Бахшҳо
17 май 2011 06:59Ҷавонон ва варзиш

Маликшо Неъматов: Аробаи давлатро имрӯз ҷавонон пеш мебаранд

Тоҷикистон 23–юми майро ҳамчун рӯзи ҷавонон таҷлил мекунад.Дар доираи баргузории «рӯзи ҷавонон» Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иқдомҳоеро рӯи даст гирифтааст ва ба ин васила нишон додан мехоҳанд, ки ин қишри мардум барои ҳукумати Тоҷикистон бегона нест ва масъулин низ аз вазъу мушкилоти онҳо огоҳӣ доранд.

Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон таҷлили ин сана ва баргузории маъракаву ҳафтаҳои ҷавонон маъниеро надорад, ки ҷавонон акнун аз вазъи худ ва мамлакат дар маҷмӯъ қаноат ҳосил кардаанд. Коршиносон мегӯянд ҳар як кишвар, ки беш аз 60 дарсади онро ҷавонону наврасон ташкил медиҳад, метавонад ба сифати мамлакати хатарафзо дониста шавад. Таҳдид дар ин гуна кишварҳо он аст, ки насли ҷавон ҳамеша талаботи наву тоза дорад ва заминаи эътирозии онҳо дар ҳоли рушд хоҳад буд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар рухдодҳои ахири кишварҳои исломӣ маҳз ҷавононро омилони асосӣ ном мебаранд. Гуфта мешавад  бо истифода аз технологияҳои нави фанноварӣ ҷавонон ба таври зуд гирди ҳам омаданд ва ахиран қудратҳои муддати тӯлонӣ дар раъси ҳукумат қарордоштаро сарозер намуданд.

Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои  абарқудрат вақтҳои ахир дар бораи эҳтимоли такрор шудани чунин ҳодисаҳо дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд. То куҷо ба чунин тахмин бовар кардан мумкин аст ва мавқеи ҷавонон дар  ин робита чист?

Коршиносон мегӯянд, дар ҳақиқат аксари мушкилоте, ки дар кишварҳои исломӣ ҷавонон доштанд ва ахиран боис ба инқилобҳо гардиданд, ба ҷавонони тоҷик низ хос аст. Аз ҷумла, бекорӣ, вазъи нохуби иҷтимоӣ, надоштани маълумот ва дигарон. Ҳамчунин мисли он кишварҳо ин қишри ҷомеа бо нерӯҳои сиёсӣ чандон иртиботи қавӣ надоранд. Танҳо ҲНИТ ҷавонони бештареро дар сафҳои худ ҷо карда, барои онҳо созмоне ҳам таъсис дод. Ахиран, ҲХДТ низ чунин як тасмимеро рӯи даст гирифт. Аммо танҳо пешвои наҳзатиҳо Муҳиддин Кабирист, ки бо ҷавонон сӯҳбатҳо анҷом медиҳад ва ба иқрори худаш дар сӯҳбатҳои виртуалӣ тариқи интернет низ аз ҳисоби ҷавонон дӯстон ва ҳатто мушовирон пайдо кардааст. Дигар аз пешвоҳое, ки маҳз бо ҷавонон такя намояд ва бо онҳо мулоқот анҷом бидиҳад, мо надорем. Албатта президент Раҳмон аз ин баҳс берун аст, ки гоҳ – гоҳ дар Тоҷикистон ва хориҷи он низ бо ҷавонон сӯҳбатҳое мекунад.

Бо ин ҳама, оё гуфтан мумкин аст, ки оё ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ аз вазъи воқеиву мушкилоти ҷавонон огоҳ бошанд?

Далер, ном ҷавони тоҷик, ки 5 сол боз дар Русия муқим аст, мегӯяд, ки нияти баргаштан ба ватанро надорад. Далер хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва факултаи иқтисоди байналхалқӣ  мебошад.  ӯ мегӯяд дар яке аз тарабхонаҳои машҳури шаҳри Маскав, ҳоло на ба ихтисоси худ, балки ҳамчун ошпаз кор мекунад. Дар ин ҷо Далер бо як хонуми рус издивоҷ кардаву акнун мехоҳад шаҳрвандии ин кишварро пайдо кунад.

