Сокини шаҳри Душанбе дар Хуҷанд зери чархи мошин монда ба ҳалокат расид.
Тавре ба хабарнигори Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд,рӯзи гузашта, 31.07.2012 ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-Матиз», Ахмедов Амир Қобиловичи 22-сола, сокини маҳаллаи 34-и ш.Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат ба кӯчаи 50-солагии СССР, дар рӯ ба рӯи бинои мағозаи масолеҳи сохтмонӣ бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Восидова Барно Ҷалиловна, соли таваллудаш 1958, сокини кӯчаи Ҷомии ш.Душанберо пахш намуд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр