Бар асари сӯхторе, ки рӯзи 26-уми январ дар бинои «Газойл Сити»-и шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст, 9 нафар ба ҳалокат расиданд.
Тибқи иттилои пешакӣ, аз ин теъдод ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, аз сӯхтор ҳамчунин 14 нафари дигар низ осеб дидаанд, ки ду каси онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд: «Дар сӯхтор Юсуфхон Давлатови 33-сола, сокини ноҳияи Мӯъминобод ва сокини Кӯлоб Ҳасан Иброҳимови 48-сола фавтида, шахсияти 7 нафари дигари ҳалокшудагон муайян нашудааст. Кормандони намояндагӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд»
Ба иттилои манбаъ, зимни ташхиси панҷ нафари осебдида дар бемористони ба номи Склифосовский маълум шудааст, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.
Мӯҳр