Бахшҳо
20 янв 2012 10:30Дидгоҳи хос

Хонавода

Аммо вақте ин мафҳум моҳияти сиёсӣ ба худ мегирад арзишҳояш ва муносибат ба он комилан тағйир меёбад.

Дар ҷомеаҳое, ки мисли Тоҷикистон суннатӣ аст, хонавода як унсури муҳим ва нигоҳдорандаи арзишҳои ахлоқӣ ва отифӣ мебошад. Шояд дар имрӯзи ҷаҳон яке аз фарқияти асосии ҷомеаи мо бо ҷомеаи фардгарои ғарбӣ дар ҳамин пойбандии мо ба усулҳои ҷамъгароӣ бошад. Албатта намешавад иддао кард, ки ҳама пойбанд ба усули хонаводасолорӣ ҳастанд, вале ҷои хушҳолӣ дорад, ки ҳамчунон ҷонибдорони ин усул аксариятро ташкил медиҳанд. Гузашта аз ин ҳама арзишҳо ва меъёрҳои ахлокӣ дар хонаводаҳои суннатбар дар пояи дини он ҷомеа шакл гирифтааст. Аз ин назар метавон таъкид кард, ки суннатҳои хонаводаи мо бар пояи меъёру арзишҳои исломист ва ҳатто онҳое ҳам, ки аз таълимоти ислом огоҳии ончунонӣ надоранд, кунишу вокунишҳояшон бар мабнои арзишҳои исломӣ сурат мегирад. Хонавода дар ҷомеаҳои суннатии шарқӣ як падидаи иҷтимоӣ маҳсуб мешавад ва дар асли худ як арзиш аст. Ҳамеша дар навъи бархурд бо падидаи хонавода омилҳои мухталиф амсоли тарбия, ҷанбаҳои равонӣ, шароити зист ва ғайра таъсиргузор будаву ҳаст. Аммо вақте ин мафҳум моҳияти сиёсӣ ба худ мегирад арзишҳояш ва муносибат ба он комилан тағйир меёбад.
Таи чанд даҳаи ахир дар фазои сиёсии кишварҳои ҷаҳон хонавода ба шакли як падидаи муҳим дар ҳоли қудратнамоист. Албатта собиқаи ҳукумат кардани хонаводаҳо дар ин ё он кишвар решаҳои тӯлонии таърихӣ дорад ва дар шарқ ба даврони амириву шоҳигариву хонӣ мерасад. Дар асли худ наметавон ин падидаро чун зуҳуроти манфӣ арзёбӣ намуд, агар он бар мабнои меъёру қонун бошад, яъне қонун иҷозаи меросӣ шудани ҳокимияти ин ё он хонаводаро таъин ва тазмин бикунад. Аммо бо иддаои низоми демократӣ талош барои мероскардани ҳокимият барои ин ё он хонаводаро наметавон падидаи мусбат хонд. Дар Амрико, ки иддаои демократияаш ба қавле гӯши фалакро ба дод оварда, чунин амр низ сурат пазируфта ва шояд таърихи инсоният рӯзи ба сари қудрат омадану амалҳои Ҷорҷ Буши хурдиро, ки боиси бадбахтиву сияҳрӯзии миллионҳо инсон шуд, ҳеч гоҳ фаромӯш накунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ қудратро аз падараш ба мерос нагирифта буд.
Дар Ҷумҳурии демократӣ-мардумии Корея аввал Ким Ир Сен баъди писараш Ким Чен Ир ва ҳоло набераи 29 солааш Ким Чен Ын ба арикаи қудрат такя задаанд. Агар низмоӣ подшоҳӣ буд, ҳеч ҳарфе набуд. Аз сӯи дигар шояд ин муҳим нест, ки дар сари қудрат чи касе меояд. Муҳим фаъолияти ӯро мардум чи гуна арзёбӣ мекунанд.
Дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳокимият ба маънои аслии ин калима дар ҳоли меросӣ шудан қарор дорад. Шахсони аввал дар ин кишварҳо ё аз хонаводаи худ, яъне фарзандони худ, ё аз байни наздикони худ барои мансаби раиси ҷумҳур ҷойгузин интисобу омода мекунанд.
