Бахшҳо
21 апр 2012 06:44Дидгоҳи хос

Фишор

Ба ростӣ инҷониб таҳти фишор қарор гирифтани ҳукуматро ҳеч эҳсос намекунам ва дар паяш ҳам нестам. Барои ман ҳамеша мардум муҳим будаву ҳаст. Аз ин назар ҳама гуна фишор болои мардуми кишвар тамоми вуҷудамро ба дард меоварад.

 


Чанд муддат аст, ки ҳатто шунидан ва ё ба ёд овардани ин вожа озорам медиҳад. Шояд ба ин хотир аст,  ки таи ин муддат аз ҳар сӯ таҳти фишор қарор доштем. Албатта хеле аз фишорҳое ҳаст, ки пеши ину он ва ба вижа аз тариқи расона гуфтанаш мушкилоти зиёдтареро ба дунбол меорад. Ҷои таассуф дорад, ки ин авохир бештарин мавриди интихоби мо сиёсӣ шуда, яъне ду гузинае бештар надорем: бад ё бадтар?! Мутаассифона ин таври интихоб барои инсонҳое мисли ман ормонгаро фишори пайвастаи руҳӣ ба бор меорад. Мо бар ин боварем, ки интихоб бояд байни хубу бад бошад, вале расми ин ҷаҳон зоҳиран таври дигар аст ва ҳеч намехоҳад ба коми мову дилхоҳи мо тағйир хӯрад. Дар зимн, дар мавриди тағйир бидуни шак ин ваъдаи Худованд беҳтарину бузургтарин ҳикмат аст, ки фармуд: тағйир нахоҳем дод вазъи ҳеч қавмеро, магар худи онҳо хоҳони ин тағйир бошанд. Намедонам, шояд мо зиёд ва ҳадди ақал ба андозаи лозим хоҳони тағйир нестем?

Ба ҳар сурат таи ин чанд муддати ахир аз ҳар сӯ ва аз ҳар назар таҳти фишор қарор дорему доштам. Ба сифати ҷомеаи як кишвар таи чанд муддати ахир дар доираву мунҷалоби бозиҳои геополитикии қудратҳои фароминтақаиву минтақаӣ қарор гирифта дар панҷаи мармузу малмуси бозиҳои онҳо гирифтори фишорем. Худо шоҳид, ки мисли идеологҳои ноуҳдабаро айбро аз берун ҷуставу маҳофили дохилиро бегуноҳ нишон доданӣ нестам. Мехоҳам ба қавле аз кул ба ҷуз биравам. Хуллас, қудратҳои фароминтақаӣ дар минтақаи мо ва манотиқи атрофи мо ба дунболи таъмини манфиатҳояшон, ки дар аксари маворид номашруъ мебошад, манфиатҳои моро нодида мегиранд. Ҳукумати мо ҳам, новобаста аз иддаоҳои идеологҳояш, дар баробари ин бозии қудратҳо барномаи мушаххас надорад ва гузашта аз ин ба назар мерасад дар ин бозиҳо мо ба ҳеч ваҷҳ бозигар нестем ва агар битавонем ҳадди ақал бозича набошем хеле қаҳрамонӣ кардаем.
Агар ошкортар бигӯям аз он гӯшаи дунё Амрико барои таъсиргузорӣ дар минтақаи мову атрофи он барномарезиҳо дорад ва дар ин наздиктар Русия, ҳарчанд хеле ошкор намекунад, барномаҳое барои хунсо кардани таъсири ин абарқудрат роҳандозӣ кардааст.  Аз сӯи дигар Чин, Ҳинд ва Эрон низ ба дунболи манофеъи хеш ҳастанд. Дар ин миён мо агар бихоҳем ба сифати бозигар вориди ин майдони кашокашҳои ошкору ниҳон бишавем, ки гоҳе чунин кардем, фишори ҳамаҷониба бештар мешавад, ки кам не.
Дар ҳамин ҳол ҳамсоякишвар бо баҳонаҳои гуногун ба мо фишор ворид кардан мехоҳад, яъне гоҳ роҳамонро мебандад ва гоҳ онро пурра хароб мекунад. Гоҳ интиқоли газро қатъ мекунад. Албатта аз як назар ин ҳама шояд тавҷеҳи қонунӣ дошта бошад, вале чаро ҳар гоҳ масъалаи фурӯхтани об аз сӯ мо матраҳ мешавад, онро чун талош барои фишор арзёбӣ мекунанд?

Ба ростӣ инҷониб таҳти фишор қарор гирифтани ҳукуматро ҳеч эҳсос намекунам ва дар паяш ҳам нестам. Барои ман ҳамеша мардум муҳим будаву ҳаст. Аз ин назар ҳама гуна фишор болои мардуми кишвар тамоми вуҷудамро ба дард меоварад. Дар ҳамин ҳол таи як ҳафтаи ахир аз сӯи бархе мақомдорон ба сифати масъули як нашрия низ таҳти фишор қарор гирифтан боз як таҳрике барои навиштани ин сатрҳо шуд.

Чанд рӯз қабл аз тариқи телефон нафаре худро Маликов ва масъули шаҳрдорӣ муаррифӣ карду дар робита ба ишораи як коршиносе дар як матлаб моро чунон истинтоқ кард, ки гӯӣ як умр қарздораш бошем. Ҳарчанд мегуфтам, ки агар фикре дореду далеле бинвисед мо ба нашр мерасонем, ӯ ба ҷуз ҳарфҳои носазо дар ҳақи коршиносу муаллифи матлаб ва таърифи худаш чизи бадардбихӯре нагуфт. Ҳоло намедонам ин ба шаҳрдорӣ иртибот дошт ё ташаббуси худи ин ҷаноб буд, аммо чун шахси масъул сӯхбат кардани ӯ дар назари мо шаҳрдориро чун ниҳоди фишоровар ҷилва дод.
Мо дар баробари фишорҳои берун албатта метавонем бо барномарезии дуруст ва ҳисобшуда муқовимат нишон диҳем ва нагузорем манофеи миллӣ ба хатар рӯ ба рӯ шавад. Ин ҷо агар ҳукумат ба мардум такя кунаду бикӯшад, ки мардумӣ шавад, ҳеч фишоре боиси шикаст нахоҳад шуд. Вале ин фишорҳои дохилӣ барои чи бошад? Оё фикр мекунанд мо ба ин ҳад тарсуем?


Зафари Сӯфӣ
Мӯҳр
Хабарҳои монанд:
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)