Бовуҷуди мушкилоти зиёде, ки ҷавонон доранд, Орзуи Карим, рӯзноманигори ҷавони тоҷик мегӯяд, бовар надорад, ки ҷавонон бо нишони эътироз ба хиёбонҳо бирезанд ва эътироз кунанд.  «Барои эътироз ҷуръат даркор. Инро ҷавонони мо надоранд» мегӯяд Орзу.

Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан бархе аз таҳлилгарон мегуфтанд дар Тоҷикистон насли калонсол аз сабаби дидани ваҳшониятҳои ҷанги шаҳрвандӣ дигар барои эътироз тарс доранд ва бояд аз насли ҷавон, ки ин ҳамаро надидааст, бояд дар ташвиш буд.  Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди  Ҳукумати Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо «Озодагон»  моро итминон дод, ки ҳукумат барои ҷавонон  тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст ва замина барои ташвиш вуҷуд надорад. «Мавзӯи муҳоҷират, ки дар бораи мушкилоташ зиёд мегӯянд, танҳо хоси  Тоҷикистон нест, балки мушкили тамоми дунё аст. Имрӯз хушбахтона 70 дарсади ҷавонони тоҷик бо кор дар тамоми муассисаҳои давлатӣ таъминанд. Хушбахтона аробаи давлатро имрӯз ҷавонон пеш мебаранд» мегӯяд ӯ ва меафзояд:

- Мушкилоте, ки ҷавонони мо доранд, муваққатист. Ман иллюзия намесозам. Ман аз 17 октябри соли 2004 то имрӯз вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди  Ҳукумати Тоҷикистонро ба дӯш дорам. Ва аз тамоми мушкилоташон огоҳам, то ҳадди имкон кӯмак мекунам. Ҷавонони мо  хеле ва хеле бағайратанд. Агар хоҳанд эътироз кунанд, роҳи онҳоро касе гирифтан наметавонад. Эътирозашон агар ноогҳона, гумроҳ ва сӯзанда бошад, ба касе даркор нест. Мо бояд шукронаи давлати имрӯзаро кунем, ки чизи гумшударо пайдо кардем. Вақт мушкилоти моро ҳал кард, фақат тоқат лозим. Ман соҳиби 3 фарзанд ҳастам. То ҳол давлат ба ман хона тақдим накардааст. Хонае, ки ман ҳоло дар он иқомат мекунам, хонаи донишҷӯиям ва тӯҳфа аз дасти тағои соҳибкорам аст. Ва сад бор шукронаи истиқлол ки бо маоши 1 ҳазору 850 сомонӣ зиндагӣ мекунам. Аммо имрӯз баъзе ҷавонон бо эътирози надоштани манзили зист ба ман муроҷиат мекунанд, ман наметавонам ба ҳамаи онҳо кӯмак кунам. Албатта  шабҳо ранҷи онро мекашам, ки боз ба як шаҳрванди тоҷик кӯмак кардан натавонистам. Вале шукри Истиқлоли ватанро кардан лозим аст ва тамоми мушкилоти мо ҳал мешавад, бовар кунед.

Сарвари ҷавонони кишвар дар ҳоле аз шароити мусоиди ҷавонон ва шукргузорӣ мегӯяду аз ҳалшавии мушкилот ҳарф мезанад, ки ҷавонони бистсолаи оғози истиқлол имрӯз чилсола шуданд. Ҳоло суол ин аст, ки ин чилсолаҳои бехонаву ҷой бекору мардикор чанд даҳсолаи дигар бояд интизор бошанду шукргузорӣ кунанд?  Ва оё бистсолаҳои имрӯз ба умеди фардо чилсола нахоҳанд шуд???{jathumbnail off}

Ҷамила Мирбозхонова

 

Мӯҳр
На, аробаи давлатро Хукумат мекашад, чавонон худи хамин ароба хастанд....

рохгузар
РаисиКумита хеле дуруст ва бамаврид гуфтаасту лекин каме сахв.... Вокеан, аксар чавонони точик дар бозорхои РОССИЯ аробакаши менамоянд.

Аробаи давлатро хамон чавононе пеш мебаранд, ки холо падархояшон бурдаистодаанд. Мебахшед он АРОБАКАШОН фарзандони АРОБАБАРОНАНД. НА ЧАВОНОНИ ОДДИ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)