Сокини шаҳри Истаравшан ҳамсару хушдоманашро бо корд захмӣ карда, ба ҷисми худаш низ корд зад.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд Асрор Эгамбердиеви 48 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Х. Раҷабови шаҳри Истаравшанро дастгир кардааснд. Тавре ба зодагон аз ВКД хабар доданд, номбурда рӯзи 31-уми июл дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш Лола Эгамбердиева, соли таваллудаш 1964 ҷанҷол мекунад. Баъдан бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қафаси синаи ҳамсараш ва як маротиба ба қисми рости қафаси синаи хушдоманаш Екатерина Ҷабборова (соли таваллудаш 1924) мезанад. Сипас Асрор Эгамбердиев бо корди дар дасташ буда, қисми поёнии шиками худро низ захмӣ мекунад. «Ҳоло ҳамсар, хушдоман ва худи Асрор дар беморхонаи марказии шаҳр бистариянд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши он идома дорад»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр