Бахшҳо
07 июл 2011 12:29Гузориш

«Садо»-и «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон»

Ноқаноатмандиҳои иҷтимоиву сиёсӣ нафарони зиёдро аз зиндагӣ дилсард мекунад ва  агар бархе ноогоҳона ба узвияти гурӯҳҳои ифротӣ бипайванданд, дигарон ҳадафмандона ба ин кор ҷалб мешаванд ва пайравонро аз думболи хеш мебаранд.



Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд аз боздошти чор  узви «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» дар ноҳияи Исфара иттилоъ медиҳад. Тавре дар ин идора ба хабаргузории «Озодагон» гуфтанд, ба хотири халал нарасонидан ба раванди тафтишоти қазия исми эшон ифшо намегардад. Манбаъ афзуд, «онҳо аъзоёни аршади созмони табушудаи «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» буда, қасд доштаанд, алайҳи кормандони мақомоти қудратӣ амалҳои террористӣ бо роҳи ҷиҳод ва худкушӣ анҷом диҳанд.  
Кормандони милиса мегӯянд, нафарони боздоштшуда, ба гумони узвият дар ташкилоти «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» тайи чанд вақт боз таҳти пайгард қарор доштанд. Феълан, дар қиболи дастгиршудагон парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтиши қазия идома дорад.

Омори нигаронкунанда
Мақомоти интизомии вилояти Суғд дар ҳоле аз боздошти чор  аъзои «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» иттилоъ медиҳанд, ки ҳодисаҳои гароиши ҷавонон ба созмонҳои тундрави мазҳабӣ  дар ин охирҳо дар қаламрави минтақа афзоиш меёбад. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ аз аввали соли равон то имрӯз ҳудуди 15- нафар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ғайриқонунии тундрав дар вилояти Суғд мавриди боздошт қарор гирифтаанд.
Ағлаби сокинони шимоли Тоҷикистон низ иддао доранд, ки ҳадди аққал дар ин авохир дар бораи фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро чизе шунидаанд. Пайрав, як сокини Хуҷанд мегӯяд, ки аз рӯи шунидаш ҷавонҳое, ки аз шароити номусоиди кор ва бепулӣ азият мекашанд, бо таблиғоти ин гурӯҳҳо фирефта мешаванд. «Дар навоҳии дурдасти вилоят, дар қишлоқҷойҳо, ки муҳит танг аст, тафаккури онҳо низ то ҳол рушд накардааст, онҳо  ба ин зуд бовар мекунанд. Ман шахсан аз фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир» солиёни қабл бохабар будам, ки онҳо масъалаҳои исломро дар пеш гузошта мехоҳанд, ки бар зидди давлат садо баланд кунанд»,- меафзояд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ, перомуни ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ба маҳкама кашидани онҳо  назарҳои мухталиф доранд. Донишвари Мирзо, як таҳлилгари ҷавон мегӯяд, адами шароити озоди зист ва ҳам сатҳи пасти маърифати ҷавонон, ки онҳоро ғарқи мушкилот гардонидааст, ноилоҷ эшонро ба доми гурӯҳҳое мепартояд, ки аз ҷониби давлат  ғайриқонунӣ маҳсуб дониста шудаанд. Мирзо афзуд,  
«омилҳои гаравидани ҷавонони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гуногун аст. Масалан, набуди  шароити озоди зист, дигар ин ки дар сатҳи баланд ташкил накардани кори мадрасаҳои динӣ, омӯхтани улуми динӣ ҳам боис мегардад, ки ҷавонон ба ин гурӯҳҳо бираванд».
Иддае аз коршиносон ҳам  мегӯяд, ки ин ҷо мушкил боз ҳам дар зарфиятҳои нокомили давлат дар таъмини сокинонаш бо кору зиндагии шоиста аст, ки натиҷааш афзоиши сафи бекорон аст. Ноқаноатмандиҳои иҷтимоиву сиёсӣ мегӯянд онҳо, нафарони зиёдро аз зиндагӣ дилсард мекунад ва агар бархе ноогоҳона ба узвияти гурӯҳҳои даъваткунанда ба сарнагун кардани давлати дунявӣ ҷалб шаванд, дигарҳо баръакс бо иродаи қавиву ҳадафмандона ба ин кор ҷалб шуда, боз пайравони дигарро ба сафи худ ҷалб мекунанд. Дар натиҷа, сарнавишти наврасону ҷавонҳои зиёди гумроҳ  ҳам таҳти хатар мемонад.

Чаро чунин шуд?
Боздошти чор тан аз сокинони Исфара танҳо ягона  ҳодисаи  боздошти сокинон  ба хотири пайвастан ба  гурӯҳҳои ифротгароӣ  набуда, балки дар соли сипаришудаи 2009  дар қатори чанд нафар аз сокинони  шаҳри Исафара як хонандаи мактаб ҳам  бо исми Насибуллоҳи Зобирзода, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидааст, барои  пайвандонаш, ки аз чашми мақомот ғоиб ба сар мебурданд, бо расонидани ғизову дигар муҳимот мусоидат кардааст, мавриди боздошт ва ба чанд соли зиндон равона карда шудааст.  
Ва ин дар ҳолест, ки дар гузашта Исфараву Истаравшан ва шаҳри Хуҷанд аз шаҳрҳои саноатии Суғд маҳсуб мешуданд, вале ҳоло  дар омори мақомотҳои давлатии Тоҷикистон, минтақаҳое унвон мешаванд, ки масоили гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, ё ба истилоҳ экстремистӣ бештар мушоҳида мешавад. Чунин раванд, аз тамоюли нави ҷинояткории сокинон, хоса ҷавонон  дар солҳои охир  ба шумор рафта ва дар минтақаҳои саноии умдаи  Тоҷикистон дар Исфараю Истаравшан ва Хуҷанд  бештар ба назар мерасад.
Қамари Аҳрор, Хуҷанд


{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)