудааст, ки албатта хатост. Баръакс чун   "ақоним" ҷамъи "уқнум" аст ва "салос" "сегона" аст, пас маънои "ақоними салос" на яке, балки ин ҳар се уқнум бо ҳам аст, чунончи, вақте ки "секунҷа" мегӯем, манзурамон ҳар cе кунҷ дар якҷоягист, на яке аз онҳо.    
Аммо ҷумла ва таркибҳои зайлро айнан меоварам, онҳо ба шарҳи ман ниёз надоранд, балки ҳар гуна шарҳ "лаззат"-ро аз миён мебарад.  Хонеду қазоват кунед:  
"Аҳли рой шахсоне, ки дар фиқҳ қиёсу муқоисаро афзал шуморида аҳкоми сифатро мувофиқи дарки идроки худ таъбир мекунанд".
"Баҳри наҳангавбор киноя аз баҳри азими фурӯбарандаи наҳанг, баҳре ки аз бузургии он наҳанг меларзад, баҳре, ки дар он наҳанг фурӯ меравад".
"Атр дар раёҳин (на)будан бӯй дар гулҳои райҳон будан ё набудан".
"Мухлиси ашадии шоҳмот шатранҷдӯстори гузарои   шоҳмот".
"Амрози масона бемориҳои шоша", "Амрози мухталиф бемори гуногун".
"Авомил абзори васоиле, ки аз филизу оҳан ва ҷузъи он сохта мешавад".

ҒАЛАТХОНИИ АБЁТ ВА ҶУМЛАҲОИ ШОҲИД

Дар ҷумлаи шоҳиди моддаи  "фалаки асфал"  ин таркибро ба гунаи "фалаки Асрофил"  (ниг. с. 629)  овардаанд.
Байтеро аз  Аббосӣ ном (с. 355)  ба гунаи зайл овардаанд:  
Ҳезум хоҳам ду амна зи ҷудат,
Чун ду ҷарибу ду хумми сайкии чун хун.

Медонем, ки "сайкӣ" ҳеч маъное надорад (ҷолиб аст, бубинем, ки дар ҳарфи "с" онро чӣ гуна шарҳ медода бошанд) ва ба иқтизои таносуби калом дармеёбем, ки шакли дурусти калима "секӣ" аст, ба маънои бода, шароб ва дақиқтар, мусаллас, яъне бодае, ки ду қисмат аз он ҷӯшида бухор мешавад ва як қисм, яъне сеяк боқӣ мемонад. Ва "секӣ" тахфифи "сеякӣ" аст. Дар ин байт ҳамчунин вазн хатост ва гунаи дурусти он дар манобеъ чунин омада:
Ҳезум хоҳам ҳаме ду амна зи ҷудат,
Ҷуду ҷарибу ду хум секии чун хун.
Дар байти зайли Низомӣ  "бад-он"-ро  "бидон" пиндоштаанд (с. 380) :
Намонад ҷуз бидон пайғамбари пок,
К-аз ӯ дар Каъба анбарбӯй шуд хок.
Дар байти дигар ҳам аз ӯ "бувад"-ро "буд хондаанд (с. 428):
Чу шерон ба андакхӯрӣ хӯй гир,
Ки баддил буд гови бисёршир.
"Ду  рух"- и байти Сӯзаниро "дузах" хонда, либоси маъниро аз байт кашида ва онро лучу урён кардаанд (с. 781):                  
Аҳриманзулфе,  ки дорад дини яздон бар дузах,
Дини яздонро биёрояд ба куфри Аҳриман.
"Одамияст" дар байти зайл аз Амъак (с. 764) "одамият" шуда:
Акнун ту дурӣ аз ману ман бе ту зиндаам,
Сахто, ки одамият бар аҳдоси рӯзгор.
Байти Башшори Марғазиро ба номи Рӯдакӣ оварда, низ дар мисраъи аввал "раз"-ро "роз" навиштаанд (с. 799), ки маънӣ ва вазнро хароб кардааст:
Рӯзе шудам ба роз ба назора, ду чашми ман
Дар байте, ки иштибоҳан  ба Рӯдакӣ нисбат дода шудаст "меҳ"-ро "маҳ" хондаанд (с. 553):
Кеҳина арсае аз ҷоҳи ӯ фузун зи фалак,
Камина ҷузве аз қадри ӯ маҳ аз кайвон.
Байте аз Носири Хусравро чунон хондаанд (с. 572), ки аз чанги тасарруфашон на ҳарф солим монда, на маънӣ, на вазн:
Насибӣ, эй кор сӯйи нории саҳар,
Чанд равӣ бар асари сомирӣ?
Асли  мисраъи аввал ин аст :
Носибиӣ, эй хар, суйи нори сақар.
Ва "носибӣ" касест, ки Алӣ ва фарзандони ӯро душман донад.
Байти зайл аз Рӯдакист  (с. 739)
Ахтаронанд осмоншон ҷойгоҳ,
Ҳафт тобанда равон дар даву доҳ

