Бахшҳо

Таҳсилоти инклюзивӣ ва рушди он дар Душанбе баррасӣ мешавад

21 ноябри соли 2012 бо дастгирии барномаҳои таҳсилотӣ ва тандурустии  Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти  «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, бо ҳамшарикии Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари ЮНИСЕФ дар ҷумҳурӣ дар Китобхонаи Миллӣ конфронси байналмилалӣ оид ба рушди таҳсилоти инклюзивӣ баргузор мегардад.

Тавре ба хабаргузории Озодагон дар намояндагии институти номбурда дар Душанбе иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории ин конфронс омӯзиши масоили таҳсилоти инклюзивӣ, табодули таҷриба ва ҳамкорӣ, имконияти баррасии принсипҳои сиёсати таҳсилотӣ оид ба пешниҳоди имкониятҳои баробари таҳсилоти босифат ва рушди иқтидор барои ҳамаи кӯдакон дар сатҳи байналхалқӣ мебошад. Баррасии проблемаҳо ва  имкониятҳои ниҳоӣ барои рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсилот, хизматрасонии иҷтимоӣ, дастгирии психологӣ ва тиббиву педагогӣ, барҳам задани монеаҳо ва таъсиси шароит барои ниёзи кӯдакони талаботи таҳсилотӣ дошта тавассути такмили базаи қонунгузорӣ, шабакаи омода кардани мутахассисону омӯзгорон, таҳияи равишҳои нави илмӣ ва базаи таълимиву методӣ, афзун кардани иттилоърасонӣ ба аҳолӣ  дар назар аст.

Гуфта мешавад, ҷиҳати ширкат ба конфронс 80 нафар аз ҷумлаи намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, вазоратҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ,  машваратҳои психологӣ ва тиббиву педагогӣ, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ даъват шудаанд. Ҳамчунин, дар конфронс мутахассисони  Муассисаи федеролии илмии «Институти вижаи омӯзиш»-и АУ Русия, Маркази психологияи амалии таҳсилоти вилояти Москва, Мактаби инклюзивии Эрон, Маркази миллии илмиву амалии омӯзиши вижаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати таҳсилот ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон маърӯза хоҳанд кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)