Дар пайи амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Норак Жук Николайи 23 сола, бо ҷурми куштори модараш дастгир карда шуд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт муайян карда шуд, ки Жук Николай 23 сола, сокини кӯчаи Свердлови шаҳри Норак рӯзи 9-уми июни соли равон дар хонаи истиқоматиашон дар ҳолати мастӣ бо модараш Федина Татяна Анатолевна 58 сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди ошхона як маротиба ба қафаси синааш мезанад, ки номбурда аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Феълан нисбати Жук Николай парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.
Мӯҳр