Дар ин бора хабарнигори радиои Озодӣ аз Хоруғ телефонӣ иттилоъ додааст.Бино ба маълумоти ҳар ду ҷониб ҳам хисороти зиёди ҷонӣ дидаанд, ки то ҳол теъдоди дақиқаш маълум нест. Аммо бо ин ки садои тир соатҳо хомӯш намешуд, бисёриҳо итминон доранд, ки теъдоди қурбониҳо аз 100 нафар бештар бошад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки теъдоде аз мардум бо шиорҳои “Қатъи амалиёти низомӣ дар Хоруғ” дар майдон ҷамъ шудаанд ва аз мақомот мехоҳанд, қазияро бо роҳи мусолиматомез ҳал кунанд. Бино ба иттилоъ пеш аз амалиёти низомӣ дархосте барои берун рафтани мардум аз шаҳр ба миён гузошта нашуд ва аз ин рӯ, шаҳрвандон то охирин лаҳза интизор доштанд, ки қазия бидуни амалиёт ҳал мешавад. Вале ба дарозо кашида шудани амалиёт дар байни мардум тарсу ҳарос ва эътирозҳоро ба миён овардааст.
Манбаъ менависад, айни замон бархе аз сокинони Хоруғ бо буридани дарахту овардани халтаву сангу хок дар талоши бунёди сангар ҳастанд, вале ҳамзамон, итминон доранд, ки ҳукумат даъвати онҳоро барои ҳалли осоиштаи қазия сарфи назар намекунад.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |