Суди ноҳия Гагарини шаҳри Маскав Дамир Гисматуллин, сарвари ширкатеро, ки дар он ҷо чанд рӯз қабл сӯхтор сар зад ба ҳабс гирифт.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Русияидораи роҳбари ин воҳиди “Газойл Ситӣ” ҳадди аққал 2 моҳ дар боздоштгоҳи пешакӣ ба сар хоҳад бурд. Бояд гуфт, бар асари сӯхтори рӯзи 26 январ дар ин бинои мӯҳташам дар кӯчаи Херсони пойтахти Русия 9 нафар ҳалок шуданд. То ҳол ҳуввияти танҳо 3 қурбонӣ шиносоӣ шуда, ба гуфтаи мақомот, ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва якеи дигар аз Ӯзбакистон будааст.
Дар хамин ҳол, шоҳидони ҳодиса ба хабарнигорон нақл кардаанд, ки ҷисми бақияи одамон чунон сӯхтааст, ки ташхиси ҳуввияташонро сахт мушкил мекунад, вале аз ҷои хоби онҳо дар таҳхонаи бино шиносномаҳои Тоҷикистону Ӯзбакистонро ёфтаанд.
Ҳамасола дар ҷустуҷӯи кор ва таъмини вазъи иҷтимоии хонавода аз Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион нафар ба Русия сафар мекунад. Дар соли 2012 бошад, ҷанозаи 1157 муҳоҷирро аз он кишвар ба Душанбе овардаанд.
Мӯҳр