Ноболиғи 16 сола аснои оббозӣ дар истироҳатгоҳи «Роҳи оҳан»-и обанбори Қайроқум ҷони худро аз даст дод.
Ориф Нозимов, сухангӯӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки рӯзи гузашта, 1-уми июл, тахминан соати 12:45, Набиҷон Солиев, истқоматкунандаи кӯчаи Сомониён 6-и ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми оббозӣ кардан дар мавзеи истироҳатгоҳи «Роҳи оҳан»-и обанбори Қайроқум ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Наҷотдиҳандагони ситоди зудамали вилояти Суғд бо сардории лейтинанти калон Абдулҳамидов соати 13:25 ба ҷои ҳодиса расида, соати 15:20 ҷасади ноболиғи 16 соларо аз об берун карда ба мақомоти дахлдор супоридаанд.
Мӯҳр