Дар шаҳри Кӯлоб сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти гуногун идома дорад.
Тибқи иттилои аз ҳукумати маҳадллӣ расида, имсол дар ҳудуди шаҳр сохтмону азнавсозии 68 иншоот бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, инчунин ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи иттилоъ, дар арафаи ҷашни Ваҳдат сохтмони 4 иншоот, як дармонгоҳи ҳарбӣ ва 3 иншооти соҳибкорӣ ба пуррагӣ анҷом ёфта, мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Мӯҳр