Бахшҳо

Убайдуллоев тоҷиронро дигарбора ба инсоф дар моҳи Рамазон даъват кард

Имрӯз, 30-юми июл дар макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба масъалаи ғановати анвои маҳсулоти бозори истеъмолӣ сурат пазируфт.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе ба «Озодагон» гуфт, дар ҷаласа бештар риояи талаботи санади меъёрии ҳуқуқӣ - Қарори раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ёдовар мешавем, тибқи ин қарор дар моҳи Рамазон танҳо ба фурӯшгузории дувоздаҳ намуди маҳсулот: як кило гӯшти гов 29,  гӯшти говмеш 19, гӯшти гӯсфанд 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110, 1 литр равғани растанӣ то 8, як кило биринҷи ватанӣ то 7, як кило шакар то 5, 1 литр шир то 3, як кило картошка то 2, як кило сабзӣ то 2,2, як кило пиёз то 1,1 ва 1 дона тухм то 0,6 сомонӣ дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ муқаррар шуда буд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин зимн қабл аз ҳама дар асоси таҳлилҳои реалӣ ба кулли шахсони воқеию ҳуқуқии дар тадбиқи Қарори мазкур бо ҳисси масъулият ва ташаббуси шахсӣ муносибат намудаанд, аз номи роҳбарияти шаҳр изҳори сипосмандӣ намуда, соҳибкорону тоҷирон ва директорони бозорҳои коммуналию хусусие, ки баҳри ғановати дастурхони сокинон ба фурӯшгузории маҳсулоти зикргардидаро аз рӯи нархҳои муайянгардида таъмин накардаанд мавриди интиқод қарор дод.
Бо эродҳои воқеӣ нисбати фаъолияти Комиссияҳои доимоамалкунандаи ҷамъиятии аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, сархатибу имомхатибони масҷидҳои шаҳр ва намояндагони ВАО барои назорат ва омӯзиши болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия созмонёфта, масъулинро муваззаф сохт, ки дар доираи Муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Даъват ба адлу инсоф» ба савдо гузоштани маҳсулоти зикргашта аз ҷониби тоҷирону соҳибкорон, дар иҷрои вазифаву масъулияти ба зимаашон вогузоршуда бо масъулияти том муносибат намоянд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)