Ғуломризои Кофӣ, нависандаи эронӣ аз итмоми нигориши "Донишномаи адабиёти Инқилоби исломӣ" дар 2 ҳазор саҳифа хабар дод.
Он дар Намоишгоҳи китоби Теҳрон дар моҳи майи соли оянда мунташир хоҳад шуд. Нависанда дар бораи китоби мазкур гуфтааст, ки дар бораи Инқилоб, шеъри Инқилоб, шахсиятҳои таъсиргузор дар Инқилоб... китобҳои зиёд навишта шудаанд, ки пароканда буданд, аммо барои иншои ин китоб 4 сол вақт лозим шуд, то комил шавад ва эҳтимол меравад дар 3 ҷилди 700 саҳифаӣ ва ё ду ҷилди 1000 саҳифаӣ ба нашр расад.
Гуфтанист, Ғуломризо Кофӣ то кунун 10 китоб дар заминаи адабиёт мунташир намудааст.
Мӯҳр