Дар ин миён вазирону руасои ниҳодҳои дигар низ ба дунболи мероси кардани он мансабе талош доранд, ки ҳамакнун дар ихтиёри худ, бале дар ихтиёри худ, гирифтаанд. Таъкиди мо бар ин навъи ҳукумат беҳуда нест. Зеро мушоҳида мешавад, ки таъин ё интихоб шудан ба ин ё он вазифаро дигар ба сифати василае барои ошкор кардани истеъдоду тавоноии худ дар ростои хидмат ба мардум арзёбӣ намекунанд. Мансаб барои ҳар чи бештар  ҷамъ овардани сарват василае беш нест. Агар чунин набуд бо он  музди моҳонае, ки вазирону раисон мегиранд, ба ҳеч ваҷҳ наметавонистанд дорои кушку қаср ва мошинҳои гаронарзиши хориҷӣ бишаванд. Шояд ин дороиҳо ба номи онҳо сабт нашуда, аммо хешу табор ва маъшуқаҳои онҳо расман соҳиби ин дороиҳо ҳастанд. Ҳамин маврид аст, ки падидаи хонавода ба унвони як омили манфӣ, саҳеҳтар бигӯем василае барои амалҳои манфӣ зуҳур мекунад. Мутаассифона чашмгуруснаӣ ва худхоҳии чанд тан боиси тағйири арзиш кардан ва арзёбии дигаргуна ва то ҷое манфӣ аз ин падидаи созанда ба номи хонавода мегардад.
Сухан кутоҳ ба назар мерасад мафҳуми сиёсӣ гирифтани хонавода моҳияти арзишӣ ва қадосати онро зери суол мебарад. Шояд талдоши ин ё он падари хонавода ва атрофиёни ӯ барои меросӣ кардани ҳокимият аз сӯи онҳо чун амри табиӣ пазируфта шавад, аммо тамоми таърихи инсоният собит мекунад, ки ҳокимияти хонаводаҳо фақат мояи ақибмондагӣ, сияҳрӯзӣ ва нооромиҳо будааст. Роқими ин ҳарфҳо бо чашмони худ дид, ки ба сари дороиҳои хонаводаи Қурмонбек Боқиев чиҳо омадааст. Кушкҳои нимасӯхтаи ин хонавода ҳамчунон боқист ва ду бонки писари ӯ моли мардум шудааст. ҳеч кас наметавонад кафолат бидиҳад, ки чунин ҳолу рӯз ба сари хонаводаҳои дигаре, ки ҳукуматрову дороиҳои як кишварро меросӣ кардан мехоҳанд, нахоҳад омад.
Як ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки ҳамеша на бар мабнои таблиғу бузургнамоии ин ё он воситаву ниҳодҳои таблиғотӣ, балки бар мабнои амалҳо ва фаъолияти ашхоси мансабдор бояд барои фардо натиҷагириву тасмимгирӣ бишавад. Бояд муҳимтарин меъёр ва усул ин бошад, ки хонавода ба унвони падидаи сиёсӣ ба таври тамомаёр дар хидмати мардум бошад, агар як зарра талоше барои дар хидмати хонавода қарор додани мардум сурат пазируфта бошад, пас бояд ин хонаводаро аз арикаи қудрат дур кард. Ҳоло барои амалӣ шудани ин амр роҳҳои зиёде вуҷуд дорад, мисли ислоҳи қонуни асосӣ, тағйир додани низом ва он ҳам бо роҳҳои гуногун. Мардум набояд хидматгузор бошад, балки мансабдорон бояд хидматгузори мардум бошанд.

Зафари Суфӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)