Кормандони ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 11-уми июни соли равон аз ошёнаи дуюми даромадгоҳи №9, бинои 1, маҳаллаи 18-и шахри Хуҷанд тифли навзоди ҷинсаш занро пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ин тифл тахминан 2-3 рӯза мебошад.
Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилли Тоҷикистон тифли мазкур ба беморхонаи кӯдаконаи шаҳи Хуҷанд супорида шуд.
Феълан барои муайян ва дастгир кардани волидони навзод кормандони ҳифзи ҳуқуқ тафтишот мебаранд.
Мӯҳр