"Даву доҳ" дар асл "дуву доҳ", яъне дувоздаҳ аст ва муроди гӯянда ҳафт ситора ва дувоздаҳ бурҷи осмонист.  
Мураттибони фарҳанг мутобиқ ба назарияи хеш, ки ба масоили забон танҳо забоншинос бояд бипардозад, эҳтимол пиндоштаанд, ки шеър фаҳмидану дарк кардан вазифаи эшон нест, ин аст, ки дар навиштани абёт ихтиёрро  танҳо ба чашму даст додаанд, чашмашон ҳар чизе дида, дасташон ҳамонро навиштааст ва фикру андешаро иҷозаи мушорикат дар ин амр надодаанд. Агар не байтҳоро бо чунин ғалатҳо наменавиштанд. Мисоли дигар аз с. 781:
Гар ин мори китфи аҳриманчеҳр мард,
Бидонад барорад зи ману зи ту гард.

Ин байтро, ки ба эҳтимоли қавӣ дар бораи Заҳҳок аст, шояд чунин хондан ҷоиз бошад, то маъное пайдо кунад:
Гар ин моркитф аҳриманчеҳр мард
Бидонад, барорад зи ман в-аз ту гард.

Ё ба ин байт (с. 122) таваҷҷуҳ фармоед, ки на мантиқ дорад, на маънӣ ва вазну имлои калимоташ ҳам вайрон аст:
Нахустин бодшоҳе дар Аҷам андар ҷаҳон,
Дар шаҳаншоҳӣ ту, шоҳо, рост ҳамчу "Ҷам"шедӣ.

Аз ин "ҷумла"-и устод Айнӣ, ки ба шоҳиди "Алон/Алонон номи қавм ва сарзамине дар Қафқоз"  овардаанд, ҳеч маъное наметавон пайдо кард:
"Алон ҷое, ки таърих иборат аз тақарури вуқуот аст, яъне ҳар воқеа, ки дар байни қавм ва миллат дар айёми гузашта воқеъ шуда бошад… " (с. 321)
Ва ин ҷумлаҳо аз "Таърихи Байҳакӣ"-ро низ яқинан хато хонда ва хато навиштаанд:
"Туро гуноҳе аст бузург валлоҳ тавба кунӣ ва ба дини аҷдоди обои хеш бозоӣ то афв ёбӣ" (с. 662).
"Хоразмшоҳ асб бихост ва ба ҷаҳд барнишаст, асп тундӣ кард, аз қазои омада бияфтод, барҷо афгору дасташ шикаст" (с. 668).    

АДАМИ МУТОБИҚАТИ ШОҲИД БО МОДДАИ ЛУҒАВӢ:

Қаблан гуфта будем, ки муаллифон  ё мураттибон ибора ва таркибҳои зиёдеро, ки қисми ағлаб аслан набояд дар фарҳанг меомаданд, дар луғаташон ҷой додаанд ва барои таъйиди маънои онҳо шоҳидҳои зиёд овардаанд. Аммо дар мавориди зиёде он таркибу ибораи мавриди шарҳ дар шоҳидҳо дида намешаванд. Намунаҳои чунин номутобиқатӣ он қадар зиёд аст, ки вақту ҳавсала ва сафҳаҳои зиёд мехоҳад. Бо чанд мисол аз ду саҳифаи 472- 473 иктифо мекунам:
Зайли "дар андӯҳ афтодан (мондан)" (таъкидҳо аз ман аст-Қ.Р):
Бувад беш андӯҳи мард аз ду тан,
Зи фарзанди нодону нопок зан.


Нахандам бар андӯҳи кас барқвор,
Ки аз барқи ман дар ман  афтад шарор.

Зайли "андӯҳгин будан":
Сикандар бо хотири ғамгин ва дили андӯҳгин … равон шуд.
Зайли "хомӯшии андӯҳгин":  
Таҳмина бо дили пурдард ва хотири андӯҳгин аз шаҳри Самангон ба Зобулистон рафт ва ба мотами Сӯҳроб шарик шуд.
Зайли "торикии андӯҳгин"
Соли имсолини наврӯз тарабноктар аст,
Пору перор ҳамедидам андӯҳгино.

Дар ин байт ҳамчунин пас аз "имсолин" "и" зиёд ва  хатост.  

ИМЛОИ ҒАЛАТ

Имлои ғалати вожаҳо дар абёт ва ҷумлаҳое, ки дар фавқ овардем, низ фаровон дида шуд. Аз ин рӯ ва низ ба далели он ки хастагиовар аст, бо овардани чанд мисол аз имлои  пайвандакҳои "ва" ва "у" (ю)  ва ду-се калимаи дигар иктифо мекунам.
"Гунҷидан" ва муштақоти ин вожаро дар ҳама ҷо - чи дар моддаҳои луғавӣ, чи дар шарҳи луғот ва чи дар шоҳидҳои фаровон, ки аз адабиёти классикӣ мебошанд, хато овардаанд, эҳтимол бо қоидаҳое, ки худ медонанд, ин вожаро низ "қоидабандӣ"  кардаанд. Инак ба ақл нағунҷидан (с. 262), дар ақл нағунҷидан (с. 263), андоза гирифтан…. ғунҷидан (с. 455). Ва шоҳидҳо: … Лашкарҳо даррасиданд ба азамате, ки дар васф нағунҷад (Ҷомеуттаворих, с. 170).  

Мӯй нағунҷад ба шикофи қалам.
(Хусрави Деҳлавӣ, с. 283)
Он ки васфаш барнамеғунҷад ба тақрири забон
(Мирзо Шариф, c. 306)

"Эдар"-ро ҷойе "эйдар", ҷойе "идар" ва ҷойи дигар "айдар" хондаанд. Писари Чингизхон - Чағатай (Чағатой)-ро Чиғатӣ пиндоштаанд.
Пайвандакҳои "ва", "у" ("ю")-ро гоҳе ба тарзи аҷибу ғариб овардаанд, ба назар мерасад, аввал якеро навишта, баъдан шак карда, дигарашро овардаанд ва фаромӯш кардаанд, ки аввалиро ҳазф кунанд, дар натиҷа ба сурати зайл даромада:
Амир Ҳиндука…. аз авзоъву атвори умаро малулу мутафаккир шуд (с. 91)
Чун сипоҳ муҷтамеъ гардад, бо диле қавию  ва аъломе фасеҳ рӯй ба қалъу қамъи душманон ниҳем (с. 822).
Агарчи пайвандакҳои "ва" ва "у" ("ю") як вазифаро иҷро мекунанд, ба тақозои фасоҳату балоғати забон ҳар кадом мавқеи мушаххаси истифода доранд. Онон, ки нозукиҳои забонро дарк мекунанд, ин маъниро хуб мефаҳманд ва риоят мекунанд. Аммо мутаассифона, ҳоло бештар касоне, ки бо матнҳои классикӣ сару  кор доранд, ин нозукиро фаҳм накардаанд. Ва пайдост, ки фарҳангсозони мо низ ин назокатро  намедонистаанд. Чанд мисол:              
Аксари адвия ба сабаби амокин ва фусули арбаа ва хушкӣ ва тарӣ ва тозагӣ ва кӯҳнагӣ ва хомӣ ва … мухталифатуссура вал маҳийя мебошанд (357)
ӯро ба асҳоби айка фиристоду айка ба тозӣ дарахтистон бошад ( с. 632)
Марди заргар бо аттор ба сӯҳбат биншаст ва аз малик ва аз он шаҳр ва сират ва ахлоқи ӯ ҷӯё шуд (с. 734)
Аҷаб он буд, ки аҳли саноат (бофандагӣ) ба Хуросон рафтанд, баъзею он чӣ олати ин шуғл буд, бисохтанд (с.784)  
Ва ваҷҳи тасмияи ин мараз (лақва) (уқоб) ё аз ҷиҳати мутобиқати ашдоқи соҳиби он дар ашдоқи уқоб асту ё аз барои мутобиқати кажжии он ба кажжии  минқори уқоб (806)
Барои он ки суханро тӯл надиҳем, танҳо ду ҷумларо ба сурати дуруст веросторӣ  мекунем:    
Аксари адвия ба сабаби амокину фусули арбаа ва хушкиву тарӣ ва тозагиву кӯҳнагӣ ва хомӣ ва … мухталифатуссура валмаҳийя мебошанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)