Бахшҳо
06 авг 2011 06:24Дидгоҳи хос

Иқтидор

Чанд рўз аст, ки ин эҳсос азобам медиҳад.

Аз бозе, ки бо чашмони худ он манзараро дидам, гўӣ як тори нозуке дар ниҳодам канда шуд. Дар асл хеле аз шинохтҳо бар асоси муқоиса сурат мегирад. Вале ба ҳеч ваҷҳ розӣ набудаму нестам, ки эҳсоси қудрат ва ифтихори мардумамро дар муқоиса бо дигарон бишносам. Ин  дар ҳолест, ки аз ҳақиқату воқеият, ба ҷуз худфиребӣ, дигар ҷойи гурез нест.
Шояд чанд сол аст, ки мехостам ба тамошои Чоркўҳ, ин деҳае бо вижагиҳои нотакрор, биравам. Бозии қисмат тавре буда, ки ин хоста ҳеч бароварда намешуд, ҳарчанд соле ду-се бор ба он сўи ағба сафар доштаам. Ман Чоркўҳро надида қиссаву ҳикояҳои зиёде дар бораи мардуми заҳматкаши он шунида будам ва хеле аз аҳолии ин русторо нодида ба хубӣ мешинохтам. Гузашта аз ин Чоркўҳ- ин дуввумун деҳаи бузург дар кишвар солҳост, ки ҳар аз чанд гоҳе дар сархати ахбори расонаҳо қарор мегирад. Албатта ҷои таассуф дорад, ки чанд соли ахир ин ахбор ба боздошти ҷавононе, ки ба гурўҳҳои ифротӣ, назири Ҳаракати исломии Узбакистон, пайвастаанд, иртибот мегирад. Гуфтам, ки ин русто вижагиҳои нотакрор дорад ва шояд сари сўҳбати дигаре дар ин бора бинвисам. Аммо ҳоло ҳамин  миқдор зикр кардан кофист, ки мардуми он сахт пойбанди суннатҳо ҳастанд ва аксари ин суннатҳо бар пояи таълимоти дини мубини ислом аст. Ва як мушоҳида: вақте навраси тахмин 10-12 сола дучархасавор аз назди мо мегузашту чархи пеши саворияш ба санге бурхўрду таодул гум кард, ба таври табиӣ нидо кард: "Ё Аллоҳ!" Шояд ҷои дигар аз гўшаи кишвар дар чунин ҳолат нидои дигаргуна шунида мешуд, вале фарҳанги суннатии ин мардум, ки реша дар таълимоти ислом дорад, омўзаҳои дигаргуна доштаву дорад...
Як вижагии дигари ин гўшае аз ватан он аст, ки раванди ташаккули зиндагии рустоӣ ба шаҳрӣ ба таври табиӣ ҷараён дорад. Азбас шумори аҳолӣ зиёд асту мисли ҳар гўшаи дигари ин сарзамини камзамин, балки бештар аз ҳар гўшаи дигар, камбуди замин эҳсос мешавад, соҳиби як пора замин шудан яке аз мушкилоти бузурги ҳар ҷавону волидайн дар Чоркўҳ мебошад. Ҳарчанд ин воқеият сари ҳар қадам мушоҳида мешавад, аммо боз меъмории ин русто ва кўчаву паскўчаҳои он бўи Бухорову Самарқанд дар чанд даҳаи пешро дорад. Камзаминӣ мардумро барои дарёфти рўзӣ аз роҳҳи мухталиф талқин карда ва ҳамакнун даҳҳо чоркўҳиро метавон мисол зад, ки берун аз Тоҷикистон ҳам сарвати зиёдеро соҳибанду эҳтироми дигаронро сазовор гаштаанд.Аммо сухани манн аз падидаи дигар буд. Дар паҳлўи Чоркўҳ  деҳаи Шахча ҷойгир аст, ки таи чанд даҳаи ахир бунёд шудааст. Ин деҳа ба вилояти Бодканди Қирғизистон тааллуқ дошта ва аҳолияш назди 150 хонавода ва ҳама қирғиз мебошанд. Қаблан хеле аз бачаҳои ин мардум дар мактаби тоҷикӣ дар Чоркўҳ мехондаанд, аммо ҳоло мактаби қирғизӣ доранд. Ҳукумати қирғизҳо сармояи зиёде харҷ карда то мардуми ин русто эҳсоси қудрат кунанд. Кўчаҳои рустоҳои тоҷик дар ҳолати вайрона қарор дорад, аммо кўчаи ин рустои қирғизӣ чунон мумфарш шуда, ки роҳи пулакии IRS ҳам шояд аз назари сифат ба он баробар набошад. Дар як сухан масъулини қирғиз дарк кардаанд, ки дар таҳкими марз ва ифтихори миллӣ пеш аз ҳама бояд шароити рифоҳи мардумро фароҳам овард. Вақте шаҳрванд эҳсоси пуштибон доштан, таъмин будан мекунад, ҳатман дар баробари дигарон эҳсоси қудрат хоҳад кард. Беш аз ин таҳкими марз- нишони қудрати давлат ва ободиву рифоҳи рустоҳои марзӣ нишони иқтидори кишвар ҳастанд. Ё не?

Зафари Сўфӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)