Нурмуҳаммад Абдуллоеви 22 сола, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Қурғонтеппа ҳамчун гумонбар дар куштор аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуд.
Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, номбурда рӯзи 6-уми январи соли равон дар кӯчаи Айнии шаҳри Қурғонтеппа бо шаҳрванд Муҳаммадҷон Алиеви 20 сола вохӯрда аз сабаби муноқишаи ба миён омада, Муҳаммадҷонро бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба қафаси синааш мезанад.
Дар натиҷа Муҳаммадҷон Алиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар макони